ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САМАРҚАНД. ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН БАРРАСӢ ШУД

САМАРҚАНД. ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН БАРРАСӢ ШУД

17 апрел 2023, Душанбе
43
0


Дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи чоруми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо ширкати вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Чин, Покистон, Россия ва Туркманистон доир гашт. Дар ин ҷаласа вазири корҳои хориҷии ҳукумати «Толибон» Амирхон Муттақӣ низ, иштирок намуд. Ҷаласа таҳти раёсати ҷониби Ӯзбекистон сурат гирифт.

Ҷонибҳо вазъи кунунии Афғонистон, иҷрои талаботи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ – таъсиси ҳукумати фарогир, таъмини ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ, дастрасии занони афғон ба кору таҳсил ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти кунунии ин кишварро дастаҷамъона баррасӣ карданд. 
Дар ҷаласа зарурати таҳияи механизми амалиёти якҷоя таъкид шуд, ки мақсад аз он ба халқи афғон расондани ёрии башардӯстона ва барқарор намудани иқтисодиёти миллӣ мебошад. 
Аҳамияти таҳкими чорабиниҳои муштараки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷилавгирӣ аз истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир низ, аз масъалаҳое маҳсуб мешаванд, ки вазирон дар атрофи он баҳсу мунозира намуданд.  
Тарафҳо дар робита бо ҷонибдории татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳудуди Афғонистон бо иштироки кишварҳои ҳамсояро муҳокима карданд, ки на танҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, балки ба ҳамгироии фаъолтар мусоидат ва ба равандҳои иқтисодии минтақавӣ низ, таъсири мусбат ворид хоҳанд намуд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро дар ин замина хеле равшан ва возеҳ баён карда, изҳор намуд, ки танҳо иҷрои талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ин кишварро аз бунбасти ҷиддӣ раҳо кунад.

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Самарқанд

Санаи нашр: 17.04.2023 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив