ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО ОҚИБАТИ НИГАРОНКУНАНДА ВА ФОҶИАВӢ ДОРАД

ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО ОҚИБАТИ НИГАРОНКУНАНДА ВА ФОҶИАВӢ ДОРАД

17 апрел 2023, Душанбе
34
0


Расонаӣ шудани хабари фоҷиаи дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон рӯйдода: кушта шудани зану шавҳари собиқ дар пайи якдигарнофаҳмӣ ва ба одамкушӣ даст задани ноболиғи 17-сола ҷомеаи кишварро такон дод. Бешак, содир шудани чунин ҷинояти мудҳиш дар ҷомеа беасар нахоҳад монд.
Бар пояи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, 6 апрели соли равон тахминан соати 17:00, марди 39-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ба хонаи истиқоматии собиқ ҳамсараш (сокини 25-солаи ноҳияи Балҷувон) омада, аз ӯ хостааст, ки аз нав зиндагии якҷояашонро давом диҳанд. Аммо ҳамсари собиқи ӯ ин хоҳишро рад кардааст. Дар пайи ин, мард ба хашм омада, қасдан бо корди хоҷагии дар дасташ буда ба узвҳои бадани ҷавонзан якчанд маротиба зарба мезанад. Дар ин ҳолат дар ҷойи ҳодиса бародари собиқ ҳамсараш, ноболиғи 17-сола ҳозир шуда, мебинад, ки апааш дар назди собиқ шавҳараш бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад. Наврас аз ин ба ғазаб омада, аз назди язнаи собиқаш корди хоҷагиро гирифтааст ва ба узвҳои ҳаётан муҳими вай якчанд маротиба зада, ба ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ мерасонад. Ҳангоми ба беморхона интиқол додани захмиён, ҷавонзан дар роҳ ба ҳалокат расида, шавҳари собиқаш  дар беморхона ҷон медиҳад. 
Нисбат ба ноболиғ бошад, бар асоси моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 
Дар шабакҳои иҷтимоӣ ин ҳодиса сару садоҳои зиёдро ба бор овард. Корбарон дидгоҳ ва назарҳои гуногун доштанд. Аксар ба тарафдории ноболиғ садо баланд мекард. Яъне, ин фоҷиа ба равони иҷтимоъ низ, бе таъсир намонд. 
Ба назари инҷониб, ноболиғ дар ҳолати аффект (изтироби руҳӣ) ба ин амал даст задааст. Табиист, ки ҳангоми оғӯштаи хун дидани фарзанди падар идора кардани ҳиссиёт хеле душвор мешавад, махсусан барои ноболиғон. Зеро илми равоншиносӣ муайян намудааст, ки пайдоиши ҳолати аффект ҳамеша бо вазъу шароитҳои муҳиму ҳаёти инсон алоқаманд аст. Аффектро истифодаи калимаи бемаврид, таҳқир, таҳдид, рафтори номатлуби одамони дигар ба вуҷуд меоварад. Дар ҳолати аффект майдони фаъолияти шуур маҳдуд мешавад, яъне он ба доираи маҳдуду муайяни ашёву ҳодисаҳо равона мегардад. Яъне, одам дар ҳолати аффект фикру андеша накарда, рафтору кирдори бенизомро содир менамояд. Инсон ҳолати аффектро бе иштироки ирода аз сар мегузаронад, яъне идоранамоии иродавии он ба амал намеояд. Аффект дар наврасон одатан бештар зоҳир мешавад, чунки протсесси боздорӣ дар онҳо ба таври кофӣ ба вуҷуд намеояд. 
Бубинед, пошхӯрии як оила боиси марги ду нафар ва даст ба ҷиноят задани ноболиғ гардид, ки бисёр таассуфовар ва нигаронкунанда мебошад. Гузашта аз ин, ин ҳодиса метавонад ба ноболиғ тамоми умр аз нигоҳи равонӣ зарбаи сахт расонад. 
Мутаассифона, имрӯз дар кишвар ҷудошавии оилаҳо ба мушкилоти мураккаби иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Ба маълумоти Вазорати адлия соли гузашта дар кишвар 13786 ақди никоҳ бекор шудааст. Ҷиҳати рафъи ин мушкилот кулли ҷомеа, аз ҷумла шахсони солмандро зарур аст, ки барои тарғиби фарҳанги оиладорӣ бештар кӯшиш намоянд. Зеро дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳонишавӣ пошхӯрии шумораи зиёди оилаҳои ҷавон ва дар тарбияи яке аз волидон мондани фарзандон пайомадҳои ногуворе дар пай хоҳад дошт. Аз ин хотир, пос доштану муқаддас донистани оила бар нафъи ҳар сокини кишвар ва дар маҷмуъ, ҷомеа мебошад.

М. МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.04.2023 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив