ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "СОМОН ЭЙР" ВА "KAYAN TRAVEL GROUP"  ЁДДОШТИ ҲУСНИ ТАФОҲУМРО БА ИМЗО РАСОНДАНД

"СОМОН ЭЙР" ВА "KAYAN TRAVEL GROUP"  ЁДДОШТИ ҲУСНИ ТАФОҲУМРО БА ИМЗО РАСОНДАНД

13 апрел 2023, Панҷшанбе
29
0


11 апрел роҳбарияти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» таҳти сарварии директори генералӣ Абдулқосим Валиев бо ҳайати Агентии интиқолоти ҳавоии «Kayan Travel Group»-и Арабистони Саудӣ, ки онро Турки ас- Сайланӣ роҳбарӣ менамояд, дидор намуд. Дар интиҳои вохӯрӣ байни Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Kayan Travel Group» Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид, ки дар доираи он ҷонибҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандӣ соҳаи интиқолоти ҳавоӣ (мусофиркашониву боркашонӣ) ва тиҷорату саёҳат, омӯзишу табобатро роҳандозӣ хоҳанд кард.

Тибқи шартҳои Ёддошти мазкур, Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Ҷидда-Душанбе ба роҳ мемонад ва Агентии интиқолоти ҳавоии «Kayan Travel Group» ҷиҳати ҷалби мусофирон аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саёҳату тиҷорат, омӯзишу табобат ва хостҳои дигар анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” моҳи марти соли ҷорӣ иҷрои парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе – Ҷидда – Душанбе оғоз намуд. Алҳол парвозҳо аз Душанбе ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе – соати 21:50, аз Ҷидда – 02:50 (чоршанбе ва шанбе) ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
"Ҷумҳурият" 

Санаи нашр: 13.04.2023 №: 77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив