ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ КАШФ ТО ОМӮЗИШИ КАТИБАҲОИ БОСТОНӢ

АЗ КАШФ ТО ОМӮЗИШИ КАТИБАҲОИ БОСТОНӢ

18 апрел 2023, Сешанбе
124
0


Катибаҳои бостонӣ, ки бештарашон бо хатти арабӣ навишта шудаанду ба асрҳои миёна тааллуқ доранд, дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон пайдо мешаванд. Дар мавзеи Хоҷа Мафраҷи дараи Алмосӣ, воқеъ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор намунаи катибаҳое кашф шудаанд, ки марбут ба замони Кӯшониён буда, мавриди омӯзиши бостоншиносон қарор гирифтаанд. Барои тавзеҳи он суҳбате доштем бо Бобомулло Бобомуллоев – бостоншинос, ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки фишурдаи он манзури хонандагони рӯзномаи “Ҷумҳурият” мегардад.

– Устоди муҳтарам, чанд муддат аст, ки дар бораи ёфт шудани хатҳои қадима аз дараи Алмосӣ миёни олимони соҳа гуфтугузорҳо  зиёд шудаанд. Пеш аз ҳама, донистан мехостем, ки бостоншиносон чӣ гуна ин мавзеи таърихиро дарёфтанд?
– Тобистони соли 2022 ходими илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Муҳсин Бобомуллоев бо сафари хизматӣ дар деҳаи Шоли шаҳри Ҳисор қарор дошт. Ҳангоми суҳбат як сокини маҳаллӣ бо номи Ҳаиталӣ Сангинов, аз ҷумла дар бораи дар кӯҳҳо мавҷуд будани хатҳои аҷоиби ба навиштаҷот монанд, ба ӯ хабар медиҳад. Аз ин хабари бениҳоят муҳим ба шавқ афтода, барои аниқ кардани ин маълумот як сафаре ба он ҷо ташкил карда шуд. Баъди расидан ба он мавзеъ воқеан, ҷой доштани катибаҳои бостонӣ дар рӯи харсангҳо тасдиқ гардид. Фавран дар атрофи мавзеъ корҳои бостоншиносӣ – ҷустуҷӯӣ сурат гирифтанд, ки дар натиҷаи онҳо санги дувум бо ҳамин навъ хатти қадима дарёфт шуд. Дере нагузашта, пас аз ташкили экспедитсияи илмӣ аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон санги сеюми навиштаҷотдорро бозёфтанд. Зикр бояд кард, ки ин як кори дастаҷамъона аст ва дар кашфу омӯзиши минбаъдаи ин ёдгории таърихӣ мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон саҳми боризи хешро гузоштаанд.

– Устод дар мавриди мавзеи катибаҳои бостонии пайдошуда маълумоте медодед?
– Катибаҳо дар қисми шимолтарини дараи Алмосӣ, дар яке аз мавзеъҳои хеле хушманзара, ки дар байни мардуми маҳаллӣ бо номи Хоҷа Мафраҷ маъруф аст, ҷойгир мебошанд. Худи ёдгорӣ дар баландии 2950 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, шимолтар аз он, қуллаҳои 4000-4600 – метраи қаторкӯҳҳои  Ҳисор аз шарқ ба ғарб тул кашидаанд. Харсанги катибадор ба кунҷи ҷанубу шарқии харобаҳои як бинои бузургҳаҷми аз санг сохташуда ҳамшафат аст. Аз ин нуқта, қариб ба ҳамаи гирду атроф, махсусан ба дараҳои рост ва чапи шохобҳои дарёчаи Хоҷа Мафраҷ, як манзараи бениҳоят зебо манзур мегардад. 
– Ин хат ба кадом забон тааллуқ дорад ва муҳтавои он навиштаҷотҳое, ки пайдо кардед, дар кадом хусусанд?
– Дар умум, навиштаҷоти қадима дар се санги алоҳида ба қайд гирифта шудаанд. Дар ду санги аввал навиштаҷот бо як навъ хатте сабт шуда буданд, ки он ҳанӯз барои илм “номаълум” боқӣ мондааст. Дар як санги дигар бошад, навиштаҷот бо истифода аз хатти юнонӣ, вале ба забони маҳаллии бохтарӣ ҳаккокӣ шудааст. 
Санге, ки дар он бо хатти юнонӣ ΕΙΔΙΗΛΟ Υ...ϸΑΟΝΑΝϸΑΕ ΟΟΗ-ΜΟ ΤΑΚ-ΤΟΕ навишта шуда буд, аз ҷониби мутахассисони машҳур Николас Симс Виллямс ва Ҷо Криб хонда ва тарҷума гардид. Забони ин катиба бохтарӣ буда матни маҳфузмондаи он чунин тарҷума мешавад: «Ин...Шоҳаншоҳ Вима Такту». Вима Такту номи яке аз шоҳони Кӯшонӣ мебошад, ки набераи асосгузори Давлати Кӯшониён Куҷула Кадфиз ва бобои Канишкаи Бузург мебошад. Чӣ тавре аз таърих маълум аст, истилоҳи “Шоҳаншоҳ” ифодагари баландтарин унвони давлатдории шоҳони эронитабор мебошад ва бозёфти он дар ҳудуди Тоҷикистон, барои тоҷикон боиси ифтихор аст. 
Аз солҳои 1950 инҷониб дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ ва Афғонистон даҳҳо навиштаҷот бо ин хат пайдо шудаанд. Аз сабаби хонда натавонистани он аз ҷониби забоншиносон унвони “хатти номаълум”-ро гирифта буд. То имрӯз, намунаи беҳтарини он дар ёдгориҳои Дашти Новур ва Сурх Кӯтали Афғонистон дарёфт шудаанд. Бо ҳамин хат дар як косаи нуқрагин аз қурғони сакоии маъруф ба “одами тиллоӣ”, дар Қазоқистон низ, бозёфт гардидааст. Аксари ин катибаҳо ба асрҳои I-II милодӣ тааллуқ доранд. Ҳама кӯшишҳои рамзкушоии (дешифровка) ин хат то ба ҳол бебарор буданд. Акнун, кашфи катибаҳои нав дар дараи Алмосии Тоҷикистон, барои бештару хубтар фаҳмидани бисёр ҳарфҳои ин хатти қаблан номаълум имкон фароҳам овард. Ба шарофати ин кашфиёт забоншиносон кӯшиши дубораи рамзкушоии “хатти номаълум”-ро оғоз карданд. 
Бо мақсади омӯзиши катибаҳои “номаълум” Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ бо мутахассисони Донишгоҳи Кёлни Олмон робитаҳои илмӣ роҳандозӣ намуданд. Олимони забоншинос Свеня Бонманн, Якоб Ҳалфманн ва Натали Короботсов, ки дар риштаи омӯзиши забонҳои қадимаи Осиёи Марказӣ кор мекунанд, маълум карданд, ки як матн бо ду забон навишта шудааст. Онҳо ба хулосае омаданд, ки калимаҳои “Шоҳаншоҳ” ва “Вима Такту” дар матни хатти “номаълум” ҳам такрор мешаванд ва бо усули таҳлилӣ – муқоисавӣ ҷойи 15 ҳарфи онро муайян карданд. Ҳамин тавр, калиди хониши ин хат ёфт шуда, як муаммои дар тули 70 сол дар байни олимони соҳа мавҷуд буда, қадам ба қадам ҳалли худро пайдо мекунад, ки  ин як такони инқилобӣ дар самти омӯзиши забонҳои бостонии Осиёи Марказӣ маҳсуб мегардад. 

– Дар рафти омӯзиши ин катибаҳо ба чӣ гуна натиҷаҳо ноил гаштед ва аҳамияти илмии онҳо дар чист?
– Хат яке аз кашфиётҳои бузургтарин дар таърихи инсоният аст. Бе кашф ва рушди хат, ҳамчун василаи сабти ахбор, тараққиёт ва дастовардҳои илму фанро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар баробари пайдоиши давлат, табақабандии синфӣ ва шаҳрсозӣ, ҳамзамон, яке аз рукнҳои асосии мардумони соҳибтамаддуни Дунёи қадим ин доштани хат мебошад. Ҳанӯз дар садаи XIX файласуфон ва таърихнигорони Аврупо даврабандии таърихи ҷамъияти инсониро ба марҳилаҳои то таърихӣ– то кашфи хат ва таърихӣ, яъне пас аз пайдоиши хат ҷудо карда буданд.
Осори хаттии қадим ахбори бениҳоят муҳимро ба ихтиёри олимон вогузор мекунад ва ҳамеша ҳамчун як сарчашмаи аввалиндараҷа мавриди истифода қарор мегирад. Аз ин ҷиҳат, ёдгориҳои таърихие, ки осори хаттӣ, бахусус катибаҳои даврони қадимро доранд, мақому манзалаташон даҳчанд аст.
Катибаҳои Алмосӣ, бешак, дорои аҳамияти баланд дар илми ҷаҳонианд, чунки вуҷуд доштани як хатту забони шарқиэронии навро собит мекунанд. Бале, ҳоло мо дар бораи кашфи як забони нави форсии миёна, ба мисли забони паҳлавӣ, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ба кор мерафтааст, гап зада метавонем. Чизи дигар ин аст, ки мо намедонем номи ин забон чӣ будааст. Аммо, гуфта метавонем, ки донандагону барандагон ин забон қавмҳои шарқиэронии ориёиасли сакоӣ ва ё юэчжӣ, ки империяи бузурги Кӯшониёнро асос гузоштаанд, мебошанд.

– Кашф шудани чунин катибаҳои бостонӣ дар Тоҷикистон барои ҷомеа ва манфиатҳои миллии мо чӣ нақше доранд?
– Пеш аз ҳама, дар харитаи бостоншиносии Тоҷикистон боз як ёдгории нави хеле нодиру арзишманд сабт мегардад. Як ёдгорие, ки ба мисли катибаҳои Дорои I дар кӯҳи Бесутун дар Эрон ва ё катибаҳои Канишкаи Бузург дар Сурх Кӯтали Афғонистон, ки имрӯз шуҳрати ҷаҳонӣ доранду ба макони сайёҳӣ мубаддал гаштаанд. Ҳамин тавр, мавзеи катибаҳои Алмосӣ ҳам имкон дорад ба як нуқтаи сайёҳӣ табдил гардад.
Шумо медонед, солҳои 1969-1970 дар наздикии шаҳри Алмаатои Қазоқистон як марқади қадимаи ба истилоҳ “одами тиллоӣ” ёфт шуд. Дар дохили он теъдоди зиёди ашёҳои тиллоӣ пайдо гардид, ки дар қатори онҳо як косаи нуқрагин ҳам буд ва навиштаҷоташ ба хатте, ки мо имрӯз аз Алмосӣ дарёфтем, монанд аст. Ин рамз дар Қазоқистон чунон ҳам машҳур аст, ки ҳамчун рамзи ин кишвар шинохта мешавад. Баъд аз пайдо шудани он бисёре аз таърихнигорону бостоншиносони турктабор ин “одами тиллоӣ”-ро мансуб ба туркнажодон медонанду дар бораи он асарҳои зиёд навиштаанд. Катибаҳое, ки мо пайдо намудем, исбот мекунанд, ки навиштаҷоти косаи нуқрагин аз Қазоқистон ва Алмосӣ бо як хат навишта шудаанд. Бо далели он, ки дар катибаи Алмосӣ номи шоҳи кӯшонӣ сабт шудааст ва мо дақиқан гуфта метавонем, ки марқади “одами тиллоӣ” ҳам, ба қавмҳои ориёиаслу эронинажод тааллуқ дорад. 
– То имрӯз, чӣ чораҳо дар самти омӯзиш ва ташвиқу тарғиби ин катибаҳо андешида шудаанд?
– Хабари пайдо шудани катибаҳои нави замони Кӯшониён дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон дар байни олимони соҳа, махсусан бостоншиносон ва забоншиносоне, ки бо омӯзиши забонҳои бостонӣ сару кор доранд, ба зудӣ як ҳангомаро ба вуҷуд овард. 
Рӯзи 1 марти соли 2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари байналмилалии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Кашфи катибаҳои Алмосӣ ва мақоми он дар низоми хатҳои бостонии Осиёи Марказӣ»  баргузор шуд. Дар кори семинар ба ғайр аз олимони дохилӣ, ҳамчунин, забоншиносону бостоншиносони маъруф Ҷо Криб, Павел Луре, Ҷелонӣ Доварӣ, Свеня Бонманн, Якоб Ҳалфманн ва Натали Коробтсов бо маърузаҳои илмии худ баромад карданд. Иштирокдорон аз пайдо шудани чунин як ёдгории нодир дар Тоҷикистон  бисёр хушнуд гардида, изҳор намуданд, ки он метавонад ба бисёр масъалаҳои илмии ҷойдошта равшанӣ андозад. 
Албатта, катибаҳои Алмосӣ ҳоло нав кашф шудаанд ва кор дар самти ташвиқу тарғиби он идома дорад. Бовар дорам, рӯзе мерасад, ки маълумот дар бораи ин  катибаҳо дар китобҳои дарсӣ ҳам, ворид мешавад. 

– Барои идомаи тадқиқоти ёдгории Алмосӣ чӣ гуна нақшаҳо доред?
– Корҳои бостоншиносӣ, ҷустуҷӯӣ дар болооби дараи Алмосӣ солҳои оянда ҳам, идома дода мешаванд. Дар нақша аст, тобасангҳои дигари ин мавзеъ мавриди санҷиш қарор бигиранд, то мушаххас гардад, ки дар онҳо катиба мавҷуд ҳаст ва ё не. 
Бо истифода аз фурсат барои шаҳрванди қадрдону меҳандӯст Ҳаиталӣ  Сангинов, ки ба шарофати эшон дарёфт шудани ин ёдгории бисёр арзишманд муяссар шудааст, миннатдории бепоёни худро баён мекунам. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ёдгории Алмосӣ ҷойгоҳи сазовори худро дар байни ёдгориҳои мероси хаттии қадимаи ҷаҳонӣ дармеёбад. 

Мусоҳиб Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.04.2023 №: 80
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив