ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ “БА ҶТ “АМОНАТБОНК” ИҶОЗАТНОМА ДОДА ШУД

БА КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ “БА ҶТ “АМОНАТБОНК” ИҶОЗАТНОМА ДОДА ШУД

12 апрел 2023, Чоршанбе
30
0
Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 6 апрели соли 2023, таҳти № 37, мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” тавассути азнавбарасмиятдарорӣ барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ Иҷозатнома дода шуд. 
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло зимни супоридани Иҷозатнома ба раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ таваҷҷуҳи номбурдаро барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи сифати хизматрасонии молиявӣ, мусоидат ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ, зиёд намудани пешниҳоди қарз, бахусус дар минтақаҳои дурдасти кишвар ва ба ин васила саҳми назаррас гузоштан дар дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва дар маҷмуъ рушди иқтисодиёти кишвар ҷалб кард. 
Ҳоким Холиқзода ба Сироҷиддин Икромӣ барои идомаи фаъолияти пурсамар ва амалӣ намудани нақшаҳо ҷиҳати таҳкими  рушди низоми бонкии кишвар комёбиҳо орзу намуда, омодагии хешро барои ҳамкории судманд ва дастгирии ҳамаҷониба изҳор дошт. 
Шуъбаи матбуоти БМТ 
Санаи нашр: 12.04.2023 №: 75 - 76
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив