ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҚТИБОСҲО АЗ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОНФРОНСИ ОБИ СММ – 2023

ИҚТИБОСҲО АЗ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОНФРОНСИ ОБИ СММ – 2023

30 март 2023, Панҷшанбе
187
0

- Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам аст. Бинобар ин, об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар Сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ, сол то сол муташанниҷ гардида истодааст.

- Тоҷикистон ба сифати кишвари манбаи обҳои минтақавӣ, ҳамзамон, ҷонибдори истифодаи сарфакоронаву оқилонаи об дар минтақа ва берун аз он аст. Бинобар ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани ҳамаи ташаббусҳои мо ва ба ҳайси яке аз кишварҳои пешсаф дар баррасии масъалаҳои глобалии об эътироф шудани Тоҷикистон ин худ дастоварди бузургест.

- Ҳадаф аз ташаббусҳои мо дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳалҳои онҳо мебошад.

- Кӯшишҳои мо дар соҳаи об собит намуданд, ки об метавонад ба сифати омили пайвандгар дар муносибатҳои давлатҳо нақши муассир бозад. Дар зимн, Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати табодули таҷрибаи дар ин соҳа андӯхтааш бо ҳамаи шарикон изҳор менамояд.

- Бовар дорам, ки таҷрибаву зарфиятҳои ЮНЕСКО ва Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ки тибқи қатънома барои анҷоми тадорукоти Соли ҳифзи пиряхҳо муваззаф гаштаанд, ба татбиқи самараноки ҳадафҳои он мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.

- Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, дар доираи раёсати кишвар дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал, талошҳои худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ дар соҳаи об тақвият хоҳад бахшид.

- То ҳанӯз ду миллиард нафар аҳолии сайёра ба оби ошомидании бехатар ва зиёда аз сею ним миллиард ба шароити нисбатан хуби беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Ҳамасола қариб ним миллион одам аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасад. Мутаассифона, ин ва дигар далелу рақамҳо аз нокифоя будани амалҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дарак медиҳанд.

- Мо ба талошҳои ҳамгироёна дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла зимни татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милал эълон гардид, идома хоҳем бахшид.

- Қобили зикр аст, ки ҳоло Тоҷикистон аз рӯйи ҳиссаи истеҳсоли неруи барқ аз захираҳои барқароршавандаи обӣ, яъне тавлиди “энергияи сабз”, дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорад. 
 
- Ба ҳамагон маълум аст, ки зери таъсири тағйирёбии иқлим ва дигар равандҳои глобалӣ сарчашмаҳои оби ошомиданӣ сол аз сол коҳиш меёбанд. Барои мисол аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир ҳазортояш пурра аз байн рафтааст.

- Дар ҳақиқат, моро лозим аст, ки дид ва муносибати худро нисбат ба муҳимтарин манбаи ҳаёт, яъне захираҳои об тағйир дода, мудирияти онро низ, ба шакли нави самаранок ва бо усулҳои навоварона ба роҳ монем.

- Аввалан, натиҷаю паёмҳои Конфронс бояд ба дигар чорабиниҳои калидии вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва, умуман ҳамаи масъалаҳои марбут ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ дошта бошанд.

- Мо чунин мешуморем, ки бо ин ибтикорот барои сарфакорона ва одилона истифода бурдани захираҳои об дар сатҳи глобалӣ саҳмгузор шудем.

- Мо бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа доир ба истифодаи об дар сатҳи миллӣ низ, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем.

- Обшавии босуръати пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, раванди нигаронкунанда мебошад ва мо бояд барои пешгирӣ аз он чораҳои муассир ва муштарак андешем. Ҳадафи асосии ташаббуси мо дар самти ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муҳимияти ин масъала ва андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии раванди глобалии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо мебошад.

- Дар ҳақиқат ин Конфронс ҷаҳонро муттаҳид сохт. Биёед мо дар атрофи об муттаҳид бошем! Биёед ҳамин фурсатро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба об аз даст надиҳем!

Гирдоваранда Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.03.2023 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив