ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАЙЗОБОД.  "АРҶГУЗОРӢ БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ  ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ"

ФАЙЗОБОД.  "АРҶГУЗОРӢ БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ  ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ"

18 март 2023, Шанбе
46
0

Бо ҳамин ном чанде пеш вохӯрии фаъолону роҳбарони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Файзобод баргузор гардид. Дар он Рудобаи Мукаррам, раиси Кумита, Умеда Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Давлатзода, узви Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  ва раиси ноҳия Бобишо Холзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Рудобаи Мукаррам вобаста ба мавзуъҳои пос доштани фарҳанги миллӣ, ҳифзи асолату ҳувият, забон, маданият, таърих, инчунин, эҳё ва гиромидошти анъанаҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои марбута сухан ронд. Ҳамзамон, гуфт, ки дар ҷаҳони имрӯз бо таъсири омилҳои манфии раванди мураккаби ҷаҳонишавӣ фарҳангу тамаддун ва ҳувияту асолати миллии мо зери хатар қарор гирифтааст. Вобаста ба ин, моро мебояд, ки насли навро дар руҳияи ватанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ тарбия намуда, бо ин роҳ бар муқобили ғояҳои манфии ҷаҳонишавӣ қотеона мубориза барем.
Ҳамчунин, Умеда Абдуллозода баён дошт: “Оила яке аз унсурҳои асосии фарҳанги миллии мо ба шумор рафта, нақши он дар тарбияи инсон, ташаккулу шаклгирии маданияти миллӣ ва гиромидошти суннату анъанаҳо бағоят бузург аст”.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат мақому манзалати зан – модар дар ҷомеа дар сатҳи баланд қарор дорад ва занону бонувони тоҷик барои пешрафту инкишофи тамоми соҳаҳо ва, инчунин, ҳифзу гиромидошти одату анъанаҳои миллӣ талошу ирода нишон медиҳанд.
- Халқи тоҷик аз қадим дорои маданияти шаҳрсозиву шаҳрнишинӣ ва фарҳанги баланди маънавӣ буд, аммо бо таъсири равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳоҷуми фарҳангҳои бегона, аз ҷумла санъат, филм, наворҳои ғайриахлоқӣ, либоси бегона, таваҷҷуҳ ба дастовардҳои миллии халқ, коста гардид. 
Хушбахтона, ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва зери ҳидоятҳои Пешвои фарҳангпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои гузаштагони пурифтихорамон бо имрӯз пайванд гардида, халқи тоҷик дубора ба мақоми фарҳангмеҳварӣ сазовор шуд. Аз ин рӯ, ҳар шахси меҳандӯстро зарур аст, ки дар самти тарғиби фарҳанги миллӣ ва ҳифзу гиромидошти асолати он аз хатарҳои ҷаҳони муосир иқдом намояд, - гуфт  Давлаталӣ Давлатзода.
Дар хотимаи чорабинӣ ҷилдҳои силсилакитоби "Ваҳдат, Давлат, Президент" аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаи ноҳия тақдим гардид.

З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.03.2023 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив