ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Боздиди Фейсал Миқдод аз Арабистони Саудӣ 

Боздиди Фейсал Миқдод аз Арабистони Саудӣ 

14 апрел 2023, Ҷумъа
19
0


INTERFAX.RU. Сурия ва Арабистони Саудӣ баъди даҳ соли қатъи равобити дипломатӣ ният доранд, кори сафоратхонаҳои худро аз сар бигиранд ва алоқаи ҳавоии байни кишварҳояшонро барқарор намоянд. 
Ин изҳорот дар пайи сафари Фейсал Миқдод, вазири корҳои хориҷии Сурия, ки бо даъвати ҳамтои саудии худ Фейсал бин Фарҳон оли Сауд аз Арабистони Саудӣ дидан кардааст, нашр шуд. 
Пас аз оғози ҷанги шаҳрвандии Сурия дар соли 2011 ин нахустин бор аст, ки вазири корҳои хориҷии Сурия аз Арабистони Саудӣ боздид мекунад.
Дар музокирот ҷонибҳо иқдомоти заруриро барои ба даст овардани ҳалли ҳамаҷонибаи сиёсии буҳрони Сурия, ки ба бозгашти ин кишвар ба Иттиҳоди кишварҳои арабӣ мусоидат хоҳад кард, баррасӣ намуданд.


Қазоқистон ва Чин низоми бидуни раводидро ҷорӣ хоҳанд кард
CentralAsia (KZ). Қазоқистон ва Чин барои шаҳрвандони худ низоми бидуни раводид ҷорӣ хоҳанд кард. Озодкунии мутақобила аз талаботи раводид дар Созишномаи байниҳукуматии ду кишвар пешбинӣ шудааст. Имзои Созишнома аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ рӯзҳои 18-19 май дар шаҳри Сиани Чин дар назар аст. 
Бар асоси ин Созишнома, шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд дар Чин бидуни раводид ва шаҳрвандони Чин дар Қазоқистон на бештар аз 30 рӯз аз лаҳзаи убури марз ва 90 рӯз барои як давраи 180-рӯза бимонанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон хотирнишон мекунад, ки имзо шудани Созишнома ба таҳкими ҳамкориҳои зичи байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин такон мебахшад.


Лукашенко: «Беларус ва Тотористон имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ доранд»
Мир24. Президенти Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо Роҳбари Тотористон Рустам Миннихонов изҳор дошт, ки Беларус ва Тотористон барои ҳамкорӣ имкониятҳои калон доранд.
Аз Қазон ба Минск ҳайати мансабдорон ва тоҷирон омаданд, ки бо худ бастаи қарордодҳоро доранд.
Александр Лукашенко аз шарикон даъват кард, ки ҳарчи зудтар нақшаҳои худро иҷро созанд. Ӯ гуфт, ки дар шароити таҳримҳои Ғарб Беларус метавонад дар истеҳсолот мавқеъҳои зиёдеро иваз намояд. Масалан, дар саноати ҳавопаймосозӣ. Имрӯз мо барои тайёраҳои Россия қариб ним ҳазор қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол мекунем.


Даъвати вазирони корҳои хориҷии Россия, Чин, Эрон ва Покистон аз «Толибон» 
ТАСС. Роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Россия, Чин, Эрон ва Покистон аз ҳаракати тундрави «Толибон» (дар Россия мамнуъ), ки ҳукуматро дар Афғонистон ба даст овардаанд, хостори ташкили ҳукумати фарогир ва лағви тамоми чораҳои маҳдудкунанда алайҳи занон ва ақаллиятҳои миллӣ шуданд.
Дар ин бора дар баёнияи муштараки вазирон дар пайи мулоқоти ғайрирасмӣ дар Самарқанд гуфта мешавад. Сарварони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои мазкур, ҳамчунин, аз ҳукуматдорони Афғонистон даъват карданд, ки сиёсати хориҷии дӯстонаро пеш гиранд ва  қонунҳои байналмилалиро риоя  намоянд. 

  

Санаи нашр: 14.04.2023 №: 78
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив