ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИТТИҲОДИ АВРУПО ЗАНОН ВА ФЕРМЕРҲОИ ТОҶИКИСТОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

ИТТИҲОДИ АВРУПО ЗАНОН ВА ФЕРМЕРҲОИ ТОҶИКИСТОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

06 апрел 2023, Панҷшанбе
45
0

 

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER Иттиҳоди Аврупо аз Ташкилоти ҷамъиятии CBER Sugd сохтмон ва ифтитоҳи ду гармхонаи муосирро дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дастгирӣ намуд.

Гармхонаҳои инноватсионӣ, ки масоҳати ҳар кадомашон 250 м2 мебошад, барои фароҳам овардани микроиқлими мусоид ҷиҳати парвариш ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус помидор, пешбинӣ шудаанд. Дар яке аз гармхонаҳо деҳқонон метавонанд, ки зиёда аз 210 ҳазор бех ниҳол парвариш карда, баъди ба охир расидани мавсими ниҳолпарварӣ бештар аз 3000 килограмм помидори барвақтӣ рӯёнанд.
Гармхонаҳои инноватсионӣ барои дастгирии занони деҳқон, ки дар деҳот навоварӣ мекунанд, сохта шудаанд. Ситора Абдуллоева ва Умеда Юсупова дар парвариши ниҳолҳои помидор аз технологияи муосир самарабахш истифода мебаранд. Гармхонаҳо, инчунин, ҳамчун майдони намоишӣ хизмат мекунанд, ки дар он таҷрибаҳо оид ба парвариши ниҳолҳои помидор дар кассетаҳо ва пиёлаҳои алоҳида ва дар замин гузаронда мешаванд. Онҳо беҳтарин тухмии помидорро дар ҷараёни сафари аъзоёни гурӯҳи истеҳсолӣ ба минтақаи ҳамсоя, ки дар доираи Лоиҳаи рушди фарогири деҳот TRIGGER ташкил карда шудааст, аз Ӯзбекистон оварда шудаанд, месанҷанд.
Ситора Абдуллоева 20 сол боз ба парвариши помидор машғул аст. Ӯ ҳар сол пеш аз оғози мавсим аз бозор ниҳол мехарад, вале аз сабаби паст будани сифати ниҳолҳо ва мувофиқ набудани навъ интизориҳояш аз ҳосили фаровон дуруст нест. Идеяи гармхонаҳо ба занони деҳот дар маҷлиси навбатии коллективи истеҳсолӣ пайдо шуд. Ҳамин тавр, бонувони кишоварз метавонанд аз шинондани ниҳолҳои пастсифат, ки ба ноҳия номувофиқанд, канора гиранд ва дар натиҷа, фурӯши маҳсулот ва даромади занони деҳқонро зиёд кунанд.
Гармхона бо системаи танзимшавандаи вентилятсия барои сари вақт назорат кардани ҳарорат сохта шудааст, ки ин яке аз омилҳои муҳими нашъунамои ниҳолҳо мебошад, – мегӯяд Ситора Абдуллоева ва меафзояд – технологияи парвариши ниҳолҳо дар кассетаҳо низ, ҷорӣ карда шуд.
Баланд бардоштани ҳосилнокии занҷирҳои арзиши кишоварзӣ – ҳадафи баланд бардоштани устувории иқтисодии деҳқонони хурд ва миёна бо таваҷҷуҳи хосса ба гурӯҳҳои ҷавонон ва занон мебошад. Ҳамин тариқ, лоиҳа ба баланд бардоштани иқтидори деҳқонон тавассути эҷоди иншооти нави инфрасохторӣ ва беҳтар кардани шароит барои пешбурди тиҷорат мусоидат мекунад.

Шарофат АШУРОВА, 
телефон: (+992) 987-27-00-46, 
почтаи электронӣ: sharofat.ashurova@giz.de.

Санаи нашр: 06.04.2023 №: 70-71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив