ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНИБОДОМ.  ЁДБУДИ ЭНАҶОН БОЙМАТОВА

КОНИБОДОМ.  ЁДБУДИ ЭНАҶОН БОЙМАТОВА

14 апрел 2023, Ҷумъа
31
0


Дар Ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раёсати Ҷамъияти саҳомии ба номи Энаҷон Бойматова  ба ифтихори 100-солагии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Энаҷон Бойматова  маҳфили ёдбуд баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш аз фарзанди фарзонаи диёри Канди куҳан, ки тамоми умри бобаракати хешро ҷиҳати рушди соҳоти  кишоварзӣ, ободии деҳоту рӯзгори осудаи мардум бахшидааст, ёд карданд. Дар он фаъолони шаҳр, намояндагони касбу корҳои гуногун,  шогирдон, ҳамкорон ва меҳмонон аз манотиқи гуногун, пайвандону ҳамдиёрон  иштирок доштанд. Нахуст  бо ширкати роҳбарияти шаҳру меҳмонон дар саҳни Ҷамъияти саҳомӣ, ки номи Энаҷон Бойматоваро дорад,  маросими бардоштани парда аз  рӯйи нимпайкараи Қаҳрамон доир шуд.
Ширкаткунандагони маҳфил, аз ҷумла раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода иброз дошт, ки мардуми бошарафи шаҳр бо фарзандони барӯманду заҳматпешааш дар ҳамаи соҳоти хоҷагии халқ, ки дар пешравии ҷумҳурии азизамон саҳми арзанда гузоштаанд,  ифтихор мекунад.       
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ,  Устоди пахтаи Тоҷикистон,  Корманди шоистаи Тоҷикистон Энаҷон Бойматова аз ҷумлаи он бонувони соҳибному шуҳратманди диёр аст, ки чун зани роҳбару ободкор, созандаву ризқофар то имрӯз дар ёду хотираҳо ҷовидона нақш бастааст. Энаҷон Бойматова сарфи назар аз ҷавонӣ роҳбарии колхози “Москва”-ро  ба  уҳда гирифта, дар  собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба мактаби таҷрибаи пешқадам табдил дода,  ғолиби чандин мусобиқаҳои умумииттифоқӣ гаштааст.  Мавсуф барои хизматҳои арзанда дар назди давлату халқ бо панҷ ордени Ленин низ, қадр шуда,  чандин даъват вакили мардумӣ дар Шурои Олии Тоҷикистон буд.
Собиқадорони меҳнат, ходимони давлатию ҳизбӣ Биҳоҷал Раҳимова, Гулафзо Савриддинова ва дигар  ҳамкорону шогирдон аз хизматҳои арзандаи  ӯ ёдовар шуданд.

Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.04.2023 №: 78
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив