ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТАРАВШАН.  БА МАҲАЛЛАИ ДИЛКУШО ОБ ОМАД

ИСТАРАВШАН.  БА МАҲАЛЛАИ ДИЛКУШО ОБ ОМАД

10 апрел 2023, Душанбе
17
0


Сокинони маҳаллаи Дилкушои шаҳри Истаравшан дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодоб гардиданд. Хурсандии аҳли маҳалла ҳадду канор надошт, зеро бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ҳамзамон, бо саҳми сокинони эҳсонкору саховатпеша ва соҳибкорони муваффақи маҳалла бо харҷи беш аз 700 ҳазор сомонӣ чоҳи амудӣ канда, ба масофаи 4,5 км хатти оби нӯшокӣ кашида шуда, лӯла ва обченкунакҳо насб шуданд.
Дар ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода иштирок ва суханронӣ намуда, гуфт, ки маҳаллаи мазкур дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд гардида, тули 30 сол сокинонаш аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. 
Бино ба иттилои раиси кумитаи маҳалла Мавҷуда Абдураҳмонова, бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби нӯшокӣ зиёда аз 2200 нафар аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гардид, ки дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватандӯст Обидҷон Раҳимов, Илёс Холбоев, Адҳам Маҳмудов, Хушбахт Юсуфов, Камол Неъматуллоев, Набӣ Шарифов, Файзулло Аҳроров, Солӣ Юсуфов, Мухтор Ғафуров ва дигарон хеле назаррас аст.
- Ҳамаи ин ободониву пешравиҳо маҳз аз сиёсати хирадмандонаву некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд ва мо мардуми Истаравшан шукронаи онро мекунем, ки чунин Сарвари инсонпарвар дорем, - мегӯяд Мавҷуда Абдураҳмонова. 
Дар навбати худ сокинони маҳаллаи Дилкушо аз ин туҳфаи арзанда хушҳол гардида, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, зеро мушкили чандинсолаи онҳо ҳалли худро ёфт.

Саъдулло САЙФУЛЛОЗОДА,
рӯзноманигор, шаҳри Истаравшан

Санаи нашр: 10.04.2023 №: 73
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив