ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. ДАНҒАРА БЕҲТАРИН НОҲИЯИ ВИЛОЯТ – 2022

ХАТЛОН. ДАНҒАРА БЕҲТАРИН НОҲИЯИ ВИЛОЯТ – 2022

17 апрел 2023, Душанбе
102
0

 


Соли 2022 бо вуҷуди вазъи печидаи ҷаҳон барои Тоҷикистон бобарор буд. Дар ҳамин ҳол, соли сипаришуда ноҳияи Данғара бо нишондиҳандаҳои худ байни дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳтарин дониста шуд. Соли гузашта барои ноҳия чӣ гуна буд ва аз соли 2023 чиро интизорем? Ин аст мавзуи суҳбати мо бо раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин.
– Ноҳияи Данғара соли гузашта дар вилояти Хатлон беҳтарин ноҳия дониста шуд. Мегуфтед, ки бо кадом дастовардҳо ноҳия ба ин муваффақият дастёб шуд?
– Ба шарофати заҳматҳои содиқонаву собитқадамонаи мардуми ноҳия раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон ҳадафмандона амалӣ шуданд. Дар ҷамъбасти соли 2022 иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 101,3 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2021 афзоиш чашмрас аст. Дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ назаррасанд. Агар ба соҳаи маориф назар афканем, мувофиқи маълумоти шуъбаи маорифи ноҳия, иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, ки сазовори 182 ҷой гардиданд, хеле фаъол буд. Аз ин шумора, 26 нафар бо медали тилло, 65 нафар медали нуқра ва 91 нафар бо медали биринҷӣ сарфароз шуд. Дар даври вилоятии  Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» 21 нафар иштирок карда, ду нафар дар даври ҷумҳуриявии Озмун сазовори ҷойи сеюм гашт. Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияҳои адабиёти классикӣ ва адабиёти муосир ду хонандаи ноҳия ҷойи якумро ишғол намуд. Боиси хурсандист, ки хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и ноҳия Шаҳло Сайдалиева дар номинатсияи адабиёти муосир ҷойи якумро ишғол намуда, бо қарори ҳакамон соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Дар соҳаи варзиш бошад,  соли 2022 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, зиёда аз 550 медал, аз ҷумла 158 тилло, 163 нуқра ва 222 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2021-ум 50 медал зиёд мебошад. 

– Ноҳияи Данғара бо заминҳои васеи кишоварзӣ машҳур мебошад. Соли 2022-ро кишоварзони ноҳия бо кадом нишондиҳандаҳо ҷамъбаст намуданд? 
– Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, дар соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1,5 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2021-ум 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода бурдани замин ва, дар ин замина, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 38 ҳазору 770 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуд. Ин нисбат ба соли 2021-ум 352 гектар зиёд мебошад. 
–  Маҷмуан, кор дар иқтисодиёт чӣ хел пеш меравад?
– Рушди иқтисодӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб меравад. Соли гузашта Мақомот якҷо бо ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайянро ба анҷом расонд. Аз ҷумла, Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Данғара барои солҳои 2021 – 2025 аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар асоси омӯзиш ва таҳлили вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия таҳия шуда, бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардид. Барнома ба ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар мутобиқ карда шуда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, стратегияҳо ва дигар чорабиниҳои марбут ба рушди ноҳия тарҳрезӣ гаштааст. Барномаи мазкур аз 225 лоиҳа ба маблағи умумии 2 миллиарду 442 миллиону 574 ҳазор сомонӣ иборат буда, рушди кишоварзӣ, саноат, соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои марбутро пешбинӣ менамояд. Дар доираи амалишавии барнома аз 225 лоиҳаи таҳияшуда, айни ҳол 84 лоиҳа ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ амалӣ гаштааст. 

– Натиҷаҳои кору фаъолият дар саноат чӣ гунаанд? Дар доираи эълони Солҳои рушди саноат дар ноҳия чӣ пешравиҳо ба амал омаданд ва хоҳанд омад?
– Агар ба натиҷаҳои соли 2022 назар афканем, корхонаҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 2,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки афзоиш нисбат ба соли 2021 -ум 211,4 миллион сомонӣ зиёд ва суръати онро бо нархҳои муқоисавӣ 111 фоиз таъмин карданд. 
Данғара ноҳияи аграрӣ буд ва имрӯз бо ташаббуси соҳибкорон рушди соҳаи саноат ривоҷи тоза гирифт. Имрӯз Данғара ноҳияи саноативу аграрӣ эълон гардидааст. Дар ноҳия Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» фаъолият дорад. Дар ин ҷо 35 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст. Айни ҳол 12 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Соли 2022 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 73 миллион сомонӣ маблағ  аз худ карда шуд. Инчунин, муроҷиатҳо барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ чи аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва чи аз ҳисоби ширкатҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд ва дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.   
  
– Данғара таърихи басо рангину ҷолиб дорад, мегуфтед, ки барои муаррифӣ ва бозгӯйи таърихи куҳани ин сарзамин чӣ гуна корҳо рафта истодаанд?
– Воқеан,  яке аз гӯшаҳои пурбаракати сарзамини тоҷи-кон – ноҳияи Данғара гузаштаи басо рангину ҷолиб дошта, таърихи он реша ба умқи таърих дорад. Дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ҷиҳати эҳё намудани ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ бостоншиносон ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд. То имрӯз бо заҳматҳои бостоншиносони ватанӣ ва фаронсавӣ чор ёдгорӣ, аз қабили Мавлоно Обиддин, Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Шаҳиди сари қалъа кашф ва эҳё гардида, омӯзиш ва навсозии қалъаи Золи Зар идома дорад. Дар маҷмуъ, дар ноҳия зиёда аз 2012 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудааст, ки айни ҳол эҳё, кашф ва қисман навсозӣ гардидаанд ва дар ин самт корҳои омӯзишӣ аз ҷониби бос-тоншиносон идома меёбанд. Ҳамзамон, ҷиҳати муаррифӣ ва бозгӯ намудани таърихи басо рангину қадима 2012 ёдгории таърихии ноҳияи Данғара дар як маҷмуа ҷамъоварӣ шудааст, ки давоми соли ҷорӣ дар шакли китоби алоҳида аз чоп мебарояд ва манзури ҳаводорону алоқамандон мегардад.  

– Дар ноҳия мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ, аз ҷумла таърихиву фарҳангӣ, зиёданд. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия чӣ гуна чораҳо андешида мешаванд ва кадом навъҳои сайёҳӣ афзалияти бештар доранд?
– Бо назардошти мавзеъҳои дидании таърихиву фарҳангӣ, метавон натиҷагирӣ кард, ки дар ноҳия барои рушди сайёҳӣ имкониятҳо зиёданд. Бахусус, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ аз нав барқарор шуданд. Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои машҳури таърихӣ дар атрофи ноҳия метавонанд дар рушди минбаъдаи ноҳия ҳамчун як минтақаи аз нуқтаи назари сайёҳӣ афзалиятнок мусоидат намоянд. Ҷиҳати амалисозии ин ҳадаф дар ноҳия раванди таъсис ва бунёди инфрасохтори мукаммал барои хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ идома дорад. Айни ҳол дар ноҳия 8 меҳмонхона, 15 тарабхона, 2 ошхона 3 осорхона, 58 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият менамояд. Инчунин, мавзеъҳои экологӣ, парваришгоҳҳо ҷиҳати нигоҳдорӣ ва ҳифзи ҳайвоноту парандагони нодир, чашмаҳо, ёдгориҳои таърихӣ аз қабили Мавлоно Тоҷиддин, чашмаи Нуқра, Мавлоно Обиддин, Шаҳиди сари қалъа, Мавлоно Хоҷа Шақиқи Балхӣ ва ғайраҳо мебошанд, ки бо таърихи куҳан, зебоии табииву нодири худ олимону сайёҳони хориҷиро ҷалб менамоянд. 

– Бо назардошти таърихи куҳан доштан, аҳолии ноҳия ҳунарҳои аҷдодии худро то ба имрӯз ҳифз кардаанд. Барои ривоҷ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
– Пас аз эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пешниҳоди онҳо ҳамчун намунаи олии таърихи куҳанбунёди ин сарзамин ба сайёҳон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Имрӯзҳо дар ноҳия ҳунарҳои мардумӣ ба таври густурда ривоҷ доранд. Чунончи, 97 сокини ноҳия ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғул буда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолияти пурмаҳсул доранд. Маҳсули ҳунари онҳо пешкаши сайёҳон ва мизоҷон мегардад. Барои ривоҷ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия як дукони фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки аз тарафи худи сокинони ноҳия истеҳсол мешавад, аз қабили қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, муҳрабофӣ, дуредгарӣ кафшергарӣ ва дигар намуди ҳунарҳо ба фурӯш бароварда мешаванд. Бояд зикр кард, ки дар соли 2022 аксари сайёҳони хориҷӣ аз ин намуди ҳунарҳои мардумӣ харид карданд. Феълан дукон дар дукони иҷора фаъолият дошта, ҳамзамон, замини алоҳида ҷудо шуда, корҳои сохтмонӣ ҳам, идома доранд. 
 
– Барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия чӣ тадбирҳои созандаро рӯи даст гирифтаед?
– Баҳри дар амал татбиқ намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2022 таҳти рақами 174 «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори раиси ноҳия ба тасвиб расида, омодагиҳои ҳамаҷониба ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома доранд. Бо ин мақсад, бунёд ва таъмиру таҷдиди 179 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, соли 2022 38-тои он мавриди истифода қарор гирифт. Дар иншооти боқимонда корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ бомаром идома доранд. 
Соли 2023 ба истифода додани 42 иншооти гуногунро дар нақша дорем, ки инҳо 7 корхонаи саноатӣ, бо ташкили 500 ҷойи кор, инчунин, 13  муассисаи таълимӣ, 3 муассисаи тандурустӣ ва 18 иншооти дигар, аз қабили марказҳои хизматрасонӣ, роҳҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ мебошанд. 
Ҳамзамон, муроҷиати соҳибкорон аз мадди назар дур нест. Бобати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия корҳои лоиҳакашӣ, банақшагирӣ ҷиҳати бунёди иншооти ҷашнӣ идома доранд. Муроҷиатҳо барои банақшагирии бунёди иншоот аз ҷониби соҳибкорон сари вақт баррасӣ шуда, ба корҳои сохтмонӣ аз тарафи масъулон иҷозат дода мешавад. 
    
– Аз соли 2023 чӣ интизорӣ доред?
– Ноҳияи Данғара дар натиҷаи заҳмату талошҳои устуворонаи мардум ба ноҳияи саноативу аграрӣ табдил ёфт. Самараи меҳнатҳои шабонарӯзии мардуми меҳнатқарини ноҳия аст, ки имрӯз Данғара дар сатҳи вилояти Хатлон ноҳияи беҳтарин арзёбӣ мегардад. Дар ҳамаи самтҳои хоҷагидорӣ нишондиҳандаҳо мусбат мебошанд. Барои расидан ба ҳадафҳо ва нишондиҳандаҳои беҳтарин дар давраи фаъолияти кории худ мо ҳамкориро бо мардум зич ба роҳ мондаем. Ба ҷавонони ноҳия ҳаминро гуфтанием, ки масъулиятро нисбат ба ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва худшиносӣ аз ин ҳам дида бештар намоянд. Бовар дорем, ки мардуми ноҳияи Данғара дастаҷамъона баҳри татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҳам бештар саҳм мегузоранд. 

– Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво!

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият», Душанбе – Данғара – Душанбе

Санаи нашр: 17.04.2023 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив