ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАРОСИМИ ГУСЕЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ИЛҲОМ АЛИЕВ

МАРОСИМИ ГУСЕЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ИЛҲОМ АЛИЕВ

06 апрел 2023, Панҷшанбе
2
0


6 апрел пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Боку баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми самимӣ меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро гусел намуданд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон давоми ду рӯз – 5 ва 6 апрел идома ёфт. Зимни ин сафар мулоқоти сарварони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Санаи нашр: 06.04.2023 №: 70-71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив