ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ-ҚУЛМА.  АВҶИ СОХТМОН ДАР ҚИТЪАИ МУШКИЛТАРИНИ ШОҲРОҲ

ДУШАНБЕ-ҚУЛМА.  АВҶИ СОХТМОН ДАР ҚИТЪАИ МУШКИЛТАРИНИ ШОҲРОҲ

19 апрел 2023, Чоршанбе
38
0

 
Бунёди роҳу пул ва тавассути он таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинони мамлакат аз ҳадафҳои меҳварӣ маҳсуб гардида, дар ин самт дар кишвар тадбирҳои бузурги ободонӣ анҷом дода мешаванд.

Бо назардошти афзалияти соҳа дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ояндаи боз ҳам дурахшон чунин ироа намудаанд: “Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.
Ҷиҳати идомаи корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар дар соли 2022 татбиқи 3 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) ва роҳи мошингарди Душанбе – Қулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) оғоз гардид”.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар 93-километрии қитъаи шоҳроҳ душвортаринаш минтақаи “Даштак” мебошад. Бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи  қариб 40-километраи масири Даҳанаи оби Пшихарв – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон бо муҳандис, резиденти татбиқи лоиҳа дар мавзеъҳои 4 ва 5 Муҳаммадҷон Ширинҷонов ҳамсуҳбат гардидем. Роҳсози пуртаҷриба ва пухтакор иброз дошт, ки фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикисон ва ҳамоҳангсози он Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, машваратчии ин тарҳ Корхонаи воҳиди давлатии “ПЛИН” ва пудратчии асосӣ Ширкати “Чайна Роуд”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.
Дар қитъаи шоҳроҳи Даҳанаи оби Пшихарв – сарҳади ноҳияи Рӯшон низ, дар баробари  қисмати бештар аз 11-километраи ин мавзеъ – Курговад  хавфноктарин  ва душворгузартарин гардишгоҳҳо, кӯталҳо ва, инчунин, оврингҳои  Сари сағочо, Кӯчаи рангун, Таги Пошхарв, Чапарако, Тӯғак, Гирдоби Маҳмуд,  Каведа, Лугад ва Хехак  воқеъ гардидаанд. Ба замми ҳамаи ин, кӯҳҳои фарсуда, пуштаҳои серсангу реге ҷойгузинанд, ки шабу рӯз бо андак тундбодҳо сангрезаҳо ва кӯҳпораҳои фарсуда низ,  ба хамгашти роҳҳо мунтазам  мерезанд. 
Моҳҳои ноябр, декабр ва январ бо мушкилоти  камтар пушти сар шуданд, вале  13-19 феврал дар саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мисли дигар музофотҳои кӯҳистони кишвар барфи бисёре борид, ки аз меъёр бештар  буд. Дар ин минтақаи шоҳроҳ низ, тармаҳои зиёде аз дара ва пуштакӯҳҳо фаромад. Дар баъзе ҷойҳо тармафароӣ аз 3 то 7 маротиба ба мушоҳида расид, ки баландиашон  6-8  ва то 10  метр  буда, ҳаракати нақлиёти автомобилиро ба дарозии 150-200 метр банд мекард. Ҳамчунин, сангу кӯҳпораҳои азим ба хамгашти роҳҳо меафтиданд. Чунин “эҷодкори”-и  табиати кӯҳистон  боис мегардид, ки роҳсозони ширкати чинӣ кори асосии худро муваққатан монда, ба кумаки коргарони Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Қалъаихумби ноҳияҳои Дарвоз ва идораи роҳдории ноҳияи Ванҷ мешитофтанд. Дар ин маврид адибе хуб гуфтааст, “Гаҳе борону гоҳе санг борад, Чи чархишҳо, ки дар чархи барин аст”. Ҳоло ҳам фаромадини сангу лағжиши кӯҳпораҳо ҳамарӯза дар  роҳи татбиқи лоиҳаи шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб-Қулма дар моҳи апрел низ, ки мавсими авҷи боронгариҳои айёми баҳорон мебошад, идома дорад.

 
Муҳаммадҷон Ширинҷонов иброз дошт, ки дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ дар доираи лоиҳа корҳои заминӣ ба андозаи 3 500 000 мукааб метр, бунёди 6 пули мошингузар, 1 адад вядук, 3 долони зидди офатҳои табиӣ, 1246, 08 метр деворҳои ҳимоявӣ, 66 лӯлаи обгузар, дар 13 мавзеъ новаҳои кушодаи селу обпарто сохта мешаванд. Ин қитъаи шоҳроҳ аз ҳудуди бештар аз даҳҳо деҳаҳои Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, аз ҷумла  аз қисмати мавзеъҳои 4 ва  5-и қаламрави ҷамоатҳои деҳоти Вотхуди ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев ва Язгулом, мегузарад. Чароғонкунии деҳаҳо ва маконҳои нави аҳолинишинро Ширкати чинии зерпудратчии “Синзиан Бейсинг” ва дигар иҷрои  корҳои сохтмониро ба зимма гирифтааст. Қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон ҷавобгӯ ба меъёрҳои  дараҷаи 3-юми техникӣ сохта шуда,  паҳноии он  12 ва қисмати нақлиётгузар 7 метрро ташкил менамояд. Канораҳои шоҳроҳ 2,5 метр буда, ба талаботи роҳсозии  байналхалқӣ  ҷавобгӯ аст.  
Имрӯзҳо корҳои хокканӣ, тоза кардани қабати болоии роҳ, кашондан ва захира кардани мумфарши қаблии роҳ ва коркарди ҷинсҳои кӯҳии ҷудогона бомаром идома доранд. Бо мақсади  назорати рафти сохтмон аз ҷониби  КВД “ПЛИН” 5 нафар муҳандиси машваратчӣ ва 4 нафар корманди ёрирасон фаъолияти бомаром доранд. Дар маҷмуъ, дар қитъаи 4 ва 5-и масири  39,4-километраи  мавзеи Даҳанаи оби Пшихарв – сарҳади ноҳияи Рӯшон қариб 70 нафар  корманд фаъолият дорад, ки 20 нафарашон мутахассисони хориҷӣ ва 50 нафараи дигар сокинони маҳаллӣ мебошанд. Дар ин қитъаи шоҳроҳ 70 адад техникаю механизмҳо ва дар маҷмуъ, дар шоҳроҳи 93-километраи сохташаванда зиёда аз 170 адад техникаи тавоно сафарбар шудааст.
Муҳаммадҷон Ширинҷонов зикр намуд, ки  бо дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардидани сохтмони қитъаи роҳи 93-километраи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшони шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе – Хоруғ– Мурғоб – Қулма боиси хушнудии кулли сокинони шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардида, дар қисмати шоҳроҳ даҳҳо пулҳо, долонҳо ва, инчунин, нақбҳои мошингузар аз рӯи лоиҳа ба нақша гирифта шудаанд. Дар нақби нақлиётгузари Кеврон – Ҷорф ва Кӯрқурумбҳои Тоғмай – дашти Пӯшинги деҳаи Курговад корҳои сохтмонӣ хуб  ҷараён доранд. Бо бунёди ин нақбҳо ба роҳи сергардиш ва оврингҳои хавфноки қариб 20 - километраи мавзеъҳои Содроғ – Марғзори Ҷорф – Кеврон ва 12-километраи миёни деҳаҳои Курговад – Тоғмай  хотима дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим  чанд маротиба аз қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон, пеш аз ҳама, минтақаи мушкилтарини он Даштак дидан намуд. Ба роҳбарияти лоиҳа ва мутахассисон дастуру супоришҳои ироа намудаи Роҳбари давлатро тазаккур дод: «Дар дунё коре нест, ки он ба ҷо оварда нашавад». Ин қитъаи роҳи каҷукилеб ва пургардишу дорои чандин оврингҳои мушкилгузари масири Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон бо номи Даштак низ, албатта, азнавсозиву таҷдид мегардад ва ба шоҳроҳи ҳозиразамон мубадал мешавад.
Сокинони вилоят ба маҳорати кордонӣ, ташаббускорӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносии сарварон ва мутахассисони Ширкати роҳу пулсозии «Чайна Роуд»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва роҳсозони тоҷик қоиланд. Бовар доранд, ки роҳсозони кишвари ба мо дӯст дар ҳамдастӣ аз уҳдаи ин вазифаи душвор бо сарбаландӣ мебароянд. Ба қавли Ҳофизи забардаст; «Оре ба иттиҳод ҷаҳон метавон гирифт». Дар муҳлати муайяншуда ба мисли қисмати 160-километраи қитъаи шоҳроҳи Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин – Зиғар – Дашти Ёгед – Қалъаихумб ва нахустин нақби нақлиётгузар дар Бадахшон, «Дарвоз» аз Қалъаихумб то Ванҷу сарҳади ноҳияи Рӯшон чунин шоҳроҳе месозанд, ки ба ҳамаи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ   ҷавобгӯ бошад.
Сокинони деҳаҳои ноҳияҳои  Дарвоз,  Ванҷу  Рӯшон  хушнуданд, ки  бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҳаштод дарсади бунёдкунандагони ин қитъаи роҳро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳад. Ҳоло  бисёр ронандагону экскаваторчиён ва автогрейдеру булдозерчиён, ки дар кори роҳсозӣ таҷрибаи кофӣ пайдо кардаанд, дар бунёди ин қитъаи шоҳроҳ фаъолияти густурда доранд.
Имрӯзҳо даҳҳо нафар ҷавонони деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Қалъаихумб, Вишхарв, Вотхуд, ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев, Ҷовидон, Язгулом  ва ба номи Муъминшоҳ Абдулвосиеви ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон дар ин қисмати шоҳроҳ пурмаҳсул кор мекунанд. Ҳар як  ронанда, механизатор ва коргари одӣ  аз  2500 то 3000 сомонӣ  маош гирифта, бо либоси корӣ ва хӯроки гарм низ, таъминанд, – мегӯяд, намояндаи масъули Вазорати нақлиёти кишвар Муҳаммадҷон Ширинҷонов. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор

Санаи нашр: 19.04.2023 №: 81-82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив