ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷаласаи муҳим дар Вазорати мудофиа

Ҷаласаи муҳим дар Вазорати мудофиа

18 март 2023, Шанбе
35
0


Дар ҷамъомаде, ки бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи  хизмати  ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 – 2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа, иттилоъ дод, ки дар рафти ҷаласа вазири мудофиа Шералӣ Мирзо изҳор дошт, дар доираи таҳлилу натиҷагирӣ аз чорабиниҳои даъватии соли сипаригашта дар радифи як қатор комёбиву пешравиҳои назаррас, ҳамоно фаъолияти баъзе аз комиссияҳои даъватӣ боиси нигаронӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта масъулони комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, баҳри сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти масъули вобаста, пеш аз ҳама, ҳамкориро бо мардум, ҷавонони синни даъватӣ, волидони онҳо, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар афроди некбини ҷомеа боз ҳам ҷоннок намоянд.


Ба сохтмончиёни НБО «Роғун» барои истироҳат 300 роҳхат ҷудо шуд
Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун»  сафари корӣ анҷом дод. Зимни мулоқот бо сохтмончиён аз ҷониби Федератсия ва ташкилоти ҳамкори он ба кормандони НБО «Роғун» барои истироҳат дар осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ 300 роҳхат ҷудо шуд. Ҳамчунин, ҳамасола фарзандони онҳо барои истироҳат дар лагерҳои беруназшаҳрӣ ҷалб мегарданд. Дар ин хусус аз Федератсия хабар доданд.
Дар доираи сафар меҳмонон аз қитъаҳои сохтмонӣ дидан ва бо сохтмончиён суҳбат карданд. Инчунин, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои сохтмончиён барномаи фарҳангӣ доир гардид.

Лашкар ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 18.03.2023 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив