ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ

ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ

10 апрел 2023, Душанбе
22
0


Дурахши тиллоии Иброҳимҷон ва чор нишони биринҷии гӯштигирон
Дзюдочиёни Тоҷикистон дар Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасон ва ҷавонон (Алма-Ато, Қазоқистон) 5 медал (1 тилло ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. 
Нишони тиллоро Иброҳимҷон Элмуродов миёни сангинвазнҳо соҳиб шуд. Ӯ дар финал паҳлавони мизбон Нурсултан Кабланро шикаст дод. Мақомҳои сеюмро Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Лоиқ Қутбиддинов (-55кг), Ворис Назаров (-66кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (-73кг) касб карданд. 


ЛИГАИ МИНТАҚАҲО
Клуби дзюдои “Ҳоҷӣ Шариф” 
ба даври дуюм роҳхат гирифт
Клуби дзюдои “Ҳоҷӣ Шариф” дар лигаи минтақаҳо (8 апрел, Москва) дар гурӯҳи “А” ҷойи сеюмро гирифта, ба марҳилаи дуюм роҳ ёфт.
Марҳилаи дуюми мусобиқа 6 май ва финал 8 июл ба нақша гирифта шудааст. Буҷаи ҷоизаҳои чорабинӣ 6 миллион рублро ташкил медиҳад.


ЛИГАИ ОЛӢ
Пешсафии “Истиқлол” 
ва “Эсхата” 
пас аз ду давр
Дар даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ “Истиқлол” бар “Файзканд” (2:1), “Эсхата” бар “Хатлон” (2:0) ва “Ҳосилот” бар “Кӯктош” (3:0) ғолиб гардиданд. 
Бар пояи иттилои Лигаи футболи кишвар, бозиҳои КМВА – “Равшан” (0:0) ва “Хуҷанд” – “Регар ТадАЗ” (2:2) мусовӣ анҷом ёфтанд. 
Пас аз ду давр, “Истиқлол” ва “Эсхата” бо касби 6-холӣ пешсафанд.  
Дар даври навбатӣ  “Ҳосилот” бо КМВА, “Файзканд” бо «Кӯктош» (11 апрел), “Регар-ТадАЗ” бо “Истиқлол”, “Эсхата” бо “Хуҷанд” ва “Равшан” бо “Хатлон” (12 апрел) вомехӯранд. 


ТЕННИС
Каспер Рууд Estoril Open-2023-ро фатҳ кард
Теннисбози Норвегия Каспер Рууд дар мусобиқаи Estoril Open-2023 ғолиб омад.  
Тибқи иттилои сомонаи sport24.ru, ракеткаи 5-уми ҷаҳон дар рақобати ниҳоӣ бар Миомир Кесмановичи серб, ки дар радабандии ATP дар зинаи 40-ум аст, дар ду сет – 6:2, 7:6 (7:3) пирӯз гашт. 

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш

Санаи нашр: 10.04.2023 №: 73
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив