ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГИРОМИДОШТИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД

ГИРОМИДОШТИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД

20 апрел 2023, Панҷшанбе
45
0


Дар шаҳру вилоятҳои гуногуни Ӯзбекистон бахшида ба 145-солагии  Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ маҳфилу чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд. Яке аз чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар Осорхонаи устод, воқеъ дар шаҳри Самарқанд, баргузор гардид. Дар он намояндагони аҳли адабу фарҳанг, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва шогирдони муассисаҳои таълимӣ ширкат доштанд.
Қабл аз баргузории чорабинӣ ба Осорхонаи устод Айнӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ташриф овард, ки барои ширкат дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва нишасти навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба Самарқанд омадааст. Ҳузури сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва суханронии ӯ ба ин маҳфили гиромидошт шукӯҳи тоза бахшид. 
 Қобил ба ёдоварист, ки  19-уми майи соли 1967 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шафати майдони Регистони шаҳри Самарқанд Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ ташкил шуд. Он дар ҳавлие ҷойгир аст, ки  солҳои 1923 – 1954 устод Айнӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст. Имрӯзҳо маҳз аз ин осорхонаи устод, ки маскани зиёратгоҳ ва қадршиносӣ мебошад, одамони касбу кори гуногун дидан мекунанд ва бо ҳаёту фаъолияти вай ошно мешаванд.
– Чорабинӣ басо хубу хотирмон гузашт. Аҳли адабу фарҳанг аз паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти устоди бузургвор ёдоварӣ карданд ва нақши вайро дар адабиёти муосири тоҷик ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он хеле муҳим арзёбӣ карданд. 
Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавриди абадӣ гардондани хотираи устод Айнӣ ҳамеша ғамхорӣ менамояд. Садриддин Айнӣ дар Ӯзбекистон бо ордени “Барои хидматҳои бузург” сарфароз гардонда шудааст. Ҳоло осорхонае, ки дар Самарқанд воқеъ аст, сол ба сол бо маводи бештар ғанӣ мегардад, – гуфт  Абдуҷаббор Раҳмонзода. Вай афзуд, ки сафорати Тоҷикистон барои ғанӣ гардондани хазинаи осорхонаи устод Айнӣ, воқеъ дар ноҳияи Ғиждувон, бо китобҳои тозанашри тоҷикӣ 90 нусха китобҳои гуногунжанрро тақдим намудем. Ин китобҳоро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст.    
– Гиромидошт ва арҷу эҳтиром ба устод Садриддин Айнӣ барои ҳар фарди фарҳангии миллати мо ҳам қарзу ҳам фарз аст. Дар рӯзномаи мо роҷеъ ба паҳлуҳои гуногун ва басо ҳикматомези устод Айнӣ маводи зиёд ба табъ мерасад. Дар ин шабу рӯз кормандони рӯзнома сертараддуд ҳастанд, зеро дар ташкилоту муассисаҳои гуногуни шаҳри Самарқанд ва соири минтақаҳои вилоят бахшида ба 145-солагии устод чорабиниву маҳфилҳои зиёде роҳандозӣ мешаванд. Инъикоси он дар саҳифаҳои “Овози Самарқанд” сари вақт анҷом мепазирад, – мегӯяд сардабири он Баҳодур Раҳмонзода.
 Дар чорабинии мазкур доктори илмҳои филология Аслиддин Қамарзода ва Ҷумъа Ҳамроҳ, адабиётшинос Амина Шарофиддинова, адибон Дилшода Фарҳодзод, Нормурод Каримзода ва Бахтиёри Ҷумъа, журналист Холида Аҳророва ва як қатор чеҳраҳои фарҳангии Самарқанд иштирок карданд. 

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.04.2023 №: 83
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив