ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд

Ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд

17 апрел 2023, Душанбе
15
0

Ҳайати парлумони  Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ва муовини аввали Раиси Маҷлиси миллӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи 55-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки раёсати онро Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ба уҳда дошт, иштирок намуд.
Аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, ки Маҳмадтоир Зокирзода дар суханронӣ иброз доштааст, Тоҷикистон беш аз бист сол боз масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла об ва тағйирёбии иқлимро дар рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ пешбарӣ мекунад. Дар ин муддат бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об 9 қатънома қабул кард ва татбиқи онҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои мувофиқашудаи глобалӣ дар соҳаи об заминаи муносиб фароҳам овард.


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Дар ҳошияи вохӯрии 6-уми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ – Россия, дар шаҳри Самарқанд вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов вохӯрд. 
Тибқи иттилоъ, онҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карда, тамаркуз ба татбиқи тавофуқоти сатҳи олӣ намуданд. 


Ҷаласаи назди вазири корҳои дохилӣ дар Рашт
Дар доираи сафари корӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт дар назди вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар давоми се моҳи соли 2023 баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорат, дар ҷаласа масъа-лаҳои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии  ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазир ҷиҳати риояи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, муносибату муоширати хуб бо мардум ва робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулон як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.


Вазири кишоварзӣ масъулонро вазифадор кард
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзӣ дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар се моҳи соли 2023 ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа баргузор шуд, – иттилоъ дод маркази матбуоти Вазорат.
Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ба масъулон баҳри иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳо дастуру супориш дод.


Ҷаласа бо сохторҳои кишоварзӣ дар ВМКБ
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳлили воқеии омори кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи Ситоди кишоварзӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо иштироки муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода ва масъулони комплекси агросаноатии ВМКБ доир гардид. 
Тавре аз ВМКБ хабар доданд, дар ҷаласа кормандони соҳаи кишоварзӣ вобаста ба сабзкорӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техникаву тухмиҳо, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, васеъ намудани ҳавзҳои сунъии моҳипарварию ривоҷ додани занбӯриасалпарварӣ дар ҳудуди вилоят таклифу пешниҳодҳои судмандро ба миён гузоштанд.


400 тонна пиёзи Ҷайҳун ба бозорҳо ворид гашт
Шуъбаи иттилоотӣ - таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки, аллакай, 400 тонна ҳосили пиёзи барвақтии кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун ба бозор баромад. Хоҷагидорони пешқадам пайи ҷамъоварии ҳосили пиёз гашта, арзиши онро ба 3 ва 3 сомониву 50 дирам поин фароварданд.
Тибқи иттилои масъулон, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 3 ҳазору 400 гектар пиёзи барвақтӣ кишт карда, то имрӯз беш аз 20 гектари онро ҷамъ оварданд. Хоҷагидорон аз 1 гектар 400-450 сентнер ҳосил ба даст оварда истодаанд.

Санаи нашр: 17.04.2023 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив