ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМОИШИ “ТАБДИЛИ ИНСТИТУТҲОИ ИҚТИСОДИИ ГЛОБАЛӢ БА МАНФИАТИ УМУМ: ДАЪВАТ БАРОИ БЕДОРШАВӢ АЗ ҶОНИБИ КОМИССИЯИ ГЛОБАЛӢ ОИД БА ИҚТИСОДИЁТИ ОБ”

ҲАМОИШИ “ТАБДИЛИ ИНСТИТУТҲОИ ИҚТИСОДИИ ГЛОБАЛӢ БА МАНФИАТИ УМУМ: ДАЪВАТ БАРОИ БЕДОРШАВӢ АЗ ҶОНИБИ КОМИССИЯИ ГЛОБАЛӢ ОИД БА ИҚТИСОДИЁТИ ОБ”

29 март 2023, Чоршанбе
9
0


22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”, ки аз тарафи ҳамраиси конфронс – Подшоҳии Нидерланд баргузор гардид, иштирок карданд.

Иштирокчиён  саривақтӣ будани чорабиниро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки вобаста ба вазъи мураккаби захираҳои об зарурати суръатбахшии амалҳо ва  тағйир додани муносибат  ба ин захираҳои бебаҳо пеш омадааст. Таъкид гашт, ки захираҳои об дар рушди иқтисоди кишварҳо  нақши назаррас  доранд ва тавассути он дар  соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла обёрии кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноат, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо, даҳҳо ҳазор  ҷойи корӣ таъсис дода шуда,   ба шуғли аҳолӣ мусоидат карда мешавад.
Бояд гуфт ки 98 фоизи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол гардида, Тоҷикистон дар рушди энергияи сабзи минтақа нақши муассир мегузорад. Дар баробари омилҳои манфиатбор  офатҳои табиии марбут ба рушди иқтисодиёт таъсири ногувор мерасонад. Ба таъкиди коршиносон 70 фоизи ҳолатҳои фавқулода ва 80 фоизи талафоти иқтисодӣ ба омилҳои монанд ба офатҳои табиии марбут ба об иртибот доранд. Дар солҳои гуногун зарар аз офатҳои табиии марбут ба об 8-9 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки чунин ҳолат на танҳо хоси Тоҷикистон, балки хоси дигар давлатҳо, хусусан давлатҳои рӯ ба рушд, мебошад.
Дар чорабинӣ  сиёсигардонии масъалаи об ҳамчун мавзуи муҳим таъкид гардид ва бо назардошти он такмили  сиёсат ва тарҳрезии стратегияву барномаҳои рушд, тадбири муассир арзёбӣ карда шуд.
Изҳори бовар шуд, ки натиҷаҳои конфронси имрӯза доир ба масъалаҳои об ба дарки амиқи муҳимияти об ва идораи оқилонаи он мусоидат менамояд.
Иштирокчиёни чорабинӣ  муҳимияти ҷалби  таваҷҷуҳи махсусро ба  маҷмуи масъалаҳои марбут ба об таъкид карданд.

Санаи нашр: 25.03.2023 №: 63
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив