ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИБЕРҶИНОЯТ. ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТӢ ФИШАНГИ АСОСИИ МУБОРИЗА ХОҲАД БУД

КИБЕРҶИНОЯТ. ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТӢ ФИШАНГИ АСОСИИ МУБОРИЗА ХОҲАД БУД

05 апрел 2023, Чоршанбе
138
0

 
Дар замони муосир таъмини амнияти иттилоотӣ ҷузъи муҳими амнияти миллии кишварҳо арзёбӣ мешавад. Чунки давлатҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои манфитҷӯй, аз ҷумла ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, барои пиёда кардани ҳадафҳои геополитикӣ аз воситаҳои ахбори омма ва интернет васеъ истифода намуда, бо ин роҳ ба ташаккул ва тафаккури инсонҳо таъсир мерасонанд. Дар қарни гузашта муҳаққиқи рус Виктор Афанасев (18 ноябри 1922 – 10 апрели 1994) чунин гуфта буд: “Матбуот, радио ва телевизион силоҳи муҳими таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар муқоиса кард”. Вале дар асри навин бошад, ба силоҳи ҳақиқии таъсиррасонӣ ба тафаккур интернет табдил ёфтааст, ки зарарашро баробари яроқи ҳастаӣ медонанд. Тибқи  маълумоти дастрас, ҳоло беш аз 5 миллиард аҳолии ҷаҳон, яъне 65 дарсад сокинони сайёра истифодабарандагони интернет мебошанд. Аз ин бармеояд, ки фазои маҷозӣ ба як ҷузъи муҳими зиндагии одамон табдил ёфтааст. 
Бар пояи гузориши April Global Statshot report, истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон – 4,65 миллиард ё 58,7 дарсади шумораи умумии аҳолии сайёраро дар бар мегиранд. Бинобар ин, бештар мушоҳида мешавад, ки ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва гурӯҳҳои манфиатҷӯй ҳадафҳои худро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ мекунанд. 
Ба андешаи Алиназар Ашуров, муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди технологияҳои иттилоотиву интернет агар аз як тараф барои башарият имкони ҳалли бисёр муаммоҳоро фароҳам оварда бошад, аз тарафи дигар дар шароити кунунӣ баъзе хатару таҳдидҳоро барои амнияти миллӣ ва суботи сиёсии давлатҳо ба вуҷуд оварда истодааст. Таҳлили ҳодисаву равандҳои сиёсии чанд соли охири ҷаҳон собит менамояд, ки аксари ҷангу низоъҳои дар ин ё он давлат рухдода маҳз ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва ба вуҷуд оварда шудаанд. Баъзе абарқудратҳо ба василаи гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷиноятҳое даст мезананд, ки боиси халалдор гардидани амнияти давлатҳои алоҳида мегардад. Масалан, дар сар задани ҳодисаҳои инқилобҳои ранга, “баҳори араб”, бетартибиҳои аввали соли 2022 дар Қазоқистон ва ғайраҳо технологияҳои иттилоотӣ, интерент ва шабакаҳои иҷтимоӣ нақши асосӣ доранд.

ЧАРО БОЯД МАРКАЗИ ЯГОНАИ  ИТТИЛООТӢ ТАЪСИС ДОДА ШАВАД?
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи умумии симкорти истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 943 ҳазору 309 ададро ташкил медиҳад, ки 5 миллиону 460 ҳазору 504 муштариёни фаъол мебошанд. Ҳоло дар кишвар шумораи истифодабарандагони интернет ба 4,5 миллион расидааст. Гузашта аз ин, наздики як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишваранд. 
Бар пояи иттилои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли гузашта дар кишвар 185 ҷинояти киберӣ сатб шудааст. Асосан, ҷиноятҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар аъзои гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ мебошанд, содир кардаанд. Онҳо тариқи интернет маълумоти бардурӯғ, ифротӣ ва иғвоангезонаро паҳн карда, мехостанд бо ин роҳ ба амнияти кишвар халал ворид намоянд. 
Дар ҳамин робита, ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ 17 ҷинояти киберӣ ва 500 ҷинояти дигар бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ содир шудааст. 
Аз оморҳои овардашуда бармеояд, ки кишвари мо низ ба хатари амнияти иттилоотӣ рӯбарӯст.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон (моҳи октябри соли 2021) Нусратулло Мирзоев, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, чунин иброз дошта буд: “Таҳлилҳо муайян намуданд, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сурат мегиранд, яъне дар онҳо гурӯҳҳо ташкил гардида, афроди алоҳида ба омӯзондани адабиётҳои динӣ ва ҷалби ҷавонон машғуланд. Масалан, дар барномаи интернетии «Имо» шакли нави таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор шуд, ки дар он 20 гурӯҳ бо номҳои «Саволу ҷавоби исломӣ», «Аллоҳ бо мост», «Ислом дини ҳақ» ва монанди инҳо фаъол гардидаанд”. 
– Бинобар берун аз назорат будани фазои таълимоти динӣ дар интернет, таълимоти мазҳабу равияҳои гуногун барои муҳити динии Тоҷикистон ғайрианъанавӣ таблиғ ва таълим дода мешавад. Дар ин самт, пас аз манъ шудани ҷараёни «Салафия» баъзе аз пайравони он аз Тоҷикистон берун рафта, таблиғи ақидаи равияи худро ба воситаи интернет аз хориҷа бо забони тоҷикӣ ба роҳ мондаанд. Таҳлили вазъ шаҳодат медиҳад, ки рӯз ба рӯз омилҳои хатарзо ва зуҳуроти идеологияи ифротӣ ба ҷомеа таъсири манфӣ расонда, таассуби диниро миёни наврасону ҷавонон ва қишрҳои осебпазири ҷомеа боло мебаранд. Вақте ки ҷаҳонбиниҳо, идеяҳо, шуури ифротгароӣ оммаро фаро мегиранд, он ба қувваи материалӣ мубаддал мегардад ва пеши роҳи онро бо ягон восита гирифта намешавад,  ба  монанди  Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон, – гуфта буд муовини раиси Кумита.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, соли гузашта 36 ҳолати таълимоти ғайрирасмии динӣ ошкор гардида, 8 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷа таълимоти ғайриқонунии динӣ мегирифтанд, ба Тоҷикистон баргардонда шуданд. Соли 2021 бошад, кормандони мақомот 50 ҳолати таълимоти динии ғайрирасмиро пешгирӣ карда буданд.
Боиси нигаронист, ки «Толибон» баъд аз муваффақиятҳои охири худ фаъолияти идеологиро пурзӯр намуда, аз тактикаи мубаллиғони «Давлати исломӣ» ва ҷараёни «Салафия» истифода ва ҷалби аъзои навро аз ҳисоби ҷавонон тавассути сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ, махсусан аз кишварҳои Осиёи Миёна, минҷумла, Тоҷикистон шуруъ карданд. Эҳсос мегардад, ки ин марҳилаи аввали мустаҳкамсозии идеологияи «Толибон» берун аз ҳудуди Афғонистон ва интиқоли он ба Осиёи Марказӣ мебошад. 
Вобаста ба ин, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, аз афзоиши шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар Афғонистон баъди ғасби қудрат аз ҷониби гурӯҳи “Толибон” нигаронӣ кард. Номбурда афзуд, ки баъди он ки “Толибон” уҳдадории худро дар самти мубориза бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ иҷро накарданд, ин гурӯҳҳо пайи тақвияти сафи худ аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои дигар шуданд. Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои зикргардида дар Афғонистон шомил шудаанд, дар қайд ҳастанд, назорат мешаванд ва дар кофтуковҳои байналмилалӣ қарор доранд.
– Ҳузури созмонҳои террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатари ҷиддиро барои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. Маҳз, бо назардошти чунин ҳолат давлатҳои миллӣ дар шароити кунунӣ ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва дар маҷмуъ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа таваҷҷуҳи бештарро равона намудаанд, – гуфт Алиназар Ашуров. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ба хотири пешгирии хатару таҳдиди созмонҳои ифротиву террористӣ тадбирҳои муҳим аз ҷониби давлат амалӣ гардида истодаанд. Яке аз чунин тадбирҳо таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ мебошад, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) садо дод. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.” Роҳбари давлат дар чунин раванди мураккаб муттаҳид гардидани ниҳодҳои давлатӣ ва тамоми ҷомеаро ҷиҳати ҳифзи суботи сиёсӣ, бо тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба равияҳои ифротгароро хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки “ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад”. 
– Албатта, таъсиси чунин як ниҳод дар шароити имрӯза хеле кори хуб ва саривақтист. Хатару таҳдидҳои иттилоотиро танҳо бо роҳи пешбурди муборизаи самаранок метавон пешгирӣ ва бартараф сохт. Аз ҳамин нуқтаи назар, таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ имкон фароҳам меорад, ки хатарҳои эҳтимолии дар фазои маҷозӣ ба вуҷудоянда пешгирӣ ва таъсири манфии таҳдидҳои воқеӣ бартараф карда шаванд, – хулоса кард Алиназар Ашуров.
Тавре аз Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат дар масъалаи таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ фаъолият намуда истодаанд. 

ДАР ҲАФТ СОЛ 1030 АЪЗОИ ТТЭ БА ВАТАН БАРГАРДОНДА ШУДААСТ
Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи мақомот иттилоъ дод, ки соли гузашта 85 узви ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуданд, ки ин рақам нисбат ба соли 2021-ум 35 нафар зиёд мебошад. Гузашта аз ин, соли 2022-юм 247 узви ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ (2021 – 75 нафар) ба хоҳиши худ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон баргаштанд. 
Бино ба маълумоти вазир, аз соли 2015 инҷониб бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ 1 ҳазору 30 узви ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ ба Ватан баргардонда шуда, бо онҳо мунтазам чораҳои профилактикӣ гузаронда мешаванд. Инчунин, соли 2022-юм 24 ҳолати маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ба ҳисоб гирифта шуда, 31 амали террористӣ пешгирӣ гардидааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2021-ум 15 ҳолати маблағгузории терроризм сабт ва аз 2 амали террористӣ пешгирӣ гардида буд.
Вобаста ба масъалаи маблағгузории терроризм ва пешгириву ошкор намудани чунин амали хатарнок, ки вақтҳои охир боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шурои амният ба Бонки миллӣ супориш додаанд, ки назорати риояи қонунгузориро дар фаъолияти бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, хусусӣ ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҳангоми пешбурди амалиётҳои бонкӣ пурзӯр намояд.
Рамазон Раҳимзода яке аз омилҳои асосии шомилшавии зиёди ҷавонон ба ташкилотҳои террористиву экстремистиро надоштани тафаккур ва ҷаҳонбинии возеҳ, саводи кофӣ, дур мондан аз таълиму тарбия ва беназоратии волидон, бекорӣ ва истифодаи мунтазами шабакаҳои иҷтимоии хурофотӣ унвон кард. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои ҷалби ин гуна нафарон ҳама роҳу воситаҳоро истифода карда, равияҳои гуногуни диниро асос меоранд. 

 

ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕМ!
Таҷриба нишон дод, ки гурӯҳҳои террористӣ сол ба сол барои амалӣ намудани аҳдофи нопоки худ ва мағзшӯи намудани ҷавонон роҳу усулҳои нав ба навро меҷӯянд. Бо вуҷуди татбиқи чорабиниҳои муштараки давлатӣ, вазъ дар ин самт нигаронкунанда боқӣ мемонад. Аз ҷумла, ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати ислом, ки саркардагони он дар кишварҳои аврупоӣ зери сарпарастии хоҷагони хориҷӣ бо паҳн намудани ақоиди ифротӣ мехоҳанд ба оромию суботи Тоҷикистон рахна зананд. Воқеаҳои моҳи майи ВМКБ бори дигар собит намуданд, ки ТТЭ ҲНИ ҳамчун сарчашмаи таҳдидҳои иттилоотӣ баромад намуда, чун пештара, субъекти нооромкунандаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар шабакаҳои интернетӣ бар зидди давлату миллати тоҷик ташвиқоти бардурӯғи иттилоотиро ба роҳ мондаанд. 
Зиёда аз ин, баъди ғасби ҳокимият аз ҷониби “Толибон” дар Афғонистон, ки бо давлати мо беш аз 1400 километр сарҳади муштарак дорад, вазъро печидатар намуд. Аз ин рӯ, бори дигар аз эҷоди як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон таъкид намуда, ин амро зарурӣ ва саривақтӣ медонем. 
Дар ҷаласаи ахири васеи Шурои амният Сарвари давлат зимни таҳлили вазъияти воқеии минтақа ва ҷаҳони муосир таъкид карданд, ки дар шароити ҳассоси имрӯза таҳкими амнияти миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои давлатдории мо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳамияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд.
Аз ин рӯ, ба истифодабарандагони интернет, ки нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, бори дигар ҳушдор медиҳем, ки фирефтаи ҳаргуна ақоиди ифротӣ нагарданд. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ба ҳар ҳаводис ва воқеаи рӯйдода, нуктасанҷона баҳо диҳанд. Бо пуштибони аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат дар таъмини амнияти иттилоотӣ, дар маҷмуъ, амнияти миллӣ нақши мондагори худро гузоранд.

Маҳмуд  МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.04.2023 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив