ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ПУЛИ КОНТИНЕНТАЛӢ”.  НАМОИШИ ҲУНАРУ АНЪАНАҲОИ  ЧИНӢ ДАР ҶАШНВОРАИ НАВРӮЗ

“ПУЛИ КОНТИНЕНТАЛӢ”.  НАМОИШИ ҲУНАРУ АНЪАНАҲОИ  ЧИНӢ ДАР ҶАШНВОРАИ НАВРӮЗ

06 апрел 2023, Панҷшанбе
12
0

 
Субҳи 18 марти соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо садои форами карнаю сурнай ва сурудҳои дилошӯбу рақсу бозӣ  Ҷашни байналмилалии  Наврӯз оғоз ёфт, ки Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишгоҳ яке аз иштирокдорони фаъоли он буд. Дар баргузории чорабинии мазкур 19 факултети Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла факултети  забонҳои Осиё ва Аврупо, бо ҷалби омӯзандагони забони чинӣ саҳми муносиб гузошт.

Чорабинӣ, асосан, аз ду қисм иборат буд: иҷрои зинда ва намоиши стенд. Ҷашнвораи наврӯзӣ  аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил ёфта, расонаи хабарии China Xinjiang Daily ва маҷаллаи "Mainland Bridge" дар баргузории он саҳмгузорӣ намуданд. Аз ҷониби Донишкадаи Конфутсий дар Донишгоҳи Тамин ва кафедраи забонҳои Авруосиёи Донишгоҳи Тамин дар ин Ҷашнвораи наврӯзӣ намоиши хуби фарҳангию ҳунарӣ гузаронда  шуд. Дар ин чорабинӣ беш аз 3000 нафар, аз ҷумла устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Тамин ва бархе аз омӯзгорони Донишкадаи Конфутсий дар Донишгоҳи Тамин ширкат доштанд. Дар ин бора рӯзномаю агентиҳои иттилоотии маҳаллии Тоҷикистон хабарҳо интишор додаанд.
Майдони  шуъбаи забони авруосиёии Донишгоҳи Тамин дар ин чорабинӣ, асосан, намоиши ҳунарҳои хаттотӣ,  наққошии чинӣ,  санъати чойи чинӣ ва рӯнамоии нусхаҳои маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо»  ва видеои «Daluqiao» -ро фаро мегирифт. 
Лина, донишҷӯи факултаи забони авруосиёии Донишгоҳи Тамин, дар намоиши ҳунари хаттотию  наққошии чинӣ бо истифода аз қалами сиёҳ, коғаз ва  санги сиёҳ  тарзи навиштани хатҳоро  барои иштирокдорон  нишон дод.  Ӯ гуфт, ки бигузор донишҷӯён ҷаззобияти хатти чиниро дар ин  ҷо эҳсос кунанд. Ҳангоми гирифтани қалам, рангу қоғаз  аз  хатнависии чинӣ лаззат баранд. 
Шу Яо ба меҳмонон чӣ тавр истифода бурдани ранги сиёҳ ва дигар  рангҳоро  дар наққошии чинӣ нишон дод. Ҳамзамон, чӣ хел  ифода кардани «рух» ва «молу мулк»-и расми чиниро дар наққошиҳо муаррифӣ кард. Инчунин, бо иштироки донишҷӯён Ҷашнвораи Наврӯз дар Тоҷикистон бо хатту наққошиҳои  чинӣ тасвир карда  шуд.
Ан Ран, Су Сяоя ва Ҳе Сиси либосҳои суннатии чинӣ ба бар карда, ба меҳмонон чойи анъанавии кунг-фуи чиниро нишон доданд. Аз ҷумла, намоиши чойи "Тавус кушода мешавад", санъати чойи сабз "Баҳор ба замин бармегардад ", санъати чойи хушбӯй "Бӯй барои ҳазорон нафар», Пуэр – чой бо санъати «Хонаи муносиб интизор»  пешкаши иштирокдорон гардонда шуд. Намоиши санъати чойи шево фарҳанги деринаи Чинро муаррифӣ менамояд. Он зебоии ҳалиму  суннатии занони Чинро барҷаста баён мекунад.
Тамошобинон аз видеои «Ҷойи хубе дар Шинҷон» дар ҳайрат монданд. Меҳмонон бо дидани намоишҳои зебову ҷолиб иброз доштанд, ки Тоҷикистону Чин ҳамсояҳои дӯст ва ҳамкорони содиқанд. Умедворанд, ки дӯстии Тоҷикистону Чин абадӣ хоҳад буд. Маҷаллаи «Кӯпруки континенталӣ»-и Синзян низ, ҷузъи барҷастаи ин чорабинӣ буд,  ки меҳмонон онро хуб пазируфтанд ва  изҳори ҳавасмандӣ  карданд, ки онро ба хона бурда, бодиққат мутолиа менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аввалин факултетҳоест, ки ихтисосҳои чиниро пешниҳод мекунад. Устодони факултет аз соли 2010 ин ҷониб дар муддати 13 сол  як қатор донишҷӯёни аълохонро тарбия намуда, ба соҳаҳои  гуногун сафарбар карданд. 

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 06.04.2023 №: 70-71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив