ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОСИЁИ МАРКАЗӢ. ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ ОИНИ ҲАМСОЯДОРИРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

ОСИЁИ МАРКАЗӢ. ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ ОИНИ ҲАМСОЯДОРИРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

24 апрел 2023, Душанбе
31
0


Дар шаҳри Тошкент таҳти унвони «Дипломатияи мардумӣ – омили муҳими таҳкими сулҳ, дӯстӣ ва ҳамсоядории нек дар Осиёи Марказӣ» конфронси минтақавӣ баргузор гардид. Ин конфронс бо ибтикори Маркази дипломатияи мардумии Созмони ҳамкории Шанхай дар Ӯзбекистон, Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ (IICA) ва намояндагии Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шуд.
Дар кори конфронс мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Сафарамин Сафарзода,  муовини ректор оид ба илми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамалишо Карамалишоев ва иҷрокунандаи вазифаи муовини мудири Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Ҷамшед Тошев  ширкат намуданд. 
– Ташкили чунин конфронс дар шароити душвори имрӯза имкон ва майдонест барои гуфтугӯҳо, ибрози ақида, ки масъалаҳои рушду таҳкими равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ бар асоси принсипҳои дӯстӣ, манфиатҳои мутақобила ва ҳамсоядории некро дар миён гузоштаву бо назардошти манфиатҳои тарафайн ҳаллу фасл кунад, – изҳор намуд директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон Қобилҷон Собиров. 
Дар конфронс таъкид гардид, ки яке аз ҳадафҳои муҳими мардуми Осиёи Марказӣ ноил шудан ба амнияту суботи минтақавӣ аст. Роҳандозии вохӯриҳои машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз зумраи талошҳоест, ки барои расидагӣ ба ин мақсадҳои наҷиб муосидат менамояд.
Дар ҷараёни кори конфронс изҳори қаноатмандӣ шуд, ки тайи солҳои охир дар Осиёи Марказӣ дигаргуниҳои ҳаётан муҳим ба вуқуъ мепайванданд, ки барои эҷоди фазои комилан нави сиёсӣ дар минтақа замина фароҳам месозанд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонае, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш гирифтаанд, дар соҳаи амният ва суботи минтақа хеле пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд. Имрӯз кишварҳои минтақа ба ҳар гуна чолишҳои беруна беш аз пеш дар иттиҳод бархурд намуда, кӯшишҳои худро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту логистика ва фарҳангу гуманитарӣ ба таври муассир равона месозанд.
– Осиёи Марказӣ бузургтарин арбобони илму фарҳанг, адабиёт ва санъатро офаридааст, ки саҳмашон дар тамаддуни ҷаҳонӣ бебаҳост.  Солҳои охир ҳамкории кишварҳои минтақа дар чаҳорчӯби ЮНЕСКО фаъолона инкишоф ёфта истодааст. Теъдоди қобили мулоҳизаи ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО маҳз дар Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, ифтихори тамаддуни башарӣ мебошанд.
Сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мисоли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳдорӣ ва рушди муколамаи байнифарҳангӣ, ҳифз ва густариши гуногунии фарҳангҳо ва таҳаммулпазирии байни миллатҳо дар минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Анъанаҳои баргузории ҷашнвораҳо ва форумҳои фарҳангӣ тавсеа меёбанд, – гуфт Карамалишо Карамалишоев.
Дар конфронс намояндагони ҳамаи кишварҳои минтақа баромад намуда, доир ба роҳҳои вусъат бахшидани дипломатияи мардумӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими сулҳ, дӯстӣ ва ҳамсоядории нек дар Осиёи Марказӣ фикру ақидаҳои ҷолиб баён намуданд.

Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошкент, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.04.2023 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив