ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР ПАЖӮҲИШИ АФКОРИ СИЁСӢ ВА ИЛМИИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР ПАЖӮҲИШИ АФКОРИ СИЁСӢ ВА ИЛМИИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ

30 март 2023, Панҷшанбе
17
0


Дар назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази «Пажӯҳиши афкори сиёсӣ ва илмии  Пешвои миллат» ифтитоҳ гардид. Маросими кушодашавии Марказ бо иштироки роҳбарияти Академияи миллии илмҳо ва олимону донишмандони ҷумҳурӣ сурат гирифт.
Мақсад аз таъсиси он анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба аҳамият ва  моҳияти асарҳои сиёсӣ ва илмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ, ҳадафи асосии таъсиси Маркази мазкурро дар тадқиқи густурдаи афкори илмӣ ва сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намуда, зимни суханронии хеш зикр намуд, ки ба омӯзишу пажӯҳиши афкори илмиву  сиёсии Пешвои муаззами миллат пардохтани олимони гуногунсоҳа дар замони муосир айни муддаост. Аввалин иқдомҳо ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат ба эҳёи фарҳангҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ иртибот доранд. Бо назардошти раванди босуръати ҷаҳонишавӣ фарҳанги Ғарб бар дигар фарҳангҳо ва тамаддунҳо таҳмил гардида, дар рушди фарҳангҳои анъанавӣ хатар пайдо мешавад. 
Таъкид шуд, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаста ва номбардоре кам дучор омадаанд, ки дар марҳилаву вазъияти барои давлаташон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми ҷумҳуриашон нақши абадӣ гузошта бошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти сулҳофару  сулҳпарвар, мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф намудаанд.
Сарвари давлати мо на танҳо роҳнамои хирадманд, сиёсатмадори қавиирода ва ватандӯст, балки мутафаккир ва олими бузург низ, мебошанд. Осори гаронарзиши Сарвари давлат аҳамияти бузурги илмиву адабӣ ва таърихӣ дорад, ки бо анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ метавон паҳлуҳои нави илмии онҳоро ошкор намуд.
Зикр шуд, ки ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии ба об ва ҳифзи пиряхҳо бахшидашудаи Пешвои миллат дигарбора исбот мекунанд, ки тафаккури илмии Эмомалӣ Раҳмон ба омӯхтану баррасӣ намуданҳо эҳтиёҷ дорад. Бинобар ин, ҳайати кории Марказ бояд ба ҷабҳаи фаъолияти илмиву сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ҳифзи пиряхҳо дар тағйирёбии иқлим ва истифода аз оби нӯшокӣ дар шароити камобии муосир бинобар афзоиши бемайлони аҳолии кураи Замин таваҷҷуҳ карда, бо дарназардошти меъёрҳои илмӣ масъалаҳои зикргардидаро мавриди таҳқиқи густурда қарор диҳанд.
Бистсолаи эҳёи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҷиҳати таъмин намудани рушди бемайлони ҷомеаи Тоҷикистон аҳамияти илмиву сиёсӣ дорад. Он дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксар шаҳрвандони кишвар ба афкори ҳиссӣ иштиёқ доранд, хеле бамаврид буда, имкон фароҳам меорад, ки бо назардошти роҳандозӣ гардидани ташаббуси мазкур ҷомеаи Тоҷикистон ҳаматарафа рушд карда, оқибат ба яке аз кишварҳои мутараққӣ дар минтақа ва ҷаҳон мубаддал гардад.

Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 30.03.2023 №: 65
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив