ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГАР СЕСАД ЗАБОН ДОНӢ, ФУЗУН НЕСТ!

АГАР СЕСАД ЗАБОН ДОНӢ, ФУЗУН НЕСТ!

05 апрел 2023, Чоршанбе
49
0


Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш зимни суханронии худ дар маросими ба истифода додани муассисаҳои таълимии русӣ бо иштироки онлайнии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русиро, муҳим арзёбӣ карда, равона намудани таваҷҷуҳро ба ин самти фаъолият зарур донистанд.
Аз ҷумла, дар Паёми навбатии хеш чунин таъкид намуданд: «Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ, боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад».
Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат моро водор месозад, ки ба ин масъала бештар эътибор диҳем. Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат мекӯшем, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисиро ба дараҷаи баландтар бардорем. Барои ин шароитҳои мусоиди таълимӣ, пойгоҳи муқтадири таълимие, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадаанд, мавҷуданд. Танҳо саъю талош, азму ирода ва ғайрати дучанд лозим аст, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат иҷрои саривақтии худро ёбанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки се солро ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ихтисос додааст, забондонӣ боз ҳам ба масъалаи муҳимтар табдил меёбад. Зеро барои дурусту сари вақт муаррифӣ кардани имконияту зарфиятҳои сайёҳии кишвар забонҳои хориҷӣ нақши калидӣ мебозанд. Коршиносони соҳа набудани рекламаро, ки тавонад имкониятҳои сайёҳии мамлакат, хусусан бахши сайёҳии таърихию фарҳангиро бозгӯ намояд, аз мушкилоти аввалиндараҷа арзёбӣ мекунанд. 
Набудани маълумоти пурраи илмиву оммавиро ба забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ ва арабӣ дар бораи мавзеъҳои таърихии кишвар яке аз сабабҳои кам рушд кардани ин навъи туризм аст. Бештари ширкатҳои сайёҳии мамлакат маводи рекламавии худро танҳо ба ду забон: тоҷикӣ ва русӣ паҳн мекунанд. Ин дар ҳолест, ки айни замон сайёҳони зиёда аз 80 кишвари олам аз ҷумҳурӣ дидан мекунанд ва онҳо бештар бо забони англисӣ ҳарф мезананд.  
Дар робита ба ин, воситаҳои ахбори омма метавонанд дар тарғиби мавзеъҳои таърихӣ саҳми бориз гузоранд. Масалан, рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар бораи ёдгориҳои таърихӣ, ба монанди қалъаҳои Ҳисор, Ҳулбук, Хуҷанд, Қаҳ-қаҳа, дижҳо, масҷиду мадрасаҳо маводи зиёд ба нашр мерасонад ва бо ин амал таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ин ҷойҳо ҷалб месозад. Агар хоҳем, ки мардуми мамолики пешрафтаи ҷаҳон ба мавзеъҳои таърихӣ, дараву дарёҳои кӯҳӣ, обанборҳо, кӯли Сарез ва ғайра бештар таваҷҷуҳ зоҳир созанд, мо бояд рекламаҳои худро бо забонҳои англисӣ, чинӣ ва арабӣ роҳандозӣ намоем. Дар сурати надоштани маълумоти зарурӣ сайёҳони хориҷӣ кам ба ҷумҳурии мо ташриф меоранд. Мо бояд муаррифгари сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ, дарёнавардӣ, кӯҳгардӣ, таърихшиносӣ, кишоварзӣ, шикор, расму русум ва ғайра бо забонҳои ҷаҳонӣ бошем. Он гоҳ шумораи сайёҳони хориҷӣ  метавонад соле аз даҳ миллион нафар буруз намояд.

Мавзуна МИРЗОЕВА,
омӯзгори забони англисии Коллеҷи муҳандисӣ - омӯзгории шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 05.04.2023 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив