ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  БАРДОШТ АЗ ИҶЛОСИЯИ 14-УМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ

ХАТЛОН.  БАРДОШТ АЗ ИҶЛОСИЯИ 14-УМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ

06 апрел 2023, Панҷшанбе
25
0


Дар иҷлосияи 14-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум масъалаҳои муҳим: “Дар бораи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2024”, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” дар вилоят, қарори раиси вилоят оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар иҷлосия вакилони халқ, муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбарони дастгоҳ ва раёсату шуъбаҳои мақомот, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони муассисаҳои давлатии роҳҳои автомобилгарди вилоят, роҳбарони муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар даъватшудагон ширкат варзиданд.
Дар оғоз ахбори раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузарондани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбон Қурбонзода оид ба ивази вакилони хориҷшуда аз ҳавзаҳои интихоботии  Восеъ №27, Қубодиён №40, Ҷалолиддини Балхӣ №41 ва тасдиқ намудани ваколати вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум шунида шуд. Таъкид гардид, ки ба ҷойи вакилони ивазшуда дар ҳавзаҳои зикргардида интихобот шаффоф баргузор шуд ва дар ҳавзаи интихоботии Қубодиён №40 иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №27 раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода ва аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №41 раиси ноҳия Холмурод Раҳмон дар интихобот пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар вазъияти тантанавӣ вакилони навинтихобшуда савганд ёд карда, бо дарки масъулият таъкид доштанд, ки манфиатҳои давлату миллатро ҳифз намуда, уҳдадориҳои вакилии худро содиқона иҷро менамоянд. Ба вакилон шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ супурда шуданд.
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод намудани Ҳакимзода Қурбон” ва “Дар бораи раиси вилояти Хатлон таъин намудани Давлаталӣ Саид” аз ҷониби вакилони иҷлосия дастгирии комил ёфт. Ҳамчунин, дар бораи тағйиру иловаҳо ба дастури Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум ва дар бораи тағйиру иловаҳо ба номгӯи комиссияҳои доимӣ, ҳайат ва  Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум аз ҷониби вакилони халқ тасдиқ гаштанд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Зароббидин Файзуллозода оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 апрели соли 2021, № 130 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №53 “Дар бораи барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2024” гузориш дод. Ӯ таъкид дошт, ки дар баробари баъзе нишондодҳо амалигардонии барнома дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Аз ҷумла, 16 дегхонаи соҳаи тандурустии вилоят ва 99 дегхонаи гармидиҳии соҳаи маориф таъмирталаб мебошанд. Таъминоти оби тозаи ошомиданӣ нигаронкунанда буда, партобҳои обӣ поксозӣ намешаванд.  Шабакаҳои мутамаркази таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳалҳои шаҳру деҳоти вилоят, фарсудаву корношояманд. Ҳангоми ҷудо намудани замин барои сохтмони манзили зист инфрасохторҳои коммуналӣ, аз ҷумла сохтмони шабакаҳои таъминоти оби нӯшокӣ, барқ, ҳисобкунакҳои обию барқӣ, корез, ба инобат гирифта намешаванд. 
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид оид ба камбудиҳои зикршуда  масъулонро муваззаф кард, ки сари ин масъалаҳо ҷиддӣ чораю тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Раисони шаҳру ноҳияҳо кори соҳаро таҳти назорати қатъӣ гиранд. Вакилони халқ аз ноҳияҳои Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Кӯлоб баҳри беҳбудии кор андешаҳои хешро баён доштанд. 
 Сардори раёсати адлияи вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2020 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 “Дар бораи барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030”гуфт, ки дар назди раиси вилоят дар ҳайати 21 нафар Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон амал менамояд ва чунин шуроҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ, фаъоланд. 
 Раиси вилоят  раисони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон, тақвият бахшидан ва баланд бардоштани шуури ҳамватанон дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ чораҳои судмандро роҳандозӣ намоянд. Пеши роҳи ҳаргуна амалҳои номатлуб, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таълимоти ғайрирасмӣ, даст задан ба қочоқ ва истеъмоли маводи мухаддир гирифта шавад.
 Дар иҷлосия дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардондани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Кӯлоб №8 ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №50, таъин намудани интихобот ва дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузарондани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бар ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфтанд.
Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак “Дар бораи таъсис додани шаҳраки нав дар марзи маъмурии шаҳри Норак бо номи Нурофар низ, ҷонибдорӣ ёфт. Дар баробари ин, як қатор қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Балҷувон, Вахш, Хуросон, Шамсиддин Шоҳин, Восеъ, Ховалинг, Темурмалик, Носири Хусрав, Панҷ, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ёвон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Кӯшониён, Муъминобод ва Данғара оид ба номгузории деҳаҳо, мактабҳо аз ҷониби вакилони  халқ ба тасвиб расиданд. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 06.04.2023 №: 70-71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив