ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

17 апрел 2023, Душанбе
19
0


«ҶОМӢ ВА НАВОӢ»
Интихоби ҳунармандон  идома дорад
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» кастинг - интихоби ҳунармандон барои филми таърихии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" дар ду марҳила сурат мегирад. Интихоби ҳунармандон ва аксбардорон аз 1 то 20-уми апрел идома хоҳад ёфт. 
Ҳамарӯза дар он метавонанд то 15 хоҳишманд ширкат варзад. Баъди анҷоми кастинг наворбардории филм дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз хоҳад шуд. Эҳтимол аст, ки баъзе қисматҳои филм дар Эрон ва Туркия наворбардорӣ шаванд. Коргардонии филмро аз ҷониби Тоҷикистон Файзулло Файз бар дӯш дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-11 июни соли 2021 сурат гирифт, сарварони давлатҳо барои банаворгирии филм, яъне муаррифии дӯстии байни халқҳо, аз ҷумла дӯстии байни Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ба мувофиқа расиданд.
Муҳтавои асосии филми ҳунариву таърихии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ", муҳаббат ва дӯстии миллати тоҷику ӯзбекро дар мисоли ду чеҳраи адабӣ - Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ таҷассум менамояд.


РӮЗИ ИЛМ ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО
Истиқболи Рӯзи илм дар АМИТ имсол ба 17 апрел рост меояд. Дар ин рӯз баргузории як қатор чорабиниҳо дар назар аст. 
Аз ҷумла, гузоштани гулчанбар дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ, супурдани дипломҳо ба олимоне, ки дар соли 2023 соҳиби ҷоизаҳои АМИТ ба номи олимони барҷаста гардидаанд ва сессияи илмӣ бахшида ба солгарди Айнӣ, гузаронда мешаванд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.04.2023 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив