ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУБОРАК БОД ИН СОЛУ ҲАМА СОЛ!

МУБОРАК БОД ИН СОЛУ ҲАМА СОЛ!

17 март 2023, Ҷумъа
68
0

 Фаро расидани Иди саиди Наврӯзи соли 1402 – и хуршедӣ ва 2023 - и мелодиро, аз тарафи худ ва ҳамаи эрониён ба мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони тоҷик ва ба ҳамаи мардумоне, ки Иди Наврӯзро гиромӣ медоранд ва онро ҷашн мегиранд, самимона табрику шодбош арз менамоям.

Умедворам, ки ин сол, соли зебоӣ, шукӯҳ, азамату хушбахтӣ ва шодкомӣ бошад.
Имсол хушбахтона, шоҳиди иттифоқоту таҳаввулоти бисёр хубе дар равобити ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон будем ва умедворам, дар партави иродаи мақомоти олӣ, дар соли ҷадид низ, равобити ин ду кишвари тамаддунсоз беш аз пеш тавсеа ёбад.
Наврӯз баҳонае барои меҳрубонӣ ва омиле барои силаи раҳм ва некандешӣ аст. Наврӯз замоне барои таҳаввул ёфтан аст, замоне барои резиши бадиҳо ва замоне барои даст ёфтан ба зеботарин аҳволот аст. Дар Наврӯз кудуратҳо ба фаромӯшӣ супурда мешаванд. Муҳаббатҳо бештар мешаванд. Наврӯз достони зебоест, ки дар он табиат, эҳсос ва ҷомеа ҳар-се даст андаркоранд. Наврӯз ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замину осмон ва Офтобу ҷашни шукуфтанҳо ва шӯр зоданҳо ва саршор аз ҳаяҷони ҳар оғоз. Наврӯз, яъне рӯзи нав дар таърихи башар ва ҳолати нав дар зиндагии инсонҳо.
Наврӯз, рӯзест, ки дар он, замон ба эътидол мерасад, зоишу рӯиш дар табиат оғоз мешавад ва ниёгони мо ба дурустӣ ин рӯзро ба унвони оғози Соли нав номгузорӣ кардаанд. Наврӯз куҳантарин мероси муштараки миллатҳоест, ки ҳазорон сол дар сарзаминҳои паҳноваре аз шарқи Эронзамин то баҳри Миёназамин ва дар канори ҳамдигар зист мекунанд ва ин густураи ҷуғрофиёӣ "ҳавзаи фарҳангии Наврӯз" номида мешавад.
Наврӯзи дилангез тулонитарин "солҷашн"-и ҷаҳон аст. Оғози он аз ҳудуди нимаи замистон оғоз мешавад ва думболаҳояш то нимаи фасли баҳор тул мекашанд.
Баҳор фасли эътидол аст ва Наврӯз нуқтаи авҷи ин эътидол ва ҳосили эътидоли табиат, рӯиш, зоиш, атрафшонӣ, таровату зиндагӣ аст ва ниёгони мо чӣ қадар ҳушмандона нуқтаи авҷи эътидолро оғози соли нави худ интихоб кардаанд. Баҳор мадрасаи бузург ва дарсҳои фаровоне барои мо дорад. Бузургтарин дарси он дарси умед аст.
Рамзи ҳаётии Ҷашни Наврӯз, дар пӯёии он аст ва рамзи пӯёиаш дар такрори офаридани он аст. Наврӯз ба унвони паёмовари сулҳу дӯстӣ метавонад шоҳроҳе барои расидан ба ҳадафи ҳамбастагии миллӣ ва минтақавӣ бошад.
Рози мондагории Наврӯз дар ин аст, ки бо фитрати одамӣ ҳамоҳанг аст ва ба рӯзгори ҳамаи мардумони рӯи Замин муртабит шудааст. Наврӯзи куҳан, ҷашни густураи паҳноварест, ки ҳамгом бо табиат, зиндагӣ ва шодиро барои мардумон ба армуғон меоварад. Дӯстӣ меафшонад ва оштӣ месозаду ҳамдилӣ, ягонагӣ ва якпорчагиро дар миёни мардум мегустаронад.
Дар рӯзгоре, ки бархе ба думболи шуълавар кардани оташи ихтилоф, ҷангу хунрезӣ дар ҷаҳон ҳастанд, ин Наврӯз аст, ки рамзи тавҳидро ёдовар мешавад ва ҳамагонро ба сулҳу ҳамдилӣ фаро мехонад, то биандешанд ба неъматҳое, ки бар суфраи зиндагӣ доранд ва бидонанд, “ки дар офариниш зи як гавҳаранд".
Кӯшиш ва пешгомии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳии соири кишварҳои ҳавзаи Наврӯз барои сабти он дар маҷомеи байналмилалӣ, нишондиҳандаи аҳамияти ин мероси куҳан мебошад, ки мардумони ин кишварҳо рӯзгорони гузашта дар канори ҳам, нигаҳбони фарҳангу тамаддуни худ будаанд.
Он чи мо дар бораи Наврӯз медонем, бештар марбут ба фарҳанги шифоҳӣ аст, ки дар тайи ҳазорон сол ба сурати сина ба сина мунтақил шудааст ва мустанадоти марбут ба Наврӯз дар матнҳои куҳан хеле андак аст ва бештар дар матнҳои мисли осори Абурайҳон Берунӣ ва “Шоҳнома” вуҷуд дорад. Ҷашни Наврӯз, шодии ҳарсола ва муждаи тафоҳуми ҷаҳонӣ ва пайванди фарҳангӣ миёни миллатҳои ҳамсоя ва ё дур аз ҳам аст. Гувоҳиҳои зиёдеро метавон ёфт, ки ҳамин андеша ва зарурати пайванди фарҳангӣ миёни ақвому гурӯҳҳои гуногун дар бунёду асли Ҷашни Наврӯз вуҷуд дорад. Вижагии Наврӯз аз назаргоҳи зоти табиӣ ва аслии он, доштани ваҷҳи тақвимӣ ва ҷаҳонӣ аст, ки ин Ҷашн бо тағйири фасл ва омадани баҳор пас аз зимистон ҳамзамонӣ дорад. Ҷашнҳои баҳорӣ дар саросари ҷаҳон ва дар ҳамаи фарҳангҳои башарӣ вуҷуд доранд, аммо он чи дар ҳавзаи фарҳанги Наврӯз бар ҷашни баҳорӣ афзуда шудааст, вуҷуҳи фарҳангии муштарак аст, ки Наврӯзро ба сурати шоҳкори фарҳангӣ ва саршор аз ҳадияҳои оштӣ ва дӯстӣ ва ғанои руҳонӣ ва адаб дар- меовард. Аз ин манзар, Наврӯз на танҳо ҷашни таҷдиди ҳаёти наботӣ ва гиёҳӣ аст, балки ҷашни таҷдиди одоби дӯстӣ ва зиндагонӣ ва лутфи ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ, ҳаст ва ваҷҳе аст, муштарак миёни мардуме, ки дар густураи паҳновари ин ҳавзаи фарҳангӣ зиндагӣ мекунанд.
Густураи ҷуғрофиёии Наврӯз ва низ қимати чандҳазорсолаи он метавонад ба заминаи муносибе барои ҳамгироии минтақавӣ байни кишварҳо табдил шавад ва дар ин миён дипломатияи фарҳангӣ омили муҳим барои ин ҳамгироӣ аст, чаро, ки Ҷашни Наврӯз бо унвони "дипломатияи Наврӯз" метавонад зарфияти азимеро дар ин замина фароҳам намояд.

Баромад боди субҳу бӯи Наврӯз
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!

Муҳаммадтақӣ СОБИРӢ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 17.03.2023 №: 57 - 58
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив