ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАҚШИ МАТБУОТИ ОҒОЗИ САДАИ ХХ ДАР БЕДОРИИ ФИКРӢ

НАҚШИ МАТБУОТИ ОҒОЗИ САДАИ ХХ ДАР БЕДОРИИ ФИКРӢ

30 март 2023, Панҷшанбе
40
0


Оғози садаи ХХ яке аз муҳимтарин марҳалаҳо дар таърихи адабиёту фарҳанги тоҷик маҳсуб ёфта, равобити адабиву фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ба зуҳури ҷунбишҳои тараққихоҳ заминаи мусоид гузошт. 

Шиносоӣ бо сиёсату фарҳанги мамолики Ғарб барои бедории фикрии аҳли зиёи Осиёи Миёна, тадриҷан, ба пайдоиши ҷараёни маорифпарварӣ ё худ ҳаракати равшангарӣ мусоидат намуда, ба афкори мардум таъсири ҷиддӣ расонд. Ҳаракати маорифпарварӣ ба дунёи маънавияту тафаккур бузургтарин уламо ва удабое чун устод С. Айнӣ, М. Беҳбудӣ, М. Сироҷ, М. Ҷалол, А. Мунзим, С. Ализода, С. Аҷзӣ, Ҳ. Муин, А. Фитрат ва чанди дигарро овард, ки онҳо барои зуҳури матбуот ҳамчун падидаи тозаи адабӣ – фарҳангӣ заминаи мусоиде фароҳам оварданд. 
Воқеиятгароии матбуоти кишварҳои хориҷа дар баробари ба пайдоиши матбуоти тоҷик таъсир расондан, ҳамчунин, маорифпарварони тоҷикро водор сохт, ки бо такя ба неруи тавонои худ дар таъсиси матбуоти миллӣ талош намоянд. Нақши рӯзнома ва маҷаллаҳои хориҷи кишвар «Чеҳранамо» аз Коҳира, «Ҳабл-ул-матин» аз Калкутта, «Сироҷ-ул-ахбор» аз Кобул, «Сироти мустақим» аз Туркия, «Навбаҳор» аз Эрон, ки бо ҳар роҳ ба Осиёи Миёна ворид мешуданд, дар рушду густариши афкори ислоҳотхоҳонаи неруҳои барҷаста буд. Чунончи аз ворид шудани маҷаллаи «Сироти мустақим» ба Бухоро устод С. Айнӣ ёдрас шуда мегӯяд: «Ба воситаи Абдураҳмон Саидӣ, ки маҷалларо аз писари дуюми Мирзо Муҳиддин – Мирзо Абдуқодири 15-16-солаи мадрасанодида дастрас намудааст, ба мутолиаи маҷмуа (журнал)-и туркӣ «Сироти мустақим» муваффақ шудем, ки баъди инқилоб дар Туркия нашр мешуд. Ин як маҷмуаи динӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва адабӣ буда, бо иштироки бузургтарин фозилони маркази хилофати Истанбул нашр мегардид. Дар ин маҷмуа масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии инқилобӣ ба оят ва ҳадисҳо татбиқ шуда, баён меёфтанд, ки ин дар тафаккуроти мо тағйироти асосӣ ба амал меовард». 
Устод С. Айнӣ аз вуруди ин маҷаллаи бонуфуз ба Бухоро ба тааҷҷуб афтода, чунин баён менамояд: «Аз Истанбул барин як ҷои дур чунин як маҷмуаи бо нақли оят ва ҳадисҳо таълифёфтаро оваронда мутолиа кардани як ҷавони мадрасанахонда барои мо барин талабаҳои мадраса боиси басо ҳайрат ва тааҷҷуб буд. Акнун мо ба ҳамватанони худ бо чашми дигар ва бо дили пурумед нигаҳ мекардагӣ шудем».
Ба андешаи устод Айнӣ вуруди нашрияҳои хориҷӣ ба Бухоро ҷиҳати вусъати андеша ва ҷаҳонбинии мардум заминаи хубе гузоштаанд. Тавре дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» омадааст: «Ҳама якдилу якзабон шуда, чанг ба домани рӯзнома занем, яъне ҳеҷ фурсатро аз даст надода, ба воситаи рӯзномаҷот фикри худро танвир ва маълумоти худро тавсеъ намоем». 
 Устод С. Айнӣ, ки яке аз асосгузорони мактабҳои нахустини усули ҷадидӣ буд, муҳимияти матбуотро барои ҷомеа чунин таъкид менамояд: «Агар ҳукумат худ дар сари ислоҳ бошад ва аз ман суол кунад, ки барои ислоҳоти Бухоро чӣ кардан лозим аст? Мегӯям: Ду чиз: Мактаб! Ҷарида!»
Ҳамчунин, маҷаллаи «Мулло Насриддин», рӯзномаи «Тарҷумон» аз Боғчасаройи Қрим, «Вақт» аз Оренбург, маҷаллаи «Шуро» аз Уфа ва чанди дигар ба аморати Бухоро ворид гашта, дар вусъати андешаи мардум такон мебахшиданд. Бино ба гуфтаи  С. Айнӣ «Ин газетаҳо ба Бухоро ҳам омаданд ва дар афкори умумии Бухоро низ, ҷаҳише ба вуҷуд оварданд».
Дар рушду густариши афкори адабии маорифпарварии ибтидои садаи бист асари машҳури Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ», китоби маорифпарвари Эрон Зайнулобиддини Мароғаӣ «Саёҳатномаи Иброҳимбек» низ, нақши рӯшан доштанд. Устод Садриддин Айнӣ пас аз мутолиаи асари маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш навиштааст: «Хулоса, дар  сояи мутолиаи ин китоб дар фикрам тағйироте пайдо шуд». 
Нахустин нашрияи тоҷикӣ – «Бухорои Шариф» бо талошҳои Мирзо Муҳиддин Мансуров, Мирзо Сироҷиддини Ҳаким баҳори (11март) соли 1912 нашр гардид, ки асос ба матбуоти тоҷик гузошт. Аз нахустин шумора мушоҳида мешавад, ки аҳли эҷоди нашрия таҷдиди ҷомеа ва ислоҳи мактабу мадорисро ҳадафи худ ба шумор меоварад. Тамоюли «Бухорои Шариф» илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ, фаннӣ, иқтисодӣ буда, маромаш тараққии бародарони ислом маҳсуб меёфт. Ба тазаккури равшангарон: «Рӯзнома беҳтарин асбобе ҳаст дар нашр ва таълими маориф». 
Мирзо Ҷалол чун сардабири нахустин нашрияи тоҷикӣ бо дарки зарурат ва моҳияти рӯзнома дар ҷомеаи он рӯз андешаву назарияи худро чунин таъкид менамояд: «Рӯзнома аввалин аз давлатҳои муаззама аст. Муаззамтар аз рӯзнома дар олам ҳукмдоре ва давлату салтанате нест. Рӯзнома раҳнамои мулку ақвом ва давлатҳову ҳукмдорон аст». 
Яке аз фузалои дигари он замон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки дар ташаккули публитсистикаи тоҷику ӯзбек нақши бориз гузоштааст, пас аз қатъ гардидани нашри нахустин нашрияи тоҷикӣ баҳори (апрел) соли 1913 нашри рӯзномаи дузабонаи «Самарқанд»-ро оғоз намуд. Ин нашрия чун минбари баёни афкору ғояҳои пешрав дар муддати кӯтоҳ миёни хонандагон бо ҷолибии сабки баёну шеваи нигориши мавод маҳбубият пайдо кард. Матолиби рӯзнома, ҳамчунин, дар муайян кардани вазъи забони адабӣ дар ибтидои садаи ХХ аҳамияти муҳим дорад. 
 Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ пас аз бо ҷурми хисорот ва зарари иқтисодӣ аз нашр бозистодани нашрияи «Самарқанд» бо дарёфти шароиту имконият 20 августи соли 1913 нахустин шумораи маҷаллаи «Оина»-ро ба забонҳои форсӣ (тоҷикӣ) ва туркӣ нашр кард. Ба гуфтаи ношир «Оина» «маҷаллаи илмӣ, адабӣ, сиёсӣ, фаннӣ ва таърихӣ буда, он ахбори ҳафта, ҳаводиси тозаи ҷомеа ва оламро дар саҳифаҳояш мунъакис менамояд. Дарҷи навиштаҳои русӣ низ дар назар аст». Беҳбудӣ ба ҳамватанону ҳамзабононаш чунин хитоб кардааст: «Маҷалла аз они мо нест, аз они миллат аст». 

Дилбар САМАДОВА,
Абдуқодири АБДУРАУФ, 
дотсентони кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи 
Бобоҷон Ғафуров

Санаи нашр: 29.03.2023 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив