ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

07 апрел 2023, Ҷумъа
56
0

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

МУАММОИ «ОФТОБ»
1. Шакли ҷамъи вожаи маҷлис. 2. Шумораи миқдорӣ. 3. Пурсишҷонишин. 4. Ҷирми осмонӣ. 5. Маркази маъмурӣ дар ҷануби Тоҷикистон. 6. Ҳарфи алифбои  ниёгон. 
7. Чопхона дар шаҳри Душанбе. 8. Як навъ андози давраи амирӣ. 9. Нашриёт. 
10. Муқобилмаънои «кам». 11. Асбоби миллии мусиқӣ. 12. Маркази Давлати Сомониён. 13. Иззат, эҳтиром  доштан.  14. Хӯроки миллӣ. 15. «Моҳи навро рафта – рафта *** оламгир кард» (Сайидо). 16. «*** каму ҷаҳон пок». (Зарбулмасал). 17. Дастмолро гӯянд. 18. Ҳарфи алифбои ниёгон. 19. Навъи нон. 20. Ба манзил  мерасонад. 21. Исми  мардонаи тоҷикӣ. 22. Муродифи мактуб. 23. Мева. 24. Навъи санъат. 25. Шоир ва қомуснигори  шинохтаи асрҳои 10 – 11 – и тоҷик. 
26. Қисме аз либос. 27. Романи П. Лукнитский. 28. Ишораҷонишин. 29. Қаҳрамони филми «Қисмати шоир». 30. Овозхони машҳури  арманитабори эронӣ.     

Мураттиб  Ҳотами  ҲОМИД, корманди нашрияи «Омӯзгор»


Нуралишо Силемоншоев ва  Гулнисои Саъдоншо - ғолибони рубрика
Рубрикаи  навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ +» - и саҳифаи «Шоми шанбе»   ҷамъбаст гардид. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро пешниҳод менамуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни ширкаткунандагон  Нуралишо Силемоншоев, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо ва Гулнисои Саъдоншо – сокини ноҳияи Нуробод, барои пешниҳоди ҷавобҳо ғолиби рубрика дониста шуданд. 

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru


ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
АЗИЗҶОН АЗИМӢ 
Тоҷикписаре, ки дар сесолагӣ  ба синфи 1 рафт
Азизҷон Азимӣ яке аз ҷавонони боҳушу муваффақи тоҷик буда, поягузори зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказист. Ӯ роҳбари ташкилоти “TajRupt” буда, хатмкардаи Донишгоҳи Ҳарвард ва Стенфорди ИМА дар бахши магистратура мебошад. Ҳамчунин, аввалин тоҷик дар рӯйхати Forbes 30 u 30 мебошад. 
Зеҳни сунъӣ ин системаҳои компютерие ҳастанд, ки мисли одам ва шояд аз он беҳтар қарор қабул карда тавонанд. 
Ӯ аз 3 то 7 - солагӣ бо муаллимон дар хонаашон дарс хонд. Дар 7- солагӣ ба синфи 4 рафт ва дар давоми як моҳ аз ду синф гузашт. Азизҷон дар 8 - солагӣ ҳамчун хонандаи синфи 7 ба Литсейи тоҷикӣ-туркии шаҳри Хуҷанд қабул шуд ва дар 11-солагӣ дар Амрико ғолиби Олимпиадаи байналмилалӣ гардид. Дар 15 - солагӣ бошад, мактаби миёнаро дар Амрико хатм кард ва дар 19-солагӣ якбора бо ду дипломи сурх мактаби олиро хатм намуд. Ҳоло, дар ташкилоти “TajRupt” ба хонандагон барномасозиро меомӯзонад. 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ

НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ 
ОҲАНГИ ТОЗА
 
- Рафиқон мувофиқи талаб тозатарин оҳангамро дар ҳузури шумо менавозам. Медонам бениҳоят ҷаззоб баромадааст, ба худам ҳам сахт маъқул. Мақсад танҳо ҳамин ки бори дигар ҳамроҳ гӯш кунему номашро якҷоя монем.
Дар айни авҷи мусиқӣ устод мебинад, ки мардум ҳама хӯрок кашида хобанд.
- Хеле хуб бо назардошти пешниҳодҳои шумо номи оҳанги навамро «Алла» мемонам, - мегӯяд устод худро бой надода. 

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ҶОМАШӮЙИИ ҶОН –  ҶОНИ ХУРДАКАК
Ҷон – Ҷони чинӣ дар Калифорния либосҳои заргаронро мешусту аз онҳо маблағ намегирифт. Мардум ба утоқи ҷомашӯйии ӯ бисёр меомаданд. Ин чинии хурдакаки меҳнаткаш касеро рад намекард. Ҳатто ӯро, ки бе пул ҷомашӯйӣ мекард, аблаҳ ҳам мегуфтанд.
Ҷон дар тули чанд моҳи кориаш он қадар ғубори тиллоро аз либосҳои заркобҳо шустааст, ки ин тилло барои ӯ як умр басанда будааст.

Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


ФАРИДУДДИНИ АТТОР
ЯК ҲИКМАТ
Марди ҳушёре ба Чин ба пеши пире рафт ва аз ӯ хост, ки аз ҳақиқат хабардораш бикунад. Он пири рӯзгордидаву тариқат шинохта, дар ҷавоб гуфт: «Дар маънои ҳақиқат даҳ ҷузв аст: яке кам гуфтану нуҳи дигар хомӯшӣ мебошад.».
Баргардонанда аз назм ба наср 
Абдулқодири РАҲИМ

АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША

АЗ ҚОМУСИ КАЛОН  ТО ДОРБОЗӢ ДАР ҲАВО 

1. Аз ҳама қомуси калон «Энсиклопедияи рангаи универсалии евроамерикоӣ» аст. Он аз 104 ҷилд ва 105 000 саҳифа иборат буда, дар он зиёда аз 165 миллион калима ҷой шудааст.
2. Компютери аввалин 30 тонна вазн дошту аз 18 ҳазор лампаи электронӣ иборат буд.
3. Самолёт дар ҳаво, дар болои қаноти он ҷавонзане дорбозӣ мекунад. Вай духтари 17-сола Стю - Сорен мебошад, ки дар чунин парвозҳо бештар аз 100 навъи санъати дорбозиро нишон додааст. Ин гуна санъаткоронро мактаби акробатикаи ҳавоии Лос-Анҷелес тайёр менамояд, ки дар он танҳо занҳо ҳунар меомӯзанд. 

Таҳияи Кароматулло АТО

ЗИМИСТОНИ АФСОНАВӢ

5. ФИНЛЯНДИЯ 
ХЕЛСИНКИ ВА Ё РОВАНИЕМ

Финландия дар фасли зимистон воқеан ҳам, афсонавӣ аст. Дар ин ҷо шумо метавонед бо Бобои барфии қадима ва ё тавре худашон мегӯянд – Йоулупукки шинос шавед, дар меҳмонхонаҳои яхин бо намои шафақи шимолӣ ба ҷойи чароғи шаб истиқомат намуда, сайругашти пуршӯр бо гавазнҳои шимолӣ ва ё сагҳоро таҷриба кунед.
Барои дӯстдорони лижаронӣ, барфгардҳо ва моҳигирӣ аз зери ях ин ҷо макони хубу бофароғат аст.
Бо як сухан барф ва таассуроти афсонавӣ дар Финляндия барои ҳама кофист. 

Таҳияи Кароматулло АТО

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПИРЯХИ ҚИЗИЛКӮЛ
Пиряхи Қизилкӯл аз рӯи маълумоти Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ дар нишебии шимоли қаторкӯҳи Пётри I дар ҳавзаи дарёи Сурхоб ҷойгир аст. Он дар масоҳати умумии 0,9 км2 доман паҳн карда, аз чанд қисмат иборат мебошад. 
Масалан, забонаи пиряхи Қизилкӯл дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, аз барфу тарма ғизо мегирад. Масоҳати майдони аблятсионии (ғизогирӣ) он ба 0,6 км2 мерасад. Дарёчаи аз Қизилкӯл ҷоришаванда ба дарёи Шураки Шарқӣ – шохоби чапи дарёи Сурхоб мерезад ва онро шодоб мегардонад. Дарозии пирях 2,5 километр мебошад. 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
 ҲАМАРО БИЁЗМУДАМ...
Дарди моро дар ҷаҳон дармон мабодо бе шумо.
* * * 
Ранҷи тан дур аз ту бод, эй роҳати ҷонҳои мо.
* * * 
Ҷоно, қабул гардон ин ҷустуҷӯи моро.
* * * 
Ганҷ аст ғами ишқ, вале пинҳон аст.
* * * 
Ҳамаро биёзмудам, зи ту хуштарам наёмад.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ

Вилям Шекспир мегӯяд
"Агар рӯзе фарзанддор шавам, беш аз ҳар бозичаи дигар ба ӯ пуфак мехарам. Пуфак ба кӯдак хеле чизҳоро ёд медиҳад. Ба ӯ ёд медиҳад, ки бояд бузург бошад, аммо сабук, то битавонад болотар биравад. Ба ӯ ёд медиҳад, ки чизҳои дӯстдоштанӣ метавонанд дар як лаҳза, ҳатто бидуни ҳеҷ далел аз байн бираванд. Пас набояд ба онҳо вобаста шавад. Ва муҳимтар аз ҳама ба ӯ ёд медиҳад, ки вақте чизеро дӯст дорад, набояд он қадар зиёд ба он наздик шавад ва фишор оварад, ки роҳи нафаскашиданашро бибандад, чун мумкин аст барои ҳамеша онро аз даст бидиҳад. Агар  як нафарро аз худ зиёдтар бузург донад, дар охир метаркад ва шояд он осебрасон низ, бошад". 

Таҳияи Нигина РАҲМОН

ЯК ЛАТИФА
БЕДОНАҲОИ ЗИНДА
Дар тарабхона марде пешхизматро даъват карда мегӯяд:
– Гӯш кун, додар, ҳамин бедонаҳоро боз ками дигар бурда бирён кун!
Пешхизмат:
– Магар хуб бирён нашудаанд?
Мард:
– Нағз бирён шуданашро намедонам, вале аллакай як «салат» - и маро хӯрда тамом карданд.

Таҳияи М. ОДИНАЕВА

РЕКОРДИ ҶАҲОНӢ ДАР АТЛЕТИКАИ САБУК ТАҒЙИР ЁФТ
Фемке Бол дар мусобиқоти Нидерланд дар маҷмаи пӯшидаи шаҳри Апелдорн масофаи 400 метрро дар 49,26 сония давида рекорди ҷаҳонии соли 1982 гузоштаи Ярмили Кратохвиловаро(49,59 сония)  барҳам зад.
«Ба шарофати ҳамаи мухлисоне, ки дар ин ҷо ҳузур доштанд, ман ин рекордро гузоштам» - мегӯяд медалдори биринҷии  22 – солаи олимпӣ.
«Бори аввал аст, ки чунин теъдоди одамонро дар ин толори варзиш мебинам. Вақте хатти ниҳоии мусобиқотро гузаштам, дарк кардам, ки рекорд аз ман аст, зеро ғиреви одамон баланд шуд.
Бол,  ҳамчунин, дар масофаи 500 метри дохили толорӣ бо натиҷаи 1:05.63 дар Бостон дар давиши аввали худ дар ин мавсим низ рекорд гузошт.
Дар бозиҳои Олимпии навбатии гузашта дар дави монеадор ба масофаи 400 метр ба гирифтани медали бинринҷӣ мушарраф гашт. 

Таҳияи Барноз  РАҲМОНШОЕВА


АМАЛҲОИ ҲАЙРАТОВАР ДАР ВАРЗИШ
БОКС 
АВВАЛИН НОКАУТИ МУТАҚОБИЛА ДАР ТАЪРИХ 
Ад Волгаст ва Ҷо Риверс 4 июли соли 1912 барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс дар вазни сабук ба ринг баромаданд. Ад бори чорум буд, ки унвонашро ҳифз мекард, зеро пас аз пирӯзӣ бар Баттлинг Нелсон ӯ қавитарин муштзани вазни сабук ба ҳисоб мерафт.
Дар раунди 13-ум зӯрозмоӣ байни Ад ва Ҷо воқеаи ғайричашмдоште рӯй дод: пас аз зарбаҳои мутақобила ҳар ду муштзан рӯи фарш афтиданд. Ин як нокаути воқеии мутақобила (двойной) буд, зеро Ад ва Ҷо пас аз анҷоми ҳисоби довар низ, мадори хестан надоштанд. 
Аҷоибии кор дар он буд, ки Ҷек Уэлш, довари қувваозмоӣ, бояд якеро ғолиб эълон мекард, вале он замон дар қоидаҳои бокс доир ба чунин ҳолат зербанде мавҷуд набуд. Аз ин рӯ, довар ба Ад Волгаст ёрӣ кард то ба пой хезад ва ӯро пирӯз эълон намуд. Ин дар ҳоле буд, ки Ҷо Риверс бе ёрӣ ба пой хест. Ҳарчанд ин қарори Ҷек Уэлш миёни ҳаводорони бокс сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда бошад ҳам, аммо бекор нагардид. 
Дар вохӯрии ҷавобии боксёрон (23 январи соли 1914) ғолиб муайян нашуд, бо қарори аксари доварон қувваозмоӣ дуранг эълон гашт. 
Аз русӣ тарҷимаи Маҳмуд МИРЗОЁН


4 СОҲИЛИ ЗЕБОТАРИНИ САЙЁРА
2. СЕЙШАЛ
Сейшал - яке аз соҳили зеботарин ва ҷолибу дилкаш дар қисмати Африқои Ҷанубӣ ҷойгир аст. Ин макон бо табиати рангину тасхиркунандаи худ ҳамчун дуюмин соҳили  зеботарини сайёра номдор шудааст. 
Табиати ин ҷо барои истироҳати ҳамагон мусоид буда, бисёр мавзеъҳои аксбардории мувофиқ дорад. Аксари сайёҳон танҳо барои аксбардорӣ кардани мавзеъҳои ҷолиби ин соҳил ба он ҷо мераванд.
 Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР

5 ТАМОЮЛИ АСОСИИ САЙЁҲӢ ДАР СОЛИ 2023
5. САФАРҲО АЗ РӮИ ХОҲИШҲО

Дар соли 2023 ҷаҳонгардон омодаанд, ки барои сафар ба ҷойҳои мақбул, дороии худро сарф намоянд. Бисёри одамон дарк кардаанд, ки зиндагӣ барои мавқуф гузоштани орзуҳои худ бениҳоят кӯтоҳ аст, бинобар ин, мехоҳанд орзуҳои худро ҷиҳати сафар ба ин ё он макони дилхоҳ, аллакай, амалӣ гардонанд. 
Қариб нисфи ҷаҳонгардон иқрор шудаанд, ки барои амалисозии орзуҳои худ ба сарфи маблағи бисёр омодаанд, то таассуроти бештар гиранд. 
Дар ҳамин ҳол, бархе пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки буҷет ҳоло ҳам омили муҳим дар банақшагирии саёҳат боқӣ мемонад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


БАДБАХТ ВА ХУШБАХТ

Юрий Никулин, маъруфтарин ҳунарпешаи кино ва сирки рус, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва иштирокдори ҶБВ буд. Дар пиронсолӣ, соли 1996 ҳангоми яке аз суханрониҳо ҳикматеро бозкушод, ки номи ӯро бештар сари забонҳо кард. 
Он замон дар Россия ҷангҳо ва кашмакашиҳои дохилӣ ҷараён доштанд ва бо сӯзи бепоён гуфта буд: «Мардуми дунё ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: хушбахт ва бадбахт. Агар гурӯҳи одамони аввал бахти худро бо инсонҳои камтолеъ ба ҳам медиданд, дар ҷаҳон касе бадбахт намешуд».

Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР

НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ 
ДЕВОНА
Аз суҳбати дугонаҳо:
- Бовар мекунед дугонаҷон, Юсуф гуфт, ки агар ҳамин дафъа ҳам ба хостгорҳояш ҷавоби рад диҳам, девона мешавад.
- Аҷиб, ҳамин пагоҳӣ ба ман изҳори муҳаббат кард.
- Ҳмм, дурӯғ нагуфта будааст, аниқ девона шудааст.

Таҳияи 
Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ

ЯГОНА  НУҲГОНИКИ ДУНЁ
4 майи соли 2021 Ҳалима Сиссеи 26-сола аз Марокаш нуҳ кӯдак: 5 духтар ва 4 писаре таваллуд кард. Аз чунин теъдод таваллуд карданашро танҳо чанд дақиқа қабл аз зоиш фаҳмид, зеро то ин дам ба муоинаи кардааш муътақид буд, ки ҳафт тифлро ба дунё меорад. (Ин теъдод ҳам кам нест).
Анқариб ду сол кӯдакон дар дармонгоҳи терапияи интенсивӣ таҳти назорат қарор доштанд ва ҳамаашон солим монданд. Модар – Ҳалима Сиссе бошад, бо таваллуди нуҳгоник шомили Китоби рекордҳои Гиннесс гардид. Ӯ бо шавҳараш соҳиби 10 кӯдак, бо шумули духтарчаи калониашон мебошанд.
Таҳияи Раҷабалӣ 
ИСМАТУЛЛОЕВ

 

25 СОЛ ДАР БОЛОХОНА
Саргузашти зиндагии Бланш Монйе ба сюжети афсонаи аҷибе монанд буд. Аммо ин афсона нест, ин ҳақиқат аст. Ҳақиқати модари золиме, ки тамоми умр духтарашро бадбахт кард.  
Монйе 1 марти соли 1849 дар Фаронса дар оилаи сарватманд ба дунё омадааст.  Ӯ бо зебогӣ ва хоксорияш таваҷҷуҳи мардонро ба худ ҷалб менамуд. Аммо оила барпо намудан дар фикраш набуд, бо вуҷуди эътирозҳои модар. Модари сахтгираш Луиза-Леонард барои издивоҷ бо духтараш Чарлз-Эмилро интихоб кард, ки аз духтар хеле бузург буд. Монйе ба ҷойи издивоҷ, зиндагӣ дар болохонаро интихоб кард. 25 сол Монйе Офтобро надид, пасмондаи таомҳоро мехӯрд. Аммо то марг хашми модар паст нашуд, вақте ӯро пайдо намуданд, зан 49-сола буд ва 25 кило вазн дошт. 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 

Санаи нашр: 07.04.2023 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив