ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ОБ МОРО МУТТАҲИД МЕСОЗАД”. ЧОРАБИНИИ КАНОРӢ ДАР НЮ-ЙОРК

“ОБ МОРО МУТТАҲИД МЕСОЗАД”. ЧОРАБИНИИ КАНОРӢ ДАР НЮ-ЙОРК

29 март 2023, Чоршанбе
9
0


21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорабинии канории корӣ зери унвони “Об моро муттаҳид месозад” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинӣ Подшоҳи Нидерланд, Дабири кулли Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Ироқ, Президенти Ботсвана, Президенти Либерия, Президенти Словения, Сарвазири Тувалу, Сарвазири Намибия, Сарвазири Мали, инчунин, роҳбарони ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои СММ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок намуданд.
Намояндаи Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  Лотта Таҳтинен ҳамоишро оғоз карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраиси Конфронси оби СММ, Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем- Александр дод.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳор доштанд, ки имрӯз масъалаи муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об аҳамияти дучанд касб кардааст.
Об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт бо таъсири тағйирёбии  иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, васеъшавии шаҳрҳо ва дигар омилҳои ба он таъсиррасон зери фишори амиқ қарор дорад.
Барои тағйир додани ин тамоюл андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар ҳамаи сатҳҳо зарур мебошад.
Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешбурди мавзуи ҷаҳонии об тавассути ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамдигар бо истифода аз механизмҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли мушкилоти об дар ҳама кишварҳо талошҳои муштарак ба харҷ хоҳад дод.

Санаи нашр: 25.03.2023 №: 63
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив