ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҒУН.  ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ ИСТИФОДА НАМЕШАВАНД. ЧАРО?

РОҒУН.  ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ ИСТИФОДА НАМЕШАВАНД. ЧАРО?

10 апрел 2023, Душанбе
66
1


Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ба шумо изҳори сипос намуда, ҳамзамон, маводи таҳияшудаи корманди рӯзнома Зикруллоҳ Раҷабзодаро бо номи “Роғун. Имкониятҳои сайёҳӣ истифода намешаванд. Чаро?”, аз 13 марти соли 2023 нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дод.    
Ҳоло дар шаҳри Роғун 7 осоишгоҳ мавҷуд буда, барои хизматрасонии меҳмонон омода мебошанд. Танҳо дар соли 2022 ду инфрасохтори табобатию истироҳатӣ барои хидматрасонӣ ба аҳолӣ ва меҳмонону сайёҳон мавриди истифода қарор дода шуд. Осоишгоҳҳои мазкур ба соҳибкорон тааллуқ дошта, ҳолати хизматрасонии онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор зери назорати пайваста қарор дорад. 
Дар соли 2022 ба шаҳр 4037 сайёҳ, аз ҷумла 373 сайёҳи хориҷӣ ташриф оварда, таассуроти худро ҷолибу хотирмон арзёбӣ карданд. Фаъолияти осоишгоҳҳо тибқи талаботи муқарраршуда ба роҳ монда шуда, шароити хизматрасонии онҳо мунтазам беҳтар мегардад.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва хизматрасонӣ мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ин рӯ, “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025” таҳия ва тасдиқ шудааст, ки тибқи нақша 88 лоиҳа ба маблағи 204,8 миллион сомонӣ пешбинӣ  шуда, то ин вақт 36 дарсади нақша амалӣ гардид.
Ҳамзамон, бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани шаҳр дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли ҷорӣ дар ҳудуди он наздики 60 ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ ва 14700 бех дарахтони сояафкан ва ҳамешасабу мевадиҳанда шинонида шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун минбаъд низ дар доираи салоҳиятҳои худ барои ҳамкории ҳамаҷониба бо воситаҳои ахбори омма, бахусус рӯзномаи “Ҷумҳурият”, омода мебошад. 

Баҳром ШАРАФЗОДА ,
муовини раиси шаҳри Роғун   

P.S. 13 марти соли 2023 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” матлаби хабарнигори рӯзнома Зикруллоҳ Раҷабзода бо номи “Роғун. Имкониятҳои сайёҳӣ истифода намешаванд. Чаро?” чоп шуд.  Муаллиф дар он пас аз таҳқиқу омӯзиши баъзе аз маконҳои сайёҳии шаҳр, бахусус шаҳраки Оби Гарм ва мавзеи Муллошайх, ки дорои обҳои гарми табиии шифобахшанд, таъкид мекунад, ки вазъияти онҳо ногувор ба чашм мерасад. Бояд гуфт, ки обҳои мазкур барои буғумдард, бемории пӯст ва дигар маризиҳо шифобахш мебошанд. Аммо айни ҳол бинои онҳо ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯй набуда, фаршҳои шикаста, дарҳо вайрону обҳои ифлос буда, аксари ҳуҷраҳояшон ҳатто дару тиреза ҳам, надоранд.
Масъулон ба ҷойи ҷавоби мушаххас додан ба вазъи кунунии мавзеъҳои зикршуда, ки мақола ба онҳо нигаронда шудааст, бештар аз сайёҳӣ ва зарфиятҳои он гуфтаанд. Дар бораи шаҳраки Оби Гарм, мавзеи Муллошайх, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дар шоҳроҳ ва Боғчаи «Нақб» дар ҷавоб ҳарфе гуфта нашудааст. 
Мақсад аз нашри матлаб ислоҳи камбудиҳо буд, аммо чӣ тавре, ки огоҳ шудем, касе ба суроғи мавзеъҳои зикршуда нарафта, ҳисоботи соҳаи мавриди назарро ирсол доштаанд. 

Санаи нашр: 10.04.2023 №: 73
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (1)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
0101
0101 21 феврал 2024 09:32
Зикруллоҳ Раҷабзода! Ба фикрам пулта гирифта қаҳрат омад танқидаш кардӣ

Фикри шахсии ман. Ҷои беҳтаринай ман ҳар сол 3-4 маротиба меравам, ҳар як сол дигаргуниҳо баназар мерасад. Ин маънои онро дорад ки Соҳибкор ҳаракат кардестай