ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА

04 апрел 2023, Сешанбе
89
0

 
1 апрел маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тантанаи хос ва руҳияи ватандӯстӣ оғоз шуд. Дар рӯзи аввали даъват теъдоди зиёди ихтиёриён – ҷавонони синну соли даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, довталабона ба Артиши миллӣ пайвастанд. Чун анъана дар рӯзи нахуст, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт, ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Ворухи шаҳри Исфара аз иҷрои нақша паём доданд.
Бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳамаи манотиқи кишвар чорабиниҳо таҳти унвони “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гашт.
Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе (амфитеатри «Аҳорун») бо ширкати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, даъватшавандагон, волидони онҳо ва ҷавонони синни тодаъватӣ чорабинии бошукӯҳ доир шуд.
Зикр гашт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди бедордил, ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, то дар самти ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми худ аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос кунанд. Зеро бархӯрди манфиатҳои мамлакатҳои абарқудрат ва марҳилаи нави муборизаҳои байни кишварҳо вуҷуд доранд, нишон медиҳанд, ки ҳатто давлатҳои  садсолаҳо мавҷудбуда дар пайи аз байн рафтан ҳастанд. Миллатҳо дар вазъияти хеле мураккаби ноором мебошанд. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки пайи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон бештар талош варзем.
Дар чорабинӣ ба даъватшудагон, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро гузашта буданд шаҳодатномаи ронандагӣ супурда шуд ва чун анъана маросими «нонгазон» доир гашт. Инчунин, барномаи рангини консертӣ манзури ҳозирин гардид.  
Хабарнигори “Ҷумҳурият” дар ВМКБ, иттилоъ дод, ки ба муносибати Рӯзи даъватшаванда аз назди Боғи «Ғалаба» то майдони Театри мусиқию мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ раҳпаймоии оммавӣ бо ҷалби қишри васеи ҷомеа доир шуд. Чун анъана, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати баҳории ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона иҷро намуд.  
– Тайи панҷ соли охир ҷавонписарони далеру шуҷои ватандӯсти ВМКБ ҷиҳати адои қарзи муқаддаси фарзандӣ дар назди Модар – Ватан, бо амри виҷдон, ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои муҳофизати Ватан омодагии худро нишон медиҳанд. Чунин муносибат  ва  дарки  масъулияти ватандорӣ аз ҷониби  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо, аз минбарҳои баланд, баҳои сазовор гирифта, ҷавонони соҳибватани Бадахшон шоёни  таҳсини  роҳбарияти олии мамлакат ва, умуман, ҷомеаи Тоҷикистон гардиданд, – иброз дошт раиси вилоят Мирзонабот Алишер зимни суханронӣ. 
Дар идома наваскарон ва волидони онҳо баромад намуданд ва барномаи фарҳангӣ чорабиниро рангин кард. 
Ба иттилои Худодод Зайниддин, хабарнигори минтақавии рӯзнома дар минтақаи Рашт, дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм таҳти унвони «Мо, ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Ҳамин тавр, ноҳияҳои Сангвор 100 дарсад, Лахш 100 дарсад, Тоҷикобод 103 дарсад, Нуробод 101 дарсад ва Рашт беш аз 100 дарсад нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд. 
Дар ҳамоиш ба 130 наваскаре, ки курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро хатм намуда буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супурда шуд.
– Моро зарур аст, доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем ва нагузорем авзои манфии зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон ба давлати соҳибистиқлоли мо, ки дар марҳилаи рушд қарор дорад, хавфу хатар эҷод намояд. Барои истодагарӣ намудан ба ин хавфу хатарҳо ва таъмини суботу амнияти кишвар ҳифзи ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Ватан, Артиши миллии мо ба шумо, ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бонангу номус эҳтиёҷ дорад. Хизмат намудан ба Ватан ва миллати худ барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум ва хоку оби кишвар барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи ифтихор мебошад, – иброз дошт Муқимӣ Раҳимҷон, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллӣ. 
Бар пояи маълумоти хабарнигори мо аз вилояти Хатлон, ноҳияҳои Вахш ва Фархор низ, нақшаи даъватро пурра таъмин намудаанд.
Бояд гуфт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, шаҳр-вандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд. Маъракаи даъвати баҳорӣ то 31 май идома меёбад.

Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.04.2023 №: 68
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив