ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВОХӮРӢ ДАР ҚОЛАБИ «СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ  ПЛЮС»

ВОХӮРӢ ДАР ҚОЛАБИ «СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ  ПЛЮС»

05 июл 2024, Ҷумъа
14
0
4-уми июл дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ дар қолаби «Созмони ҳамкории Шанхай плюс» дар мавзуи «Таҳкими муколамаи бисёрҷониба – талошҳо барои сулҳ ва рушди устувор» иштирок карданд.
 
Сарвари давлат зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Созмони ҳамкории Шанхай ба сохтори бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфта, дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши назаррас дорад. Зикр шуд, ки Созмон дар ҳифзи суботу амният дар минтақаи масъулияти худ, рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва густариши муколамаи фарҳангу тамаддунҳо саҳми муносиб мегузорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидгоҳи Тоҷикистонро дар масъалаи тавсеаи минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба бо давлатҳои нозир, шарикони муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай ва созмонҳои шарики байналмилалӣ баён намуданд.
Сарвари давлат бо таъкиди афзоиши муттасили муомилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои «оилаи Созмони ҳамкории Шанхай», пешниҳод намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси муштарак бо ҷалби иқтидори давлатҳои нозир ва шарикон дар соҳаи технологияҳои олӣ, инноватсияву зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ оғоз шавад. Ҳамчунин, зарурати ҷалби фаъолонаи давлатҳои нозир ва шарикони муколама ба фаъолияти Шурои тиҷоратии Созмони ҳамкории Шанхай ва Ассотсиатсияи байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай қайд шуд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки иқтидори ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика боз ҳам самаранок истифода гардад ва аз кишварҳои «оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» даъват ба амал оварданд, ки ба Созишнома оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ҳамроҳ шаванд.
Сарвари давлат аз захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ёдовар шуда,  дар самти азхудкунии муштараки онҳо ба ҳамкории судманд бо шарикон аз кишварҳои аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай омодагии хешро изҳор доштанд.
Президенти кишвар аз афзоиши талошҳои муштарак дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ ҷонибдорӣ карда, даъват намуданд, ки кишварҳои узви Созмон ба чорабиниҳои лоиҳаи «Пойтахти фарҳангӣ ва сайёҳии Созмони ҳамкории Шанхай», ки ду сол пеш оғоз ёфта буд, ҳамроҳ гарданд.
Дар суханронии Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат ба чолишҳои нав ва таҳдидҳои амниятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гашт. Зарурати идомаи таҷрибаи даъвати нозирон ва шарикони муколама ба машқу тамринҳои зиддитеррористӣ ва амалиёти зидди маводи мухаддир, ки таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории Шанхай гузаронда мешаванд, таъкид шуд.
Дар фарҷом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки вохӯрӣ дар қолаби «Созмони ҳамкории Шанхай плюс» барои ба сатҳи нави рушди мутобиқ ба талаботи замон баровардани ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай майдони муфид мегардад.
Дар саммит, инчунин, сарварони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Ҳиндустон ширкат варзиданд. 
Барои иштирок дар ҷаласа сарварони давлатҳои нозири СҲШ – Ҷумҳурии Беларус ва Муғулистон, ба ҳайси меҳмонони ҷониби раисикунандаи Созмон – сарварони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қатар, Ҷумҳурии Туркия, Туркманистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Дабири кулли СММ ва роҳбарони сохторҳои иҷроияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони исломии амнияти озуқаворӣ даъват шуда буданд.
Санаи нашр: 05.07.2024 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив