ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОМАҲОИ СОДА:  ДИРӮЗҲОВУ ИМРӮЗҲО

МОМАҲОИ СОДА:  ДИРӮЗҲОВУ ИМРӮЗҲО

06 апрел 2023, Панҷшанбе
43
0

 Сода ном дошт, аммо ҳеҷ сода набуд. Аҳли деҳи он замон хурду калон (деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ дар солҳои 60 – 70-уми асри гузашта) ба донишу фаҳмиш, тадбирандешии ӯ эътимод доштанд.

Хатмкардаи донишкадаву донишгоҳе ба шумор намерафт, аммо дарку таҷрибаи андӯхтааш ба ҳама таърифу тавсиф меарзиду меарзад. Дар мактаби бе синфхонаву китобу дафтару қаламаш бисёр занҳои деҳа ба навъе дарс мехонданд. Аз бухл, балки бухл аз ӯ канора мегирифт. Ройгон меомӯхт (меомӯзонд) ва андак шубҳаи тамаъ ба вуҷудаш роҳ намеёфт. Мардум тааҷҷуб мекард: дар як зан, балки пиразан ин ҳама донишу фаҳмиш аз куҷост. Тааҷчуб мекард, аммо касе аз ин боб намепурсид, аз рӯи одоб, ки намедонист.
– Момои Сода, биё, кӯдакамонро бубин, ҳолаш бад шудааст. Дар ин нимашаб на духтур аст, на мошине пайдо карда метавонем, ки 16 километр ба маркази ноҳия, ба беморхонааш бибарем. 
Момаи Содаи нимхобу нимбедори дар назди гаҳвора нишаста ба торикии шабу кӯчаҳо нигоҳ накарда, ҳамроҳи соҳиби бемор ба гӯшаи дигари деҳ меравад. Бо як дидан зуд ташхис мекунад ва нахуст барои тасалло мегӯяд: – Ғамгин машавед, дардаш вазнин нест, зуд шифо меёбад. 
Баъд меафзояд: – Чӣ додед ба кӯдак, ки ӯро гирондааст?
Волидон посух намедиҳанд, балки намедонанд, ки бар асари кадом ғизои додаашон кӯдакро бемор намудаанд.
Табобати ин беморӣ барои пиразан душвор нест, осон аст. Медонад, хуб медонад, ки кор, яъне табобатро аз чи оғоз намояд...
Дар лабони волидон табассум ҳувайдо мегардад ва шод мешаванд, ки ҳоли кӯдакашон беҳ шудааст.
– Маро аз ҷое, ки овардед, ба ҳамон ҷо бубаред, – мегӯяд момаи Сода.
– Андаки дигар биистед, рӯз мешавад, як пиёла чой мегиред, баъд шуморо мебарем, – мегӯяд волидони кӯдаки бемор.
– Не, наметавонам биистам. Кӯдак дар гаҳвора хоб буд, пас аз ним соат бедор мешавад. Охир ман момаи он кӯдакам.
– Шумо ҳатто вақти бедор шудани кӯдаки навзодро ҳам медонед?
– Чӣ, ба фикратон мома шудан осон аст? Бояд бидонӣ, ки кай, барои чи бо гиря бедор мешавад. Он нахустин кӯдаки модари ҷавон аст. Ҳанӯз таҷриба надорад, намедонад, ки фарзандашро чи сон бипарварад.
Шаби дигар момаи Сода ба хонаи як оилаи ҷавони дигар даъват мешавад. Кӯдак бар асари ранҷу дард безобита аст, хобаш намебарад. Дидан баробар дастур медиҳад, ки либосҳои ӯро аз танаш бикашанд.
– Ана бубинед, бепарво набошед, кӯдакатонро ҷондоре газидааст, пайи он боқист.
– Чӣ кор бикунем, момаи Сода?
– Талха доред? Зуд онро дар об андохта, обро биҷӯшонед ва баъд ширгарм намоед. Ҷисми кӯдакро бо он бишӯед. Бар асари талхии бадан дигар газандае ба ӯ наздик намешавад.
– Чӣ қадар талха бигирем?
– Биёред, ман худам мегирам ва дар об меҷӯшонаму оббозӣ медарорам. Бодиққат назорат бикунеду биомӯзед. Момаи Содаатон имрӯз ҳаст, кӣ медонад, ки фардо ҳаст ё нест. Ман дар сар оҳан намегирем. Офтоби сари кӯҳ шудаам...
Момаи Сода, як момаи одӣ нест, момаи як хонадон ҳам нест. Ҳеҷ кас нашумурдааст охир, ки бар чанд кӯдак доягӣ кардааст. Дар замони доягии ӯ кӯдаке ба ҳангоми тавлид ва ё то ба чилрӯзагӣ расидан намурдааст, аммо ҳама медонад, ки чандин кӯдаку модарро аз чанголи марг раҳондааст.
Дар деҳ ҳар  кас хостор аст, ки момаи Сода момаи кӯдакони ӯ бошад. Дар ин ҳол чил рӯз дар хонаи мардум мезияд, кӯдакро сиҳату саломат ба волидон месупорад. Кораш, балки заҳмати чил шабу рӯзааш нарх надорад. Мувофиқи ҳиммату тавоноияшон чизе бар ӯ медиҳанд ва бо сад узр мегӯянд: – Момаи Сода, розӣ бошед, ками моро ба ҷойи беш бипазиред, боз дар хидматем, хубиҳои шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем.
Момаи Содаро кӯдакон ҳам дӯст медоранд. Аз дур, ки ӯро бубинанд, ба пешвозаш медаванд. Онҳо медонанд, ки момаи дӯстдорашон ҳар кадомро бо муҳаббат мебӯсад ва аз ҷайбаш ширинӣ медиҳад.
Набераҳои момаи Сода дар деҳа зиёданд. Бархе аз дунё гузаштаанд. Аммо на ҳамаи онҳое, ки имрӯз ҳам зиндаанд, солашон ба ҷое расидаасту аз давлати пирӣ баҳраваранд, медонанд, набераи момаи Содаанд.
Ҷойи тааҷҷуб ва таассуф аст, ки имрӯзҳо ҷойи ин гуна момаҳо қариб дар ҳамаи деҳаҳои кишварамон холӣ аст. Албатта, ба ин тараққиёти замон, пешрафти илми тиб, мавҷудияти нақлиёт, фаъолияти хуби мошинҳои ёрии таъҷилӣ сабаб шудаанд. Аммо Сода барин момаҳо вазъи кӯдакони гузарҳо, деҳаҳоро аз замони тавлидашон беҳтар медонистанду онҳо табибони мардумӣ ҳам, ба шумор мерафтанд ва дар бораи хусусияти шифоии гиёҳҳо, обҳо, хокҳо маълумоти дуруст доштанд. На аз сӯзандору истифода мекарданду на аз доруҳои кимиёвӣ. 
Ҳоло аксар модарони ҷавон ва ҳам калонсол, ҳатто на моҳияти гаҳвораро медонанду на чӣ тавр бастану хобондани кӯдакро дар он. Дар бораи гиёҳҳои шифобахши кишвар маълумоти кофӣ надоранд. Ҳама рӯ овардаанд ба доруҳо, доруҳои хориҷӣ. Ҳол он ки дар мавридҳои бисёр зарур метавон аз дорухонаи табиати сарзаминамон ба хубӣ истифода бубарем. Оре, агар чунин момаҳо ва дар айни замон табибону донандагони вазъи тандурустии кӯдаконро дар деҳот дошта бошем. Ин зумра шахсон барои модарон тарғибгари ростини чӣ сон ба воя расондани кӯдакон буданд.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 06.04.2023 №: 70-71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив