ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  ҲАВЗИ МОҲӢ ДОРЕМУ ГӮШТИ МОҲӢ - НЕ! ЧАРО?

ВМКБ.  ҲАВЗИ МОҲӢ ДОРЕМУ ГӮШТИ МОҲӢ - НЕ! ЧАРО?

11 апрел 2023, Сешанбе
40
0

 
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид, ки тибқи он, бояд дар шаҳру ноҳия ва  вилоятҳои ҷумҳурӣ ба рушди ин соҳаҳо таваҷҷуҳи бештар  равона гардад. Дарвоқеъ, дар ҷумҳурӣ аз ҳама бештар  соҳаи моҳипарварӣ ба  рушд ниёз дорад. Тавре мушоҳида мегардад, ҳанӯз ҳам дар нуқтаҳои савдо гӯшти моҳии воридотӣ бисёртар мавҷуд аст. Вазъият дар ин самт дар  Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, махсусан ташвишовар аст. Як вилояте, ки масоҳати он бештар  аз 40 фоизи кишварро ташкил дода, қариб тамоми дарёҳои кишвар аз кӯлҳои он сарчашма мегиранд, на танҳо қудрати содироти моҳӣ надорад, балки гӯшти моҳиро дар бозору дигар нуқтаҳои савдои  он кам андар кам дарёфт кардан мумкин аст.
Чанде пеш ин масъала  дар  машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки  бо иштироки кормандони раёсати кишоварзӣ ва идораву муассисаҳои марбутаи вилоят, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси вилоят  моҳипарвариро яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии вилоят унвон карда, оид  ба ривоҷ додани моҳипарварӣ ва ташкили  хоҷагиҳо  дар ин самт ба  идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас  дода шуд. Зикр гардид, ки  моҳипарварӣ  дар вилоят дорои имкониятҳои рушд ва мушкилиҳои муайян  мебошад ва  дар Барномаи мазкур нозукиҳои рушди соҳа  дар кишвар ба назар гирифта шудаанд. Вале ба гуфтаи раиси вилоят, саволи матраҳ ин аст, ки чаро мо ҳавзҳои зиёди моҳӣ дорем, аммо дар бозору ягон нуқтаи савдои дигари вилоят гӯшти моҳии маҳаллӣ тухми анқо гаштааст?
Бобати имкониятҳои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Вилоят сардори раёсати кишоварзии он Гулзорхон Шакаршоев   ибрози назар карда, гуфт, ки дар ВМКБ  Ассотсиатсияи моҳипарварӣ ҳанӯз соли 2010 ташкил ёфта бошад ҳам, он чанд соли аввал фаъолияти назаррас надошт. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа дар вилоят корҳои муайян анҷом дода шуданд. Бо мақсади таъмини аҳолии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилоят бо моҳӣ аз тарафи Ҷаноби Олӣ як нақлиёти махсус (рефриҷератор), заврақҳои резинӣ ва симтӯр барои моҳигирӣ ба Ассотсиатсияи моҳипарварӣ  кумак карда шуд. Баъди ин, дар бозори шаҳри Хоруғ ва нуқтаҳои алоҳидаи  деҳот гӯшти моҳии маҳаллӣ пайдо шудан гирифт. Вале ин ҳанӯз  талаботи аҳолиро бо гӯшти моҳии маҳаллӣ  қонеъ карда  наметавонад.
Тавре маълум аст, Бадахшон дорои кӯлҳои зиёде мебошад, ки метавон дар онҳо  моҳипарвариро ривоҷу равнақ бахшид. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони гидрологӣ, дар Бадахшон зиёда аз 1500 ҳавзу обанбори гуногуни табиӣ  вуҷуд дошта, дар баъзе обанборҳо захираи кофии моҳӣ мавҷуд аст. Калонтарин ҳавзҳои дорои захираҳои моҳии молӣ  дар  Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон инҳо обанборҳои Булункӯл, Яшилкӯл, Зоркӯл, Чаканкӯл, силсилакӯлҳои Друмқӯл, Трумтайқӯл мебошанд. Ба ғайр аз ин,  дар ҳудуди вилоят баъзе ҳавзҳои хурди моҳидорӣ мавҷуданд. Дарёҳои Помир, Ғунд, Шохдара ва  Бартанг ҳам як миқдор моҳӣ доранд. Вале нисбат ба онҳо обанбори Булункӯл дорои захираи ғании моҳӣ   мебошад ва ин обанбор аз он ҷиҳат ҳам фоидаовар аст, ки ба маркази вилоят наздик буда, роҳи нисбатан хуби мошингард дорад. Бинобар ин, айни ҳол барои таъмини аҳолии шаҳри  Хоруғ ва қисми болоии ноҳияи Шуғнон бо гӯшти  хушсифати моҳӣ аз захираи моҳии ин обанбор бештар истифода бурда мешавад. 
Сардори раёсати кишоварзии Вилоят Г. Шакаршоев, ҳамчунин, афзуд, ки бо мақсади рушди моҳипарварӣ дар вилоят соли 2022 бо супориши раиси он Мирзонабот Алишер аз вилояти Суғд 40 ҳазор моҳича оварда, ба ҳавзҳои моҳипарварии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа сар дода шуданд. Ҷиҳати фаъолгардонии Ассотсиатсияи моҳипарварии Вилоят роҳбари он иваз гардид. Имрӯз ба ин Ассотсиатсия Шавкат Лаълбеков, ки таҷрибаи кории чандинсола дорад, роҳбарӣ мекунад. 
Айни ҳол  Ассотсиатсияи моҳипарварӣ 15 узв дорад. Дар ҳавзҳои сунъии моҳипарварии ноҳияҳои Роштқалъа, Рӯшон ва Шуғнон имрӯз корҳои таъмиру барқароркунӣ  идома доранд.  Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кории Ассотсиатсия аз тарафи мутахассисони соҳа, аз ҷумла профессор Абдулназар Абдулназаров,  ба он  тавсия ва  пешниҳодҳои ҷолиб дода мешаванд. Моҳипарваронро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияҳо дастгирӣ менамоянд. Масалан, бо дастгирии раиси Вилоят Алишер Мирзонабот моҳипарвар Нозигул Элназарова, ки дар 4 гектар замини бекорхобида ҳавзи моҳипарвариро ташкил намудааст, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 300 литр сӯзишвории дизелӣ  ва техникаи корӣ – экскаватор ёрдам расонда шуд. Моҳипарвар Н. Элназарова дар ҳавзи дигар бошад, айни ҳол   намуди моҳиҳои «карп» ва «амури сафед» -ро парвариш мекунад.   
Г. Шакаршоев сабаби кам будани гӯшти моҳӣ дар бозорҳои шаҳри Хоруғро ба чанд вақт вайрон будани нақлиёти махсуси моҳикашонӣ (рефриҷератор) рабт дода, тавзеҳ дод, ки ба ин сабаб,  аз кӯлҳои Булункӯл  ва Зоркӯл дар мавсим  моҳӣ оварда нашуд. Ҳоло бошад,  ҳар ду техникаи моҳикашонӣ дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта, моҳипарварон ният доранд, ки имсол талаботи аҳолии Вилоятро бо гӯшти моҳӣ  беҳтар таъмин созанд. 
Аммо Алишер Мирзонабот сабаби кам истеҳсол гардидани моҳӣ дар соли 2022-ро  ба  фаъолияти сусти Ассотсиатсияи моҳипарварӣ дар Вилоят марбут дониста, зикр намуд, ки  моҳипарварони он дар вақташ ба парвариш ва сайди  моҳӣ диққати зарурӣ равона накарданд. Раёсати кишовазӣ ва Ассотсиатсияи моҳипарварони ВМКБ  вазифадор гардиданд, ки минбаъд ҷиҳати самаранок ва устуворона истифода намудани захираҳои обии Бадахшон ва бо маҳсулоти моҳӣ таъмин намудани аҳолӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиии моҳӣ дар кӯлҳои Бадахшон ва истеҳсоли моҳии молӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва обанборҳои сунъӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Комиссияи махсуси назди МИҲД-и Вилоят, ки тибқи барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар он ташкил шуд, вазифадор гардид, ки дар якҷоягӣ бо Кооператсияи КВД-и «Моҳии Тоҷикистон» ҷиҳати  рушди хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ВМКБ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд. Аз ҷумла, барои моҳипарварӣ қитъаҳои мувофиқро дар қаламрави Вилоят муайян карда, раисони шаҳру ноҳияҳо барои ташкили ҳавзҳои нави моҳипарварӣ дар ин қитъаҳо  мусоидат намоянд.  

Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.04.2023 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив