ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР РУШДИ ДЕҲОТ САҲМ МЕГИРАД

ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР РУШДИ ДЕҲОТ САҲМ МЕГИРАД

18 апрел 2023, Сешанбе
42
0

 

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER-и Иттиҳоди Аврупо ба Созмони ҷамъиятии «Зан ва Ҷомеа» дар кандани чоҳ ва харидани таҷҳизоти кишоварзӣ барои деҳқонони ноҳияи Ашт ва шаҳри Исфара дасти ёрӣ дароз намуд.

Сокинони деҳаи Кони Намаки ноҳияи Ашт солҳои тулонӣ бо камбудии оби ошомиданӣ ва обёрӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Оби ин ҷо дар чуқурии 180 - 200 метр ҷой дошта, бар замми ин шӯр аст. Чор гурӯҳи истеҳсолӣ (ГИ), ки 70 деҳқонро муттаҳид месозад, барои обёрии зироатҳо ва нӯшидани обро аз чоҳе, ки дар деҳаи Верхний Бахмал, 7 километр шимолтар аз деҳа воқеъ аст, харид мекунанд. Аъзои ГИ 25 гектар боғ доранд, вале дар давоми чор соли хушксолӣ қариб 20 гектар зардолу нобуд шуда, танҳо 5 гектари он боқӣ мондааст, ки ҳоло ғарқи ҳосил аст. 
Парма кардани чоҳ, дар ҳақиқат барои барқарор намудани боғҳои мо ёрии назаррас аст. Деҳқонон ва оилаҳои онҳо акнун ба оби нӯшокӣ низ, дастрасанд. Ман аз номи тамоми аъзои гурӯҳҳои истеҳсолӣ ба лоиҳаи IRDP/TRIGGER ва Созмони ҷамъиятии «Зан ва Ҷомеа» изҳори сипос мекунам, - гуфт Меҳрон Абдувалиев. 

 
Барои мадад ба деҳқонон дар доираи Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER чоҳи чуқур парма карда шуд. Деҳқонон ба оби тозаи нӯшокӣ ва полизӣ дастрасии комил пайдо карданд. Дар маросими ифтитоҳ ва супурдани чоҳ ба деҳотиён кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони ноҳия, раёсатҳои кишоварзӣ ва экологияи ноҳияи Ашт, Соз-мони ҷамъиятии «Зан ва Ҷомеа», намояндагони ГИ ва кормандони намояндагии GIZ дар шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.  
Деҳқонон соҳиби чоҳи пуроб шуданд, акнун метавонанд дар солҳои хушксолӣ ва тағйирёбии ҳаво ба таъсири иқлим беҳтар тоб оваранд ва 25 гектар боғи зардолуро барқарор созанд ва дар ин роҳ экосистемаи маҳали минтақаи ҳам хушку ҳам шӯрро беҳтар намоянд. Ғайр аз ин, иқтидори пойгоҳи обкашӣ имкон медиҳад, ки 20 гектар қитъаҳои ҳамсоя низ, обёрӣ шавад ва бо ин роҳ фоидаи иловагӣ ба даст ояд. Аъзои ГИ бо роҳи аз нав барқарор намудани боғҳо ва рӯёндани ҳосили хуб имконият пайдо мекунанд, ки фурӯши маҳсулотро ба хориҷа зиёд карда, шароити иқтисодию иҷтимоии худро беҳтар намоянд.      
Илова бар ин, лоиҳа нақшаи хариди тракторро дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Ашт барои дастгирии се гурӯҳи истеҳсолӣ, ки 238 деҳқононро муттаҳид месозад, дастгирӣ намуд. Трактори бисёрфунксионалӣ на танҳо барои коркарди механиконидашудаи замин истифода мешавад, балки барои пошидани дору ба дарахтон ба сифати эвакуатор ва аз боғ ба майдони коркард кашондани зардолуи чида низ, ёрӣ мерасонад. Баъди харидани трактор се ҷойи кор: тракторчӣ, дорупош ва ёрирасон ба вуҷуд омад.  
Дар боғҳо ҷамъ шудани миқдори зиёди ҳезум, чӯбу тахта барои афзудани ҳашаротҳои зараррасон шароит муҳайё месозанд ва деҳқонон ҳосили рӯёндаашонро талаф дода, ба мушкилот дучор мешуданд. Лоиҳа барои майда кардани ҳезуми захирашуда ва барои рафъи ҳашаротҳо барои панҷ ГИ (90 деҳқон)-и деҳаи Шайдони ноҳияи Ашт дастгоҳ харид. Акнун деҳқонон на танҳо ҳезум, балки шохчаву баргҳо ва алафҳои бегонаро реза намуда, аз онҳо пору омода месозанд, ки аз манфиат холӣ нест. 
Иншооту техникаҳои туҳфашуда ба деҳқонон ёрӣ мерасонанд, ки дар солҳои наздик ҳосили боғоти худро афзун намуда, даромади худро аз ҳисоби зиёд кардани фурӯши маҳсулот боло бардоранд.   

Шарофат АШУРОВА
телефон: (+992) 987-27-00-46,  почтаи электронӣ: sharofat.ashurova@giz.de 


Санаи нашр: 18.04.2023 №: 80
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив