ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТЕҒИ ПУРАСРОР» 

«ТЕҒИ ПУРАСРОР» 

18 март 2023, Шанбе
53
0

Бо ин ном чанде пеш тавассути нашриёти «Адиб» дар ҶДММ «Сифат чоп» романи нахустини нависанда, журналисти шинохта, фелетоннависи мумтоз, мудири шуъбаи вақти мактубҳои рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), муаллифи китобҳои «Се унсури сиёсати Эмомалӣ Раҳмон» ва «Пешвои ҳамабин» Ҳабибулло Ёров бо теъдоди 1000 нусха нашр шуд.
Роман аз лаҳзаҳои хеле шавқовари пурмоҷаро моломол буда, бо хислати детективиаш зуд диққати хонандаро ба худ мекашад. Мавзуи асар доманадор асту лаҳзаҳои ҳаёти мардуми тоҷикро аз давраи бунёдшавии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон то барҳамхӯрии СССР – Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ дар бар мегирад. Дар рафти сужети роман қисса андар қиссаҳо рӯ мезананд ва хонандаро ба ҳаёти Тоҷикистон, давраҳои кулаку «душмани халқ» хондани одамони босавод, муллоҳо, китобсӯзониҳо, давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 шинос менамояд. Нависанда аз оғоз то анҷоми китоб аз тарзи зиндагии мардуми Афғонистон, пеш аз ҳама, аз урфу одатҳо, расму русум, анъанаҳои қабилаи кӯчиҳо, маълумоти фаровон медиҳад, ки бисёр аҷибанд. Нуқтаи кулминатсионии асар ба хоки Афғонистон ворид шудани артиши шуравӣ, ҷонбозиҳои сарбозони тоҷик дар мулки ҳамсоя баҳри иҷрои супориши Ватан – СССР, ба ҳисоб меравад. Дар роман лаҳзаҳое тасвир шудаанд, ки Сайёд, қаҳрамони марказӣ, аз хиёнати баъзе афсарони шуравӣ огоҳ мегардад, дилаш ба ҳоли ҷанговарон месӯзад, ки бемақсаде ҷони ҷавони худро аз даст медиҳанд. Оқибат ба хулосае мерасад, ки натиҷаи хиёнатҳо кишвари абарқудрати шуравиро ба шикаст мувоҷеҳ месозад ва, мутаассифона, ҳамин тавр ҳам шуд. 
Китоб барои ҷавонон, алалхусус барои онҳое, ки ба таърихи Тоҷикистону Афғонистон дар солҳои 1920-1990 рағбату таваҷҷуҳ доранд, бисёр муфид буда, маълумоти таърихии фаровонро дар чорчӯбаи асари бадеӣ пешниҳод месозад. 

Қурбон МАДАЛИЕВ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 18.03.2023 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив