ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АМИТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ИЛМ

АМИТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ИЛМ

19 апрел 2023, Чоршанбе
47
0


Олимони тоҷик рӯзи илмро, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел баргузор мегардад, бо гузоштани гулчанбар дар пояи пайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Султон Умаров ва Муҳаммад Осимӣ оғоз намуданд. Дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳо бо иштироки  Боқизода Нурулло, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Сироҷиддин Ниёзӣ, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, ҷаласаи тантанавӣ доир шуд. Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ, илму маорифро аз соҳаҳое арзёбӣ намуд, ки дар  меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.
- Дар даврони Истиқлоли давлатӣ илм ҷойгоҳи хосса касб намуда, махсусан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва кормандони илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ин аст, ки чанд рӯз пеш, бори аввал дар замони истиқлол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди заминаи моддӣ-техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2027» қабул гардид. Дар доираи он омода намудани мутахассисони баландихтисос низ, дар назар аст, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ. 
Таъкид шуд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, ки эътимоду боварии мардуми моро ба рушди минбаъдаи мамлакат бо такя ба илм тақвият мебахшад ва имкон медиҳад ба ояндаи дурахшони миллату давлати соҳибистиқлоли хеш хушбинона умед бандем, олимони ҷумҳурии мо кӯшиш доранд дар рушди он саҳми бештар гузоранд. Бо ин мақсад, аз нигоҳи мо на танҳо фаъолсозии корҳои илмию тадқиқотӣ, балки самарабахш гардондани идоракунии илм ва муассисаҳои илмӣ, хоссатан оммависозии илм ва дастовардҳои он низ, тақозо мешавад.
Нурулло Боқизода иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи илм баёнгари он аст, ки  фазои маърифативу  маънавии кишвари мо  дар садаи нави таърихӣ рӯ ҷониби падидаҳои илмиву фарҳангӣ дорад.
Натиҷаҳои илмии  замони истиқлоли олимони тоҷик  гувоҳи устувор гардидани мавқеи илм дар соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти кишвар  мебошад. Ин муддат дар соҳаҳои илмҳои дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, ҷомеашиносӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд, ки барои  боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллии мардуми кишвар судманданд. 
Дар ҷаласа, ҳамчунин, сессияи илмӣ доир ба зодрӯзи Садриддин Айнӣ – аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Аламхон Кучарзода, доктори илми филология ва Беҳрузи Забеҳулло,  номзади илми филология доир ба осори илмии устод  маъруза намуданд. 
Дар идомаи чорабинӣ, нахустин бор 16 нафар бо медали  «50 соли фаъолияти бефосилаи пурсамари АМИТ» қадр шуд. Инчунин, ба чанде аз олимон барои саҳми назаррас дар рушди илм ва дастовардҳои илмӣ диплом ва  ифтихорномаҳо супурда шуд.
Дар анҷоми ҷаласа, Муҳаммадалии Музаффарӣ, узви вобастаи АМИТ, ҷиҳати муаррифии китоби "Чеҳраҳои академӣ" сухан намуда, зикр кард, ки китоби мазкур вижагиҳои тарҷумаиҳолӣ надошта, сабки нигориши хосе дорад ва ба ҳайси пажӯҳиши илмӣ-тадқиқӣ пазируфта шудааст.

Лола РИЗОӢ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.04.2023 №: 81-82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив