ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ.  БУЗУРГТАРИН ШАҲРИ ОФТОБӢ

ДУШАНБЕ.  БУЗУРГТАРИН ШАҲРИ ОФТОБӢ

19 апрел 2023, Чоршанбе
33
0


Душанбе соли 1924  маркази Тоҷикистон интихоб шуд. Пешниҳодҳо зиёд буданд, вале ояндаи ин деҳа ҳамчун пойтахт дурахшон буд. 

Боиси шодмонист, ки Рустами Эмомалӣ тавонист ормонҳои шаҳрдорони гузаштаро рустамона рӯйи кор орад ва Душанберо гулшаҳр намояд. 
Ифтитоҳи маҷмааи "Истиқлол" ба маблағи умумии беш аз 1,2 миллиард   сомонӣ дар арафаи 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ яке аз рӯйдодҳои муҳим барои сокинон ва меҳмонони пойтахт арзёбӣ шуд, ки метавонад минбаъд чун макони баргузории чорабиниҳои бузурги дохилӣ ва байналмилалӣ бошад. Худи маҷмаа 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр - рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисми болоӣ 91 метр, маънои дар соли 1991-уми асри XX ба даст овардани Истиқлоли давлатиро ифода менамояд. 
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, дар миқёси ҷаҳон ба макони  чорабиниҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ табдил ёфт. 
Баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ – 2022, чорумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ дар соли ҷорӣ ба ин мисол шуда метавонанд. 
Ба ифтихори Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола дар шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мешавад, дар Душанбе Ниммарафони XIII байналмилалӣ оғоз гардид ва дар қатори варзишгарони тоҷик намояндагони Фаронса, Чин, ИМА, Россия, Эрон, Канада, Кения, Беларус, Ӯзбекистон, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон низ,  ширкат варзиданд. 
Инчунин, дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» рӯзҳои 4 – 7 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2023» баргузор хоҳад шуд. Ташкилкунандаи намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадаф аз баргузории он таблиғи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, роҳандозӣ ва густариши робитаҳои тиҷорӣ байни ширкатҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ дар макони баргузории намоишгоҳ ва форуми соҳибкорон мебошад. Дар он намояндагони кишварҳои Россия, Малайзия, Эрон, Туркия, Қазоқистон иштирок хоҳанд кард.
Душанбе на танҳо пойтахти Тоҷикистон, балки бузургтарин шаҳри офтобӣ бо инфрасохтори пешрафта мебошад. Он калонтарин маркази илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва маъмурии мамлакат маҳсуб меёбад. Ин ба он хотир аст, ки  ҳанӯз 2300 – 2400 сол пеш Душанбе тамаддуни шаҳрнишинӣ дошт. Хотираи таърихии тоҷиконро шумораи зиёди кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, ки ба номи шоирону нависандагони маъруфи миллӣ гузошта шудаанд, тасдиқ мекунад. 

Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.04.2023 №: 81-82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив