ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҒУН.  БАРГУЗОРИИ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

РОҒУН.  БАРГУЗОРИИ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

18 март 2023, Шанбе
29
0


Ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар миёни мардум суҳбату вохӯриҳо доир гардида истодааст. Аз ҷумла, дар деҳаҳои Чашмаи Кулло ва Қалъаи Нави шаҳри Роғун вохӯрии роҳбарону масъулони шаҳр бо сокинон баргузор гардид.
Дар он раиси шаҳр Сунъатулло Саидзода, сардорони сохторҳои қудратӣ, кормандони бахшу идораҳои назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилони маҳаллӣ ва ҷавонону собиқадорон иштирок намуда, оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омодагӣ ба хидмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ суҳбат оростанд.
Дар мулоқот раиси шаҳр масъалаи корҳои ободониву созандагиро ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода, сари вақт ва бо сифати баланд сохтани иншооти истеҳсолии хусусияти саноатидоштаро таъкид намуд.
Прокурори шаҳри Роғун Хайриддин Қосимзода изҳор дошт, ки мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав сазовор мегарданд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумат, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардум, қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем. Дар такя ба Паём гуфтан зарур аст, ки терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ рӯз ба рӯз меафзоянд ва дар ин раванд пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъ ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш мекунанд. Барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон, аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Ин ҳолат мо, шаҳрвандонро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амнияти мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем, - зикр кард Хайриддин Қосимзода.
Сокинони шаҳр бо бовару дилгармӣ иброз доштанд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кору пайкори зиндагии худ қарор дода, самаранок истифода намудан ва гирифтани як-ду ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон ва хоҷагии деҳқонӣ барои эҳтиёҷоти оилаҳои худ ва дар ғанӣ гардондани бозори истеъмолии кишвар саҳмгузор бошанд.

З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.03.2023 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив