ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗӮРИ МУШТ АЗ ВАҲДАТИ АНГУШТОН ОЯД БА ДАСТ

ЗӮРИ МУШТ АЗ ВАҲДАТИ АНГУШТОН ОЯД БА ДАСТ

18 март 2023, Шанбе
87
0

 
Таҳлили паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар раванди эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат як нуктаро собит сохт, ки дар меҳвари ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ манфиатҳои инсон ва шаҳрвандон қарор дорад. 
Сарвари давлат дар аввалин паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (30.04.2001) чунин иброз намуда буданд: “Мо ҳоло дар марҳилаи махсуси таърихии худ – давраи гузариш қарор дорем. Яке аз талаботи давраи гузариш ин аст, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин, бо дарназардошти шароити марҳилаи гузариш ва давраҳои минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳои саривақтию ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иқтисодиро ворид намоем”.
Пешвои миллат, махсусан ба ҳокимияти судӣ, ишора намуда, таъкид доштанд, ки адолати том ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи аъзои ҷомеа, муассисаю созмонҳо дар ниҳоят ҳалли худро тавассути мақомоти судӣ меёбанд. Сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафти муносибатҳои бозорӣ маҳз ба фаъолият ва кафолати судӣ эҳтиёҷ доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмҳо аз оқибатҳои даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон содир мегарданд, нигаронӣ карда, баҳри муқовимат ба чунин зуҳуроти хатарнок дидгоҳу назар ва афкору андешаҳои аз лиҳози илмиву амалӣ асосноки хешро баён месозанд. Ҳадаф аз таҳлилҳо ва вазифагузориҳо ба мақомоти дахлдор баҳри ҳифзу таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ мебошад. Зеро дар сурати пайдо шудани ин зуҳуроти номатлуб ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд поймол мешаванд, ки оқибатҳои нангини онро мо дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дида будем.
Ҳамин буд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон (23 декбри соли 2022) чунин иброз намуданд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”.
Бо дарки ин нукот, моро зарур аст, ки барои мубориза бар зидди тамоми зуҳуроти номатлуб аз як гиребон сар барорем, зеро пирӯзии мо дар иттифоқи мост. Ба қавли дигар, “зӯри мушт аз ваҳдати ангуштон ояд ба даст”. Дар ин сурат метавон дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва таъмини ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба дастовардҳои боз ҳам назаррас даст ёфт.

Хусрав ХОЛДОРЗОДА, раиси суди ноҳияи Шаҳритус, 
Фахриддин МЕҲРИДДИНЗОДА, судяи суди ноҳияи Шаҳритус 

Санаи нашр: 18.03.2023 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив