ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. ТАНТАНАИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА

ХАТЛОН. ТАНТАНАИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА

13 апрел 2023, Панҷшанбе
14
0
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маросими гусели даъватшавандаҳо ба сафи Артиши миллӣ барпо гардид. Садҳо нафар ҷавонони матину шуҷоъ аз ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилоят бо руҳияи баланду ифтихори ватандорӣ саф ороста, ба чорабинии тантанавии Рӯзи даъватшаванда ҳозир шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҳамоиш зикр намуд, ки имрӯз ҷавонони бо нангу номус барои адои қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан – Модар бо ҳам омаданд ва баҳри хизмати содиқона хизмат камари ҳиммат бастаанд.
Раиси вилоят аз масъулиятшиносӣ ва ташаббуси ватанпарастона, ҳувияти баланди миллӣ, матонату ҷавонмардии онҳо сухан ронда, ба волидайнашон миннатдории хешро баён намуд.
Тазаккур ёфт, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, дар симои сарбозони ҷасури Ватан ҳомиёни сулҳу оромии сарзамини аҷдодиро мебинанд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромии кишвар барои рушду ободии он дар ҷабҳаҳои гуногун софдилона заҳмат кашида истодаанд.
 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон иброз доштанд: “Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарории сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд”. 
– Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони кишвар, инчунин, ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоянд, ки зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст, – таъкид намуд Давлаталӣ Саид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муҳимеро ба анҷом расондааст. Раиси вилоят гуфт, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда 1000 нафар даъватшаванда ҳар сол ба курсҳои ронандагӣ ва ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома мегарданд. Тайи ду соли охир бошад, шумораи ҷавонони синни даъватие, ки ба курсҳои ронандагӣ ҷалб мешаванд, ба 1500 нафар расидааст. 
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони ноҳияҳое, ки нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзҳои аввал ба анҷом расонданд, сипосгузорӣ намуда, изҳори итминон кард, ки ҷавонони ватандӯст ва хештаншиноси вилояти Хатлон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамонро бо сари баланд ба ҷо оварда, баҳри таъмини зиндагии осоишта ва муҳофизати марзу буми Меҳан бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.
Дар интиҳои маҳфил ба ҳазор нафар даъватшаванда туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим шуданд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият "
Санаи нашр: 13.04.2023 №: 77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив