ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «МАН ҲАМОНАМ, КИ...»

«МАН ҲАМОНАМ, КИ...»

12 апрел 2023, Чоршанбе
18
0
Оре, Убайдулло Раҷаб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ҳамоне буд, ки мо ӯро дидаву барои шахсияти бузургаш, ҳунари волову нотакрораш каф кӯфтаем.
 
Ҳунарпешагони маҳбуби маъруфу нотакрорро мегӯянд, ки дар як аср як бор табиат тавлид мекунаду мебахшад. Аммо агар бигӯем, ки ӯ ҳунарпешае буд, ки дар асри гузашта ва асри навин назир надошт, хато намекунем. Ин ҳақиқатест, ки ниёз ба собит сохтан надорад. Ҳар кӣ ӯро дидаву ба эҷодаш ба дидаи хирад ва ибрат менигарад, онро беихтиёр мепазирад. Воқеан, ҳунарпешае буд, ки хурд ҳам дӯсташ медошту бузург ҳам.
Бо ҳузураш, дидораш табассум мекарданду шод мешуданд. Барҳақ, «ман мехостам, ки мардум бифаҳманд, аммо онҳо хандиданд». Нақшҳои офаридаи ин ҳунарпеша дар театру синамо аксар ҳаводоронашро хандондаанд, дар сурате ки мехост, онҳо наханданд, балки бифаҳманд.
Ҳунар ҳамин як талабот дорад: ҳастиятро мебахшӣ ва пас аз он барои як умру сад умри дигар ҳастият мебахшад. Убайдулло Раҷаб аз ҳамин зумра буду ҳастияшро ба ҳунар бахшид.
Агарчи ҳаводоронаш пайвасти ӯро ба василаи шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ дар саҳнаҳо мебинанд, аз ҳунараш, нақшофарияш ҳаловат мебаранд, механданд, аммо намедонанд, то ба қуллаҳои баланди ҳунар чӣ гуна бо машаққатҳои зиёд баромадааст. Ҳама кӯшише дар бораи донистан мекӯшем, аммо табиист, ки шинохти пурраи соҳибистеъдодон ҳеҷ гоҳ даст намедиҳад. Дуруст аст, ки:
Чу рахти хеш барбастам 
аз ин хок,
Ҳама гуфтанд: Бо мо 
ошно буд.
Валекин кас надонист 
ин мусофир,
Чӣ гуфту бо кӣ гуфту 
аз куҷо буд.
Ҷонибек Асрориён, таърихнигор ва фарҳангшиноси маъруф, бо дарки ин маънӣ ва ҳақиқат кӯшиши шиносондани ин ҳунарпешаро ба бахти мо, ҳунари миллӣ, дар замони зиндагияш оғоз бахшид ва ба анҷом расонд. Шеваи кори ӯ аз дигарон ба куллӣ фарқ дорад. Ба хонанда, шунаванда ва бинанда ҳунарпешаро бо сухани худаш, нақли рӯзгори рафта, талошҳо, шикастҳо, афтодану хестанҳо ва дастовардҳои бузургаш ошно сохт. Дар баъзе мавридҳо водораш намуд, ки парда аз асрори ниҳони рӯзгору кораш худ бардорад. Албатта, суҳбатҳои радиоиву телевизионӣ дигаранд, яъне нисбат ба рӯи когаз овардану дар шакли китоб пешниҳод намудан осонтар мебошанд. Аз ин рӯ, заҳмати муаллиф шоиста ва арзандаи ситоиш аст.
Китоб аз се бахш: «Достоне ба дарозии раҳи ашк», «Ман ҳамонам, ки маро дидаву каф кӯфтаед» ва «Аксҳои гӯё» иборат аст.
Бо мутолиаи ин китоб, махсусан қисмати муколамаҳо дармеёбем, ки ин ҳунарпеша ҳамеша дар ҳоли омӯзиш, ҷустуҷӯ ва андешидан будааст. Аз онҳо ҷаҳонбинӣ, муносибат ба ашёву одаму олам, шахсиятҳои маъруф баръало маълум мешавад. Гоҳо пурсишҳои муаллиф ғайричашмдошт сурат мегиранд ва дар ин маврид хонанда мепиндорад, ки посухашро ӯ ҳам медонад. Аммо баъди мутолиа посухҳои ғайриинтизораш андешаашро дигар мекунад, муҳаббаташро ба ҳунарпеша меафзояд. Мисол: 
«Ҷ. А: – Оё Шумо меъёри хиёнатро муқаррар кардаед? Оё хиёнат хурду бузург мешавад?
У. Р: – Хиёнат ҳамон аст, ки манфиатҳои худро бар зиёни ҷиддии шахсе, ки ба ту бовару эътимод дорад, боло мегузорӣ. Сухан дар хусуси шахс нест. Сухан дар боби ба ҳиҷ гирифтани боварӣ ва эътимод аст. Дар ин ҳолат муқаддасот аз байн мераванд... Бале, хиёнат хурду бузург намешавад, вале ман фикр мекунам, ки қиёсу андоза дорад. Масалан, таносуби шахсу Ватан». 
Ҳамин тавр, навиштану нашри китоби «Ман ҳамонам, ки...» аз ҷониби Ҷонибек Асрориён барои омӯзиши шахсияти нотакрори дунёи ҳунар Убайдулло Раҷаб на танҳо барои имрӯзиён, балки барои фардоиён, ки ба ин роҳи душвор гом мегузоранд ва нафароне, ки таърихи ҳунари миллии моро меомӯзанд, бисёр зарур ва ба маврид мебошад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 12.04.2023 №: 75 - 76
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив