ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АШТ.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

АШТ.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

18 апрел 2023, Сешанбе
67
0


Имкониятҳои ноҳияи Ашт ҷиҳати  муваффақ шудан дар бунёди корхонаҳои саноатӣ зиёд аст. Ин ҷо истеҳсоли ашёи хоми саноатӣ – пахта, меваҷот сол ба сол меафзояд. Ҳамин аст, ки моҳи апрели соли 2022 дар ҷараёни сафари кории худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ва мулоқот бо фаъолони ин ҷо ба роҳбарияти ноҳия дар иртибот ба рушди иқтисодиёти муътадил, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва, ба ин васила, боло бардоштани сатҳу сифати рӯзгори мардум  бунёди  силсила коргоҳҳои хурду бузурги тавлидотиро дастур дода буданд. Ба хотири амалисозии ин дастурҳои Сарвари давлат, дар ҳудуди ноҳия корҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд. 
Дар Ҷамоати шаҳраки Шодоба бунёд ёфтани корхонаи ҷуроббофӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи ҶДММ “Саноати Ашт” бо маблағи зиёда аз 900 ҳазор доллари амрикоӣ бо иқтидори 30 ҳазор ҷуфт дар як моҳ аз қадамҳои ҷиддии соҳибкорони ноҳия мебошад. Бо пурра воридсозии таҷҳизоти муосир ва насби онҳо шароит фароҳам мешавад, ки 150 нафар  бо ҷойи нави корӣ ва маоши хуб таъмин гардад. Бино ба иттилои Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт, аллакай,  аввалин маҳсулот – ҷуробҳо ба таври таҷрибавӣ истеҳсол мешаванд, ки  мутахассисон ба сифати он баҳои мусбат медиҳанд.
Ба хотири таъмини саривақтии корхона бо ашёи хом – ресмон бошад, дар ҳамин мавзеъ ба маблағи  беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ  корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 15 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз ба наздикӣ шуруъ мешавад.
– Ҷиҳати ҷалби соҳибкорон  дар бунёди коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ ва ҳавасмандии онҳо  дар ин ҷода  ҳангоми ҷудо кардани қитъаи замин, таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ имтиёзҳои мушаххас муқаррар гардидаанд.  Тамоми ҷидду ҷаҳди роҳбарияти ноҳия ба он нигаронда шудааст, ки  солҳои наздик ба коркарди ниҳоии маҳсулоти дар ноҳия истеҳсолшаванда ноил гардем, – мегӯяд раиси ноҳия.
 Ҳоло дар назар аст,  ки  дар минтақаҳои гуногуни ноҳия  то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли  давлатӣ  корхонаҳои истеҳсолие чун: бандубасти мева, нахуст дар ҷумҳурӣ истеҳсоли консерваи моҳӣ, маҳсулоти қаннодӣ, корхонаҳои мебелсозӣ, истеҳсоли консерваи меваҳои гуногун,  шарбату нӯшокиҳои ташнагишикан ва боз даҳҳо коргоҳҳои хурди истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва дӯзандагӣ  бунёд ёфта,  садҳо ҷойи корӣ муҳайё мешаванд.                                                                                                            

Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 18.04.2023 №: 80
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив