ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. НАЗАРЕ БА НИЗОМИ МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНА

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. НАЗАРЕ БА НИЗОМИ МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНА

05 июл 2024, Ҷумъа
34
0
Рушди муносибатҳои дӯстона ва тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, айни ҳол равобити ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя дар сатҳи баланд қарор дорад. Фазои кунунии муносиботи ҳасана нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҷойгоҳи намоёни Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва нақши калидии он дар таъмини суботи минтақа эҳтиром мегузорад. Аз ҳамин дидгоҳ, ин қудрати ҷаҳонӣ ҳам ба рушди муносиботи дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишвари мо ҳавасмандӣ зоҳир намуда, маҳз бо иродаи ду ҷониб ҳоло Тоҷикистону Чин марзи шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ – болотарин сатҳ дар низоми муносибатҳои байнидавлатиро фатҳ намуда, аз тамоми имкону захираҳои ҳамкорӣ самаранок истифода мекунанд.
Айни замон, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва яке аз бузургтарин сармоягузорони иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, ба манзури тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ амал мекунад. Зимнан, аз оғози робитаҳои дипломатӣ (4-уми январи соли 1992) заминаи меъёрии ҳуқуқии муносиботи ду кишварро зиёда аз 200 санади ҳамкорӣ ташкил дода, тарафҳо дар иҷрои созишномаҳо иродаи устувор нишон медиҳанд. 
Нуқтаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки маҳз сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва роҳбарони ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фароҳам намудани заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳо нақши асосӣ гузоштаанд.
Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 сафари расмӣ, давлатӣ ва корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом дода роҳбарони ин кишвар низ бо чунин сафарҳо (солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2023) ба Тоҷикистон омаданд, ки санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷараёни боздиди сарварони давлатҳо ба кишварҳои ҳамдигар имзо шудаанд. Зимнан, бояд гуфт, ки масири ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи нахустин сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар моҳи марти соли 1993 тарҳу заминагузорӣ шуданд. Моҳи августи соли 2017 бошад, зимни сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо натиҷагирӣ аз ҷараёни ин сафари таърихӣ ва санадҳои баимзорасида, сатҳи ҳамкориҳо то шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шуд.
Қобили зикр аст, ҳоло Чин дар иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Дар байни онҳо лоиҳаҳои навсозӣ ва сохтмони роҳҳо, пулҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ мавҷуданд, ки ба муттаҳид шудани тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, таъмини ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ва мусофирбар дар тамоми сол мусоидат мекунанд. 
Моҳи сентябри соли 2022 Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, зимни як мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон итминон дода буд, ки Чин ҳамсояи хуб, дӯсти боэътимод ва шарики вафодори Тоҷикистон буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд.
Тавре зикр намудем, Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Марзи муштарак ва иқтидорҳои фаровони захираҳои табиӣ омили асосӣ дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ба шумор мераванд. Нишондиҳандаҳои гардиши савдо дар зарфи 31 соли гузашта, дар масири шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ аз суръати баланди рушди он гувоҳӣ медиҳад. Масалан, агар соли 1993 ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон ва Чин ба 8,9 миллион доллари ИМА баробар бошад, соли 2022 гардиши савдои мутақобила миёни Тоҷикистон ва Чин 1 210 млн долларро ташкил дод. 
Ҳамкориҳои самарабахши ду кишвар дар соҳаи саноат ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ низ қобили тавсиф буда, феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои муштарак фаъолият карда, дар пешравии иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Яке аз чунин корхонаҳои муваффақ ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» мебошад, ки бо сармояи оинномавии 30 миллион доллари ИМА дар заминаи «Идораи маъдани Олтин-Топкан», воқеъ дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистони вилояти Суғд рӯи кор омадааст. Сармоягузорони чинӣ аз Ширкати бузурги «Тибет Эверест» бо ҷалби мутахассисону воридсозии хатти нави технологӣ, барқарорсозии конҳои аз баҳрабардорӣ дурмонда ва бунёди фабрикаи ғанигардонии маъдан соли 2008 ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ҳоло дар корхонаи азими саноатӣ 4 ҳазор нафар мутахассиси тоҷику чинӣ бо таносуби 70 бар 30 дарсад бо кори доимиву маоши хуб таъмин мебошанд. Агар дар оғози фаъолияти корхона истихроҷи маъдан ҳамагӣ 300 тонна бошад, феълан ин нишондод ба 3,6 миллион тонна дар як сол ва иқтидори бевоситаи тавлидотии сурбу руҳ низ то ба 50 ҳазор тонна дар як сол расидааст.
Доираи васеи ҳамкориҳо бо ин ҳамсояи қудратманд, ки дар таносуби қувваҳои геополитикӣ дар минтақа ва ҷаҳон таъсиргузор аст, танҳо дар соҳаҳои ёдшуда маҳдуд нагардида, балки дар самти маориф ва илму фановарӣ низ тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, дар асоси санадҳои қарордодӣ ҳамкориҳои дуҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд. Солҳост, ки дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон марказҳои илмию фарҳангии «Конфутсий», фаъолият менамоянд, ки дар онҳо хоҳишмандон забон, фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои халқи Чинро меомӯзанд. Гузашта аз ин, дар асоси санадҳои ҳамкорӣ, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курси солонаи забономӯзӣ, зинаҳои бакалавр, магистратура ва аспирантураи (PhD) донишгоҳҳои ин кишвар бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо мешаванд.
Ахиран, ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар низ ба сатҳи сифатан нав баромада, моҳи августи соли 2023 ҳайати нави Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаласаи умумичинии намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шуд. Дар ҳамин ҳол, 20-23-юми августи соли 2023 сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Чин доир гардид, ки натиҷаҳои ин сафари таърихӣ дар раванди рушду тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ғанисозии муҳтавои муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстонаю шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ муҳим дониста мешаванд. 
Тоҷикистону Чин ба унвони шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Милали Муттаҳид, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳамкориҳои судманд доранд ва аз мавқеи ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд. Илова ба ин, тарафҳо дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» ва механизми навтаъсиси «Осиёи Марказӣ – Чин» канори ҳам қарор гирифтаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкориҳо дар доираи «Як камарбанд – як роҳ», ки ин ташаббус соли 2013 аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пешниҳод шуд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Тавре гуфта мешавад, ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» дар худ ду тарҳи бузург – «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» ва «Роҳи абрешими баҳрии асри XXI»-ро муттаҳид мекунад. Ин роҳ ба ташаккули даҳлезҳои энергетикӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик нигаронда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки тарҳи мазкурро ҷонибдорӣ намудааст, зеро ин ташаббус метавонад барои Тоҷикистон манбаи иловагии захираҳои молиявӣ дар роҳи татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои то давраи соли 2030» ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор гардад. 
Нақши Тоҷикистон дар ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» ниҳоят муҳим ва таърихӣ арзёбӣ шуда, кишвари мо ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тавассути ин тарҳ роҳи баромадан ба баҳрро пайдо мекунанд.
Ҳоло роҳи Душанбе – Кулма – Қарақурум то Чин ба тарҳи «Як камарбанд – як роҳ» ҳамроҳ шуда, ҳамчунин, дар доираи ин ташаббус Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад тавассути долони Вахони «Як камарбанд – як роҳ», ки миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ҷойгир шудааст, молу маҳсулоти худро тавассути Покистон ба бандарҳои уқёнуси Ҳинд расонад. Аз тарафи дигар, тариқи ҳамин долон мумкин аст, Тоҷикистон ба воситаи Афғонистону Эрон ба баҳри Миёназамин барояд ва маҳсулоти истеҳсолӣ – канданиҳои зеризаминӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, нахи пахта, дигар номгӯи маводи истеҳсолии худро тавассути ҳамин масир ба Ғарбу Шарқ ва дигар гӯшаҳои ҷаҳон содирот намояд, ки барои рушди иқтисоди миллӣ дорои аҳамияти калон аст.
 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 05.07.2024 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив