ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ КӮЧАҲОИ ТАЪРИХ БОЯД ГУЗАШТ

АЗ КӮЧАҲОИ ТАЪРИХ БОЯД ГУЗАШТ

19 апрел 2023, Чоршанбе
76
0


Воқеан, соҳибистиқлол гардидан моро водор намуд, ки ба гузаштаи худ андешамандона назар афканда, кӣ будани худро ба ҷаҳону ҷаҳониён аз диди нав муаррифӣ карда тавонем. Дар ин замина, яке аз самтҳои асосии муаррифии ин миллати куҳанбунёд, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ – мероси арзишманди аҷдодиамон буда метавонад.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ, аз 21 декабри соли 2021, дар ин замина чунин таъкид намуда буданд: «Ҳифзи мероси фарҳангӣ, моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндагии таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад».
Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдеро оид ба ҳифзу барқарорсозии мероси ниёгон ба анҷом расонда истодааст. 
Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ, ҳамчун шарики боэътимоди Ҳукумати кишвар, бо мақсади таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ баҳри ҳимояи осори қадим, шиносондани мероси ғании гузаштагон, махсусан ба наврасону ҷавонон, тавассути маводи чопӣ, суҳбату маърузаҳо, муаррифии шоҳкориҳо,  умуман, баҳри таблиғу ташвиқи мероси аҷдодӣ аз камтарин имкониятҳо истифода карда, пайваста фаъолияти хешро пеш мебарад. 
Бо кумаки бевоситаи аъзои раёсату фаъолони Ташкилот ва дастгирии Вазорати фарҳанг Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор корҳо оид ба тарғиби ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ба анҷом расонда шуданд. 
Инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати кишвар, аз ҷумла, омода намудани  муаррифиномаҳои мавзеъҳои таърихӣ ва «Роҳнамо»-ҳо оид ба ёдгориҳои таърихии вилоятҳои Бадахшону Хатлон анҷом дода шуданд. 
Тибқи пешниҳоди раёсати Ташкилот бояд дар ҳама зинаҳои таълимӣ оид ба шиносоӣ ва омӯзиши ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, бо истифода аз маводи маҷаллаи «Мероси ниёгон» дарсҳои тарбиявӣ, мусоҳиба, диктант, нақли хаттӣ, иншо ба роҳ монда шуда, сайру саёҳати хонандагон ба ҷойҳои таърихии мавзеъҳое, ки  муассисаҳои таълимӣ дар он манотиқ ҷойгиранд, аз ҷумла ташкили шанбегиҳо дар ин гуна ҷойҳо, ба роҳ монда мешуд. Хушбахтона, ин иқдоми нек амалӣ шуда истодааст ва итминон дорем, ки он ҳамчун воситаи омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон дар муассисаҳои таълимӣ тавассути дарсҳои тарбиявӣ ба расмият даромада, таваҷҷуҳ ба мероси арзишманди аҷдодӣ, ки аз ҷумлаи як рукни хештаншиносист,   дар байни наврасону ҷавонон оҳиста-оҳиста чун анъана пойдор мегардад. 
Яке аз онҳо таъсиси Рӯзи таъриху ёдбуди ниёгон ва боздид аз ёдгориҳо дар Тоҷикистон мебошад. Албатта, Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳо  ҳаст, ки он ҳар сол, дар ҷумҳурии мо  барои расмият ёдоварӣ мегардаду халос. Бинобар ин, раёсати Ташкилот пешниҳод менамояд, ки беҳтар мебуд дар ҷумҳурӣ Рӯзи таърих, ёдбуди ниёгон ва боздид аз ёдгориҳо» муайян карда, ба расмият дароварда шавад. Ин тадбирест, ки дар баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандории насли наврас ва ҷавонон, умуман аҳли ҷомеа, нақши муҳим бозида метавонад. Мардум туфайли ин тадбир ҳам аз таърихи ёдгориҳо хабардор мешуду ҳам мавзеи онро, ақаллан, соле як бор тозаю озода намуда, барои ҳифзи онҳо чораҳо меандешид. Дар он сурат ғосибону манфиатҷӯён замини ҳудуди ёдгориҳоро, мисли ёдгории таърихии Ғаравқалъаи Ёвон,  ба гӯристону подаҷой ва мавзеи киштукор табдил дода наметавонистанд. Ҳол он ки дар ин хусус зиёд гуфтему навиштем, ба ҳукумати ноҳия борҳо муроҷиат намудем, вале дар ҳудуди ягона ёдгории таърихии бамеросмонда ҳанӯз ҳам, вазъият ҳамон асту ҳамон. Ана, бо ҳамин услубу бо чунин масъулияту муносибат ба мероси аҷдодӣ, имрӯз дар ноҳияи Ёвон аз 28 ёдгории таърихӣ танҳо як Ғаравқалъа боқӣ мондаасту он ҳам ҳоли зоре дорад.
Бояд гуфт, ки дар аксари шуъбаҳою бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо нозирони  ҳифзи ёдгориҳо таъин  гардидаанд. Чанд сол аст, ки гурӯҳи кории ташкилоти мо бо се раиси ноҳияи Ёвон вохӯрдаю оид ба беҳбуд бахшидан ба ҳолати ёдгориҳои ноҳия, аз ҷумла ёдгории нодири таърихии Ғаравқалъа суҳбатҳои муфассал дошт. Раисон ваъдаҳои хаттию шифоӣ доданд, ки дар замини ин ёдгорӣ минбаьд киштукорро манъ мекунанду ба деҳқони иҷоракор дар дигар ҷо замин медиҳанд. Тавре фаъолони мо аз деҳаи Ғарав хабар доданд, ҳамоно киштукор давом дораду ваъдаҳо амалӣ нашудаанд. Ҳанӯз ҳам, дар он, ҳатто овеза нест. Дар ҳамвории болои ёдгорӣ чун солҳои қаблӣ гандум коштаанду баъди дарави он мавзеи ёдгорӣ ба сорагоҳи чарогоҳи деҳа табдил ёфтааст. Бар хилофи ваъдаҳои раисони ноҳия атрофи ёдгорӣ панҷарабандӣ ё бо симтӯр иҳота нашудааст. 
Мисоли дигар, ду сол аст, ки кадоме аз бошандагони шаҳри Турсунзода замини ёдгории Мингтӯпхонаро, ки масоҳаташ 150  бар 100 метр буда, ба феҳристи ёдгориҳо низ, шомил аст, тасарруф намуда, хонаи истиқоматӣ сохтааст. Вале гӯё ҳеч гапе нашуда бошад, ҳама ташкилотҳои дахлдору мақомоти маҳаллӣ хомӯширо авло донистаанд. 
Оре, чунин аст муносибат ба мероси ниёгон дар қисме аз манотиқи ҷумҳурӣ. Мо дар хусуси ҳифзи ёдгориҳо, қисман несту нобудшавии онҳо солҳост, ки мегӯем, ба роҳбарони мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо мактубҳо мефиристему тавассути телефон суҳбат мекунем. Албатта, пешравиҳо ҳастанд, вале ҳолати ба нестӣ рафтани ёдгориҳо низ, кам нестанд. 

Мурод ЁРОВ, 
раиси Ташкилоти ҷамъиятии 
«Ҳифзи ёдгориҳои таъриху
фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи нашр: 19.04.2023 №: 81-82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив