ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД.  ҶАВОНОН БО ҲИССИ БАЛАНД БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ МЕПАЙВАНДАНД

СУҒД.  ҶАВОНОН БО ҲИССИ БАЛАНД БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ МЕПАЙВАНДАНД

17 апрел 2023, Душанбе
15
0

Вилояти Суғд дар даҳ рӯзи аввали даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нақшаро 26 дарсад иҷро намуд.  Пайвастани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анъанаи хубе табдил ёфтааст. Ҳамин буд, ки чанде қабл дар амфитеатри  Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар як маросими ботантана 1400 нафар ҷавон аз 18 шаҳру навоҳии вилоят ба хизмати Модар-Ватан сафарбар шуд. 

Дар ин чорабинии бошукӯҳ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд,  чунин иброз дошт: “Бақои амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат ба ҳисоб рафта, дар ин замина таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бояд ҳамеша дар мадди назар қарор дошта бошад. Баҳри хизмати арзандаи сарбозон дар сафи Артиши миллӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити хизмат мутобиқ ба талаботи муосир муҳайё шудааст. Аз ин рӯ,  ҷавонони вилоят бояд бо дарки масъулияти ватандориву ифтихор аз соҳибдавлатӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд”. 
– Имрӯз мо – ҷавонони бонангу номуси мамлакат бо эҳсоси худшиносиву файзу баракати даврони соҳибистиқлолӣ ба хизмати ҳарбӣ меравем. Ман, хатмкардаи Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ буда, азм намудам, ки қабл аз оғози фаъолияти меҳнатӣ ба хизмати Модар-Ватан рафта, қарзи муқаддаси шаҳрвандиамро иҷро намоям, – иброз дошт Фирӯз Раҳмонов, даъватшаванда аз шаҳри Исфара. 
Ба андешаи Шаҳзод Абдуллоев, сарбози қисми ҳарбӣ аз шаҳри Хуҷанд, насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. – Аз ҷавонон даъват ба амал меорам, ки ба комиссариятҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳозир шуда, аз ин мактаби мардонагӣ гузаранд. 
Марҳамат Ҷумъабоева, модари даъватшаванда, Абдуҳамид Ҷумъабоев аз Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, дар суҳбат гуфт, ки фарзанди дуюмаш ҳам бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешавад.
– Ҳозиршавии фаъолонаи шаҳрвандони синни даъватӣ ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ дар рӯзҳои аввали ин чорабинии муҳими сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки қисми зиёди ҷавонони мо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ омодаанд марзу буми Меҳани аҷдодиро ҳимоя ва қарзи шаҳрвандиашонро ба ҷо оранд. Хизматчиёни ҳарбии вилоят аз генерал то сарбози қаторӣ ҳозиранд бо хизмати садоқатмандонаи худ дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм гузошта, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро намоянд, – гуфт Давлатшоҳ Мирзозода, комиссари ҳарбии вилояти Суғд. 
                                                                                                
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.04.2023 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив