ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «СОМОН ЭЙР».  ПАЗИРОӢ АЗ РАИСИ ШАҲРИ ҚОШҒАР

«СОМОН ЭЙР».  ПАЗИРОӢ АЗ РАИСИ ШАҲРИ ҚОШҒАР

19 апрел 2023, Чоршанбе
29
0


Роҳбарияти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар шаҳри Душанбе ҳайати шаҳри Қошғари Вилояти Мухтори Шинҷон – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии раиси ҳукумати мардумии шаҳри Қошғар Ясенҷон Яхеп вохӯрӣ анҷом дод. Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои эҳтимолӣ дар соҳаи интиқолоти ҳавоӣ, аз ҷумла масоили имкони роҳандозии парвозҳо дар масири Душанбе – Қошғар – Душанбе, баррасӣ гардиданд.
Директори генералии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев зикр кард: «Мо шаҳри Қошғарро яке аз самтҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин меҳисобем, ки дар ҳудуди он оянда метавон хатсайр боз намуд. Иқдоми мазкур, бешубҳа кишварҳои моро боз ҳам наздиктар мегардонад ва аз ин лиҳоз, мо ба омӯзиши пешниҳоди мазкур шуруъ хоҳем кард”.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо доир ба як қатор масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.04.2023 №: 81-82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив