ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ БУҲРОНИ ОБ ТО РАВИШҲОИ НАВ ДАР ИДОРАКУНИИ ОН

АЗ БУҲРОНИ ОБ ТО РАВИШҲОИ НАВ ДАР ИДОРАКУНИИ ОН

14 апрел 2023, Ҷумъа
48
0


Давоми чор даҳсолаи охир истифодаи об дар ҷаҳон соле тақрибан як дарсад афзуда, сарфи назар аз талошҳои ҳамгироёна оид ба ҳифзи захираҳо, ин тамоюл то соли 2050 бо афзудани аҳолӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ идома хоҳад ёфт. Ин иттилоъ дар гузориши СММ дар бораи вазъи захираҳои об барои соли 2023 омадааст.
Муаллифони гузориш бар ин ақидаанд, ки танҳо бо мудирияти дурусти сарчашмаҳои об, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ, ҳалли ин мушкил даст медиҳад. Чуноне гуфта мешавад, кишварҳое, ки дар ҳоли рушд қарор доранд, талаботашон ба об бештар аст. Бар замми ин, аксари мамлакатҳое, ки имрӯз камбуди обро эҳсос намекунанд, базудӣ бо ин мушкил дучор хоҳанд шуд. Пеш аз ҳама, ба чунин ҳолат кишварҳои Африқои Марказӣ, Осиёи Шарқӣ ва як қисми Амрикои Ҷанубӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Вале дар мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Африқо, ки, аллакай, ба мушкилии норасоии об мувоҷеҳанд, дар ояндаи наздик вазъият  душвортар мегардад. Ба ҳисоби миёна, кишварҳоеро, ки проблема дунболагир аст, 10 дарсади аҳолии ҷаҳонро  ташкил медиҳад.

СИФАТИ ОБ  АЗ МАСЪАЛАҲОИ АСОСИСТ
Яке аз масъалаҳои муҳими вобаста ба об, ки  аз мушкилиҳои ҷиддист, сифати он мебошад. Тақрибан ҳамаи кишварҳо, новобаста аз сатҳи зиндагӣ, ба ин мушкил гирифторанд. Дар мамлакатҳои қафомонда ғализии обро аксар вақт ба коркарди нокифояи оби партов рабт медиҳанд, дар ҳоле ки дар кишварҳои мутараққӣ масъалаи дастрасӣ ба оби кишоварзӣ аз мушкилҳои асосист. 
Коршиносон бошанд, иброз медоранд, ки маълумот дар бораи сифати захираҳои об ҳанӯз ҳам нокифоя аст. Ин ҳолат, хусусан дар аксари мамлакатҳои рӯ ба тараққии Осиё ва Африқо, ба назар мерасад.

ҲАДАФҲО БА ТАЪХИР МЕАФТАНД 
Яке аз Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҳадафи 6) то соли 2030  идоракунии устувори об ва санитарияро барои ҳамаи кишварҳо талаб мекунад. Муаллифони гузориш ҳадс мезананд, ки дар вазъияти феълии ҷаҳон, ҳамаи ҳадафҳо сари вақт иҷро намешаванд. Ба ин хотир, дар баъзе минтақаҳо суръати татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устуворро чор маротиба ва, ҳатто, бештар аз он суръат бахшидан лозим аст.
Имрӯз миллиардҳо одам дар саросари ҷаҳон ба об дастрасӣ надоранд. Ҳар сол беш аз 800 ҳазор сокини сайёра бар асари бемориҳое, ки ба сифати об, шароити номуносиби санитарӣ ва гигиенаи бад алоқаманд аст, мефавтад. Тибқи маълумоти ахир, дар соли 2020-ум 26 дарсади аҳолии ҷаҳон ё ду миллиард нафар аз оби ошомидании босифат ва 46 дарсад ё 3,6 миллиард нафар аз шароити дурусти беҳдошт маҳрум буданд. Танҳо 60 дарсади обанборҳои ҷаҳон, ки дар бораи онҳо маълумот дода шудааст, дорои оби "сифати хуб" мебошанд.

17 КИШВАР ОБ НАДОРАД
Тибқи гузориши Шурои равобити хориҷӣ дар бораи фишори об, ки моҳи августи соли 2022 нашр шуд, тақрибан 70 дарсади оби тозаи ҷаҳон барои кишоварзӣ, 10 дарсад барои саноат ва 11 дарсад барои ниёзҳои маишӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ, истифода мешавад. Аз ин рӯ, дастрасӣ ба оби бехатар ва тоза барои саломатии аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Беҳтар намудани таъмини об ва санитария ва идоракунии самараноки захираҳои он рушди иқтисодии кишварҳоро суръат мебахшад ва ба коҳиши камбизоатӣ мусоидат мекунад.
Соли 2010 Маҷмаи умумии СММ эътироф кард, ки дастрасӣ ба об ва беҳдошт ҳуқуқи инсон аст. Дар ҳамин ҳол, истифодаи нодуруст ва аз ҳад зиёди обҳои зеризаминӣ, ҳамзамон, ифлосшавии оби ширин, норасоии онро бештар кардааст. Бархе аз кишварҳо бар асари зарар ба экосистемаҳо, тағйирёбии иқлим, сармоягузории нокифоя дар таъмини об ва беҳдошт ва ҳамкории бесамар дар мавриди обҳои фаромарзӣ бо мушкилоти рӯзафзун рӯбарӯянд.
Оби ифлос ва муҳити зист сабаби паҳншавии як қатор бемориҳо, аз қабили вабо, исҳол, дарунравӣ, гепатити А, табларзаи домана ва фалаҷи атфол мегарданд.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола тақрибан 829 ҳазор нафар аз дарунравӣ бар асари истифодаи оби ифлос ва шароити ғайрисанитарӣ  мефавтад.
Тайи 300 соли охир 85 дарсади ботлоқзорҳои ҷаҳон аз байн рафтааст.
Оби ифлос ва шароити бади санитарӣ, сабабҳои асосии марги кӯдакони то 5-сола мебошанд.
Тибқи гузоришҳо, дар 17 кишвар норасоии шадиди об ба назар мерасад. Инҳо Қатар, Исроил, Лубнон, Эрон, Урдун, Либия, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Эритрея, АМА, Сан-Марино, Баҳрайн, Ҳиндустон, Покистон, Туркманистон, Уммон ва Ботсванаанд.

МУНОСИБАТИ ДУРУСТ ВА МУДИРИЯТИ САМАРАНОК
Дар чунин вазъ, баргузор намудани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид  оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд омода ва мизбонӣ намуданд, иқдоми муҳим баҳри расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ва рафъи мушкилии норасоии об дар саросари ҷаҳон мебошад. Конфронси мазкур имкон фароҳам овард, ки кишварҳо муносибати худро нисбат ба захираҳои об тағйир дода, мудирияти самараноки онро ба роҳ монанд. Зеро омилҳои зиёде мавҷуданд, ки кишварҳои ҷаҳонро ба проблемаи норасоии оби ошомиданӣ мувоҷеҳ сохтааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Конфронс иброз намуданд, тағйирёбии иқлим низ, ҳамчун омили таъсиррасон ба захираҳои оби ошомиданӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи мо қарор дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо, чи дар Арктикаву Антарктида ва чи дар қитъаҳои континенталии сайёра, намунаи возеҳи ин зуҳурот мебошад. Аз тарафи дигар, афзоиши босуръати  аҳолии ҷаҳон ба зиёдшавии талабот ба об оварда мерасонад. Ба таъкиди Пешвои миллат, ин ду омил боиси он гардид, ки дар панҷ даҳсолаи охир нишондиҳандаҳои таъмини об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон қариб дую ним баробар ва дар минтақаҳои алоҳидаи олам, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, зиёда аз чор баробар паст гардад. Гузашта аз ин, тағйирёбии иқлим сабаби афзоиши бесобиқаи офатҳои табиии марбут ба об гардида истодааст.

РАВИШҲОИ НАВ ДАР ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ
Он чи овардем, аз зарурати дарёфти роҳҳои нави ҳалли мушкилот дар соҳаи истифодаи об шаҳодат медиҳанд. Коршиносон мутмаинанд, ки маҳз ҳамкориҳои судманд идоракунии захираҳои обро такмил дода, роҳҳои нави истифодаи онро ба миён меоранд. Дар пайи ин, самаранокии истифодаи об дар тамоми самтҳои фаъолият ва дар ҳама минтақаҳо, бахусус дар шаҳрҳо, зиёд карда мешавад.
Тибқи иттилои коршиносон, талаботи аҳолии шаҳрнишин ба об дар даҳсолаҳои наздик 80 дарсад меафзояд. Солҳои охир бошад, бисёре аз кишварҳо шаҳрвандонро бо оби ошомиданӣ аз ҳисоби обҳои барои кишоварзӣ пешбинишуда таъмин мекунанд. Ин амал оқибатҳои манфии худро ба соҳаи кишоварзӣ ва аҳолии деҳот мерасонад, ки боиси коҳиши истеҳсоли маводи ғизоӣ ва даромади деҳқонон мегардад. Дар навбати худ, ин раванд метавонад буҳрони озуқавориро ба миён орад, ки мавзуӣ дигарест. 
Коршиносон бар ин назаранд, ки тадбирҳои ҷубронкунанда, аз ҷумла пеш-ниҳоди пардохтҳои молиявӣ, бунёди иншооти нави зерсохторӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои инноватсионии тақсими об метавонанд ба ҳалли мушкил мусоидат намоянд. 

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.04.2023 №: 78
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив