ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПУТИН: «БЕКОРӢ ДАР РОССИЯ  ДАР САТҲИ ПАСТ ҚАРОР ДОРАД» 

ПУТИН: «БЕКОРӢ ДАР РОССИЯ  ДАР САТҲИ ПАСТ ҚАРОР ДОРАД» 

13 апрел 2023, Панҷшанбе
18
0
Мир 24. Владимир Путин, Президенти Россия, дар нишасти роҷеъ ба масоили иқтисодӣ гуфт, ки бекорӣ дар Россия  дар сатҳи пасти таърихӣ қарор дорад. Дар бисёр минтақаҳо ҳатто коргарон намерасанд.
Путин зикр кард, ки вазъи бозори меҳнат яке аз мавзуъҳои аслии Форуми иқтисодии дарпешистодаи Санкт-Петербург (SPIEF) хоҳад буд. Дар робита ба ин, Президент аз ширкаткунандагони ҷаласа даъват намуд, ки дар ин мавзуъ масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ кунанд.
Путин пеш аз ин гуфта буд, ки иқтисоди Россия рушди босуръатро идома медиҳад ва дар пасманзари омори мусбат Ҳукумат пешгӯии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро беҳтар кардааст.
 
 
ҲАЙАТҲОИ НИЗОМИИ КИШВАРҲОИ ИДМ МАСЪАЛАҲОИ ТАКМИЛИ НИЗОМИ ЯГОНАИ МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ТАСС. Ҳайатҳои низомии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Самарқанд зимни ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои зидди ҳамлаи ҳавоӣ дар назди Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ масъалаҳои такмили системаи ягонаи дифои зиддиҳавоиро баррасӣ карданд. 
«Тибқи рӯзномаи ҷаласа, 14 масъалаи такмили системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, инчунин, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи низомии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи мудофиаи ҳавоӣ баррасӣ шуд», – гуфт муовини раиси Кумитаи ҳамоҳангсозӣ, муовини сарфармондеҳи неруҳои ҳавоии Россия оид ба аслиҳа  генерал-полковник Юрий Грехов. 
Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ҷаласа натоиҷи фаъолияти Кумитаи мазкур ва мақомоти кории он барои соли 2022 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2023 муайян гардиданд.
 
 
САФАРИ ДАВЛАТИИ  ПРЕЗИДЕНТИ БРАЗИЛИЯ БА ЧИН 
ТАСС. Рӯзномаи “Global Times” бо такя ба ақидаи коршиносони чинӣ хабар медиҳад, ки сафари давлатии Президенти Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамгироии кишварҳои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ)-ро таҳким бахшида, ба эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Мувофиқи барномаи дипломатии баҳорӣ, Чин боз як дӯсти дерина, Президенти Бразилияро, ки бо сафари давлатӣ ба Чин омадааст, қабул кард. Ҳамчун аъзои БРИКС, Чин ва Бразилия тавассути рушди равобити иқтисодӣ ба таҳкими ҳамгироӣ байни аъзои созмон ёрӣ мерасонанд. 
Чорабиниҳо дар чаҳорчӯбаи сафар имрӯз оғоз мешаванд. Луис Инасиу Лула да Силва дар маросими ба вазифа шуруъ намудани раиси Бонки нави рушди БРИКС Дилма Роуссефф ширкат варзида, инчунин, бо соҳибкорон мулоқот анҷом медиҳад. Шоми панҷшанбе ӯ аз Шанхай ба Пекин сафар намуда, рӯзи дигар дар он ҷо бо Роҳбари Чин мулоқот мекунад.
Санаи нашр: 13.04.2023 №: 77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив